Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки директори Маркази мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Бегматов С., ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дадаев А., ҳунарпешаи ансамбли “Шашмақом”-и ба номи Юнус Раҷабӣ Юнусов С., мутриб, доиранавоз Қодиров Ғ. устодон, докторантҳо, магистрҳо ва донишҷӯёни муассиса ба хотири табодули таҷриба ва сайқал додани ҳунарҳои сарояндагиву навозандагии суннатӣ дарси маҳорат баргузор гардид.

            Дарси маҳоратро муовини ректори донишкада оид ба корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Хайруллозода Баҳрулло ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдоронро ба донишкада хайрамақдам гуфт.

   Сипас, директори Маркази мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессор Бегматов С. оид ба робитаҳои фарҳангии ду кишвар ибрози ақида намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки таҳкими ҳамкориҳои неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз саъю талош ва ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифтаанд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, 9 марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 17 августи соли 2018, ба таҳкими равобити ҳасана ва ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар такони ҷиддӣ бахшиданд.

  Дар доираи баргузории дарси маҳорат аз тарафи меҳмонон ва устодону донишҷӯёни муассиса барномаи ҳунарӣ пешкаши иштирокдорон гардид, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои муштараки самаранок дар самти санъати мусиқии миллии суннатӣ, хусусан Шашмақом нақши муҳим мебозад.

   Баъд аз барномаи ҳунарӣ байни меҳмонон, устодону донишҷӯён ва иштирокдорон табодули афкор ба миён омад. Зикр гардид, ки ташкили дарсҳои устоду шогирд, баргузории консертҳои алоҳида ва муштарак бахшида ба мусиқиҳои гуногуни классикӣ бо иштироки машшоқони бомаҳорат ва сарояндагони анъанавӣ, ансамблҳои мақомхонҳо, устодони маъруфи санъати мақом ва композиторони шакли анъанавии ҳарду ҷониб ба мақсад мувофиқ буда, ба рушди санъати мусиқии миллии суннатӣ саҳми бориз мегузоранд.

Синои АБУАЛӢ