Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Эҳёи миллат — бақои давлат»

Рисолаи илмӣ-оммавии Саймумин Ятимов — «Эҳёи миллат-бақои давлат» як таҳқиқи хеле муҳимми давлатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ аст, ки дар қолаби илмӣ-оммавӣ навишта шудааст. Қолаби илмӣ-оммавӣ будан ба он маъно, ки дар он иқтибосҳои илмӣ нисбатан камтар (нисбат ба дигар асарҳои муаллиф) ва забон хусусияти илмӣ не, балки шеваи гуфтугӯи адабии тоҷикиро дорад. Пас ин асар танҳо барои доираи илмӣ не, балки ба аҳли ҷомеа навишта шудааст ва ба фаҳми миллионҳо тоҷикони Тоҷикистон ва ҳамзабонҳои дигарамон, ки хати моро хонда метавонанд, наздик ва фаҳмо мебошад. Ин асар, махсусан, ба дарки мубаллиғони сиёсӣ, кормандони масъули соҳаи идеологӣ, муаллимони ихтисосҳои гуманитарӣ ва донишҷӯёни ҳамаи мактабҳои олӣ мувофиқ мебошад. Маврид аст, таъкид намоям, ки муаллиф ба мақсади хеш ноил гаштааст. Муаллиф бо таъкиди он ки «зуҳури инсон дар табиат падидаи фавқулода ва истисноист» ба ин ҳодиса аз нуқтаи назари материализми илмӣ наздик шуда, андешаеро зикр менамояд, ки «он натиҷаи мураккабтарин ҷараёнҳои диалектикиест, ки ҳамчун маҳсули ҳазорсолаҳо дар шакли имрӯза муаррифӣ мегарданд». Ин навъ муносибат дар мавриди таърихи инсоният ниҳоят муҳим аст, зеро дар замони гузар аз идеологияи коммунистӣ ба идеологияи нав олимоне ва ҳатто гурӯҳҳое ба миён омада истодаанд, ки ба рӯи ҳамаи чизи замони гузашта хати бутлон мекашанд, аз ҷумла, ба масъала ва андешаҳои пешқадам низ. Аз ин неруҳои худхоҳ дар шароити Тоҷикистон — тундравони исломӣ сӯйиистифода менамоянд. Дар шаҳри Душанбе ба миён омадани муҳити нимаисломӣ шояд аз намунаҳо ва нишонаҳои ҳамин андеша бошанд. Соли 2007 ман барои корҳои илмии худ дар Душанбе ва водии Фарғона таҳқиқ гузаронида будам ва он вақт мушоҳида намудам, ки 10-15 фоизи ҷавонони Душанбе масҷидраванд. Ҳоло мебинем, мушоҳида мекунем, ки бештар аз нисфи ҷавонон, аз ҷумла, ҳатто муҳассилин намозхону масҷидрав ва духтарону ҷавонзанон ҳам либоси бегонаро чун либоси миллӣ маънидод мекардагӣ шудаанд. Таъкиде, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Тоҷикистон дар остонаи асри ХХI» кардаанд, яъне мо таърихи гузаштаи худро эҳтиром мекунем, вале ба зиндагии асримиёнагӣ барнамегардем, мутаассифона, ҳатто ба гӯши иддае аз зиёиёни хидмати давлатӣ надаромадааст.

Фикри дигари олими амиқбин С. Ятимов «Таърихи инсоният, дар маҷмуъ, таърихи сулҳ нест.  Таърихи ҷангу мубориза ва низоъҳо аст, ки ҳамчун шакли сиёсат ҳамсафари ҳаёти одамон мебошад» андешаест, ки натиҷагириаш аз таҳқиқи олимони Шарқу Ғарб аз замони пайдоиши давлат то ба имрӯз бармеояд. Ин ҳақиқати таърихиро мо бояд асло фаромӯш накунем. Зеро асарҳои Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», С. Айнӣ «Маънои калимаи тоҷик», Э. Раҳмон «Аз Ориён то Сомониён»-ро варақ занем, хоҳем дид, ки империяи бузурги халқи тоҷик аз замони Зардушт то ба имрӯз ба чӣ зарбаҳое мувоҷеҳ шуд ва аз он мулки паҳно ба мо имрӯз чӣ монд. Ҳатто дар ҷанги шаҳрвандие, ки дар фароварди замони Шуравӣ ба сари мо оварданд, на танҳо талоши сиёсиву мансабталабӣ буд, балки ниятҳои пора кардану ҳисса гирифтан аз Тоҷикистони лахтшударо дошт. Барои ин дирафшҳои майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ»-ро дар солҳои 1990, 1991, 1992-юм, таронаҳо ва шиорандозиҳои аҳли ин майдонҳоро ёд оред, барои ин буҳрони аввали соли 1996, махсусан, моҳи февралро ба хотир оваред. Гарчи таърих сабақ намедиҳад, аммо фаромӯш кардани он, касро боз ҳам гумроҳтар месозад. Зеро тавре ки С. Ятимов менависад: «мардуми олам бо ҳам танҳо бо забони манфиатҳо» сухан гуфта метавонанду халос. Ва «маҳз аз рӯйи ҳамин «забон», одамон ба гурӯҳҳо, ҳизбҳо, синфҳо, ҳукуматҳо, давлатҳо, ахиран созмонҳо, блокҳо ва гурӯҳи давлатҳо ҷудо мешаванд». Дар ҳақиқат, дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ ва собиқ сотсиалистӣ чунин гурӯҳҳо… созмон ёфта, ба муқобили ҳукуматҳои худ ва қавмҳо, ба муқобили ҳамдигар ба афту дарафт даромаданд…

Профессор C. Ятимов дар танзими ин мавзуъ, мисли баъзеҳо ба ҷомеа не, балки илман ба давлат такя мекунад ва менависад: «Вазифаи асосии давлат таъмин намудани зиндагии осоиштаи ҷомеа дар асоси дифферентсиатсия, тақсимоти салоҳият, таъйини меъёрҳои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад». Ҳамзамон меафзояд: «Истилоҳоти давлат ва истиқлол ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ тавъам ва аз ҳам ҷудонопазир мебошанд.» Ин дар фаҳмиши ман низ ҳақиқат аст. Агар давлат набошад, кӣ ё чӣ истиқлолият мегирад? Давлат набошад, чӣ гуна миллат мешавад? Ба ин маъно унвони китоб ҳам «Эҳё» мантиқӣ мешавад: тоҷикон замоне давлат доштанд, онро аҷнабиҳо ишғол карданд ва ин давлат эҳё гардид. Муаллиф комилан ҳақ аст, зеро вазифаи давлат, аз ҷумла, дар он аст, ки ҳамаи унсурҳои худро дар робита бо ҳам ва яклухт нигоҳ дорад ва агар яке аз онҳо коста шавад, «оқибат худи он чун организми мураккаби ҷомеа рӯ ба шикаст меорад.» Инро Саъдии бузургвор чунин маънидод кардааст:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Муаллифи китоб ҷаҳонбинии мардумро «ҷабҳаи мураккаб, нозук ва осебпазири давлатдорӣ» дониста, меафзояд, ки «ҷаҳонбинии сиёсӣ воситаи дарки ҳақиқати ҳаётии давлатдорӣ, ташаккули муносибати шаҳрванд ба сохти сиёсӣ тавассути арзишҳои бунёдии он, муҳимтарин воситаи ба танзим даровардани муҳтавои алоқамандии давлат ва ҷомеа дар доираи ҳуқуқ ва вазифаҳои якдигар мебошад». Агар мо ин таъкидро аз қолаби назарияи илмӣ берун оварда, дар мисоли зиндагии имрӯза мушоҳида кардан хоҳем, мебинем, ки барои таъмини ин мақсад иҷрои вазифаҳои зиёде меистад. Дар ин росто, координатсияи фаъолияти мақомҳои марбута зарур меояд.

Ҷои дигар муаллифи рисола менависад, ки «Сохти идораи давлати миллӣ, ки маҳз ба хотири он кишвар номниҳод гаштааст, натиҷаи изҳори озоди иродаи халқ эътироф шудааст». Бале, ин басо кори душворе буд, аммо дарки таърихии ин ҳақиқат барои халқи мо печидагиҳои зиёде дорад. Гарчи давлатдории халқи тоҷик таърихи дурударозе-ҳазорсолаҳоро дорад, яъне аз замони Каёниён оғоз меёбад, чун дар номаш на калимаи «тоҷик», бал — суғд, бохтар, ҳайтол, тоҳирӣ, саффорӣ, ғӯрӣ, сомонӣ, номгузорӣ ба номи подшоҳони муғулу турк ва Бухоро, Самарқанд, Туркистон буд, бинобар ин, мухолифин он таърихро ҳамчун таърихи халқи мо эътироф кардан намехостанд, зеро иттиҳом ва муқовиматҳо доштанд. Аммо дар асри ХХ дар сарнавишти халқи тоҷик се воқеаи бузурге ба амал омад: бо ибтикор ва дастгирии олимони рус, аз ҷумла, академик Бартолд, профессорҳо Семёнов ва Андреев соли 1924 аввал рес-публикаи автономӣ, соли 1929 Республикаи советӣ — сотсиалис-тии Тоҷикистон ташкил ёфт, ки роҳбаронаш аз тоҷикон — Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) Ш. Шоҳтемур, А. Муҳиддинов, А. Ҳоҷибоев буданд. Сипас, дар охири солҳои чилум, пас аз нашри асари академик Б. Ғафуров, мулоқоти олим ва роҳбари давлати Тоҷикистон бо Сталин ва сонӣ мулоқоти вай дар Академияи илмҳои ИҶШС бо олимон дар ҳузури котиби КМ ҲК А. А. Жданов, илми Шуравӣ он ҳақиқати илмиро пурра эътироф намуд, ки аҳолии аслӣ, яъне аборигенҳои Осиёи Миёна халқи эронинажод, яъне тоҷикон мебошанд. Ва ниҳоят, моҳи сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Тоҷикистон эълон шуд. Марҳалаи дувуми он аз моҳи ноябри соли 1992 шуруъ мешавад, ки ба он Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунанд. Ҳамин тавр, давлатдории миллӣ бо номи халқи тоҷик аз соли 1924 оғоз меёбад.

Як масъалаи ҳуқуқиро дар заминаи ин асари хуби илмӣ гуфтан мехоҳам. Гумон мекунам, дар замони мо дар фаҳмиши истилоҳи «миллат» дигаргуние ба амал омад. Агар «халқи тоҷик» ба ҳамаи онҳое, ки забонашон тоҷикист ва дар кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, истифода шавад ва забонашон аз зумраи меъёрҳои муайянкунандаи халқ бошад, пас мафҳуми «миллати тоҷик» фақат ҳамзабонҳоро не, танҳо ҳамватанонро сарфи назар аз забони модариашон дар бар мегирад. Мисоли ин истилоҳҳои «Маҷлиси миллӣ», «Донишгоҳи миллӣ», «Бонки миллӣ», «Суруди миллӣ» аст. Инҳо танҳо аз халқи тоҷик не, аз тамоми тоҷикистониҳо мебошанд. «Таҷрибаи байналхалқӣ ҳам ҳамин хулосаро исбот мекунад», — навиштааст С. Ятимов.

Бинобар ин, олим зикр мекунад, ки «Ҷаҳонбинии миллӣ дар давлати миллӣ ягона мафҳуми заминӣ, воқеӣ, материалӣ ва арзишманд аст. Муҳтавои онро миллат, давлатдории миллӣ ва сиёсати амалӣ дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ муайян мекунанд». Аз ин навиштаҳо ба натиҷае омадан мумкин аст, ки тарбия ва устувор намудани ҷаҳонбинии миллӣ аз муҳимтарин зарурати давлат аст. Ҳоло таваҷҷуҳ намоед, ба он набардҳои хунине, ки ба амал меоянд, яке аз масъалаҳои аслӣ ба хоҳиши худ мувофиқ гардонидани фаҳмиш ва ҷаҳонбинии ҷаҳониён дар мавриди ҳақу ноҳақ дар ин талошҳои хунин аст. Дар ин гуна талошҳо ба гумони ман оне пирӯз мешавад, ки ба факту воқеаҳои дуруст такя намуда, ҷаҳонбиниро сайқал диҳад. Дар зиндагии ҳар миллат ин корро аз рӯзи аввал ва мусалсал татбиқ кардан зарур аст. Зеро ин амал рахнапазир нест. Бинобар ин, ҳатто дар наврасӣ ба андешаи бузургони фарҳанги мо, тарбия муҳим шуморида мешавад: Сино ба волидайни тифли нимсола гуфтааст, ки шумо дар тарбияи кӯдак ним сол дер кардед. Низомӣ ба фарзанди наврасаш хитоб кардааст, ки «Дониш талабу бузургӣ омӯз». Заминаи ҷаҳонбинии миллӣ дар ҳамин аст. Бояд дар назар дошт, ки ин тарбия дар ҳама ҷо сурат мегирад, яъне дар хона, боғча, кӯча (муҳит), мактаб, ҷойи кор ва тамоми умр ва муҳим, донистани он аст, ки дар ин раванд кӣ ва чӣ гуна таъсир расонида метавонад. Ба ифодаи олим Ятимов, «кадом гурӯҳ чӣ гуна арзишҳоро ҳимоя мекунад ва ин арзишҳо манфиати кадом табақа, гурӯҳҳои иҷтимоиро дар назар доранд ва ташвиқу тарғиб менамоянд». Вазифаи давлат ба манфиати худ ва ҷомеа онро бояд танзим ва муҳофизати ҳуқуқиашро таъмин кунад. Он гумон ботил аст, ки ин чиз идеология ё тарғиботи холиси замони коммунистӣ бошад. Масалан, ба гуфти Бзежинский, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои татбиқи сиёсати хориҷии худ ҳамчун жандарми байналхалқӣ амал мекунад, мамлакатҳое, ки пояи давлатдориашон ба арзишҳои динӣ устувор аст, андешаи дунё ва охиратро асоси фаъолият кардаанд, давлатҳое чун Олмон, Фаронса, Белгия ҳамҷинсгароиро пазируфта ва таблиғ мекунанд. Тоҷикистон    худро давлати дунявӣ эълон намуда, ҳамин мақсадро чун ояндаи кишвар шинохтааст.

Дар шарҳи мафҳуми худшиносии миллӣ муаллифи рисола дуруст менависад, ки «худшиносии миллӣ эҳсоси садоқат ба ватани аҷдодӣ ва ҳимоят аз он, тамаддун ва фарҳанги миллӣ, анъана, урфу одат ва расму русуми миллиро ифода мекунад». Аслан, ин шарҳи пурра эҳтиёҷ ба изофатро надорад. Аммо чанд чизро аз хонандагони арҷманд пурсиданиям: оё он маъное, ки иддае аз ҳамдиёрони босаводи мо ҳамчун фарҳанг ва анъанаи миллӣ ифода карданиянд, воқеан ҳам, хоси халқи тоҷик бошад ё моли ба сари мо боркардаи мусулмонони хориҷӣ? Оё тақлид ба либоси ҳамдинҳои дигар дар чорчӯби фаҳмиши ибни Ҳанифа бошад ё бадгӯёни вай? Беҳтар он нест, ки мо дар робитаи иҷтимоиамон «Шумо»-ро ба сифати изҳори эҳтиром ба ҳамсуҳбат нигоҳ дорем ё не? Оё дар ин сурат манфиатҳои миллию иҷтимоии кишвари мо беҳтар ифода намеёбад? Охир ба гувоҳии таърих, аз воқеаҳои «одӣ то мураккаб – кӯшишҳои афрод, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, ҳизбҳо, синфҳо, давлатҳо қатъиян дар доираи манфиат амалӣ карда мешаванд.»

Бароям фаҳмиши ақидаи илмии муаллифи ин мақола фаҳмо ва наздик аст: «доираи фаҳми категорияи манфиат ҳар қадар дур рафтан, фосила гирифтан аз арзишҳои иқтисодӣ, моддӣ, молӣ, материалӣ, заминӣ, ҳамон қадар маънои наздик шудан ба камхирадӣ, таассуб, раҳгумзадагӣ, дурӯғ ва фиребро дорад». Барои фаҳми ин маънӣ, олим маънои мисраъҳои Ҷомиро ба ин маъно иқтибос кардааст: «Аммо «ба нохун роҳ дар хоро буридан, фурӯ рафтан ба оташ-дон нагунсор басе осонтар» аз бозсозӣ ва дигаргун сохтани шуури онҳоест, ки гирифтори ҳамин тарзи ҷаҳонбинии устуравӣ (мифологӣ) ва бедалел ҳастанд.» Ин андеша дар муқобили таблиғгарии онҳоест, ки дониставу надониста кадом як арзиши бегонаро чун арзишҳои миллӣ ва анъанавӣ муаррифӣ кардан мехоҳанд. Албатта, рӯ овардан ба арзишҳои башарӣ, истифода ва худӣ кардани беҳтарини онҳо муҳим аст. Аммо ду чизро ҳамеша ба ёд овардан зарур аст: аввал анъанаи миллии (тоҷикона) худ, сипас замонавӣ кардани он. Он гоҳ шинохтани «ононе, ки мехостанд ва мехоҳанд мардуми мусулмонро як умр ғулом, дастнигар, мутеъ, ҷоҳил, вобаста ва олоти муборизаи худӣ дар муқобили худиҳо, завқманди рехтани хуни якдигар бинанд». Ин сухани ҳақ аст, аммо тамоми фикр нест: дар миёна боз ҳамдигаркушии мусулмонҳо низ вуҷуд дорад. Дар ин маврид робитаи ҳамдигарии мамлакатҳои арабро ба ёд оред, ба Афғонистону Покистон нигаред, дирӯзи худамонро фаромӯш накунед. Ҳамин аст, ки ба ақидаи дурусти С. Ятимов ҳамроҳ мешавам: «дастоварди ниҳоят хатарноки душманони мо иборат аз он аст, ки таассуб, хурофот, фанатизми динӣ – мазҳабӣ, эҳсоси Тоҷик будан, Тоҷикият, эҳтиром, муҳаббат ва садоқатро ба мафҳуми Миллат, Ватан ва Ватандорӣ нобуд месозад». Рости гап, ин ҳолат дар Тоҷикистон дар охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадуми асри ХХ ба амал омад ва мутаассифона, дар ин сӣ сол ҳанӯз натавонистем аз он покиза шавем. Шояд барои ҳамин ҳам ба гуфти муаллифи асар, иддае аз ҳамдинон ва ҳатто ҳамватанони мо зери таъсири ҷангҷӯён мондаанд. Бинобар ин, «ҳамчун лашкари бепул дасти ифротгароён, террористонро аз ҳисоби фарзандони ҳамин миллат, дар муқобили ҳарими муқаддаси бун- ёди давлатсозӣ, давлатдории миллӣ, марзу бум ва суботи он боз мекунад». Ин навъ намунаҳо дар мисолҳои таърихӣ ва давраи муосири воқеии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи он кам нестанд. Бо назардошти ин асл, муаллифи китоб дар назди идораҳои дахлдор масъалагузорӣ карда, иқрор менамояд, ки «дарки манфиат, аз ҷумла, манофеи миллӣ муҳимтарин вазифаи маорифи саросарии кишвар, воситаи моил намудани омма ба арзишҳои тамаддунӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ба ин восита пешгирӣ кардани бархӯрди омма бо хатари эҳтимолии фоҷиаи умумимиллӣ мебошад». Ҳамчунон «фосила гирифтан аз арзишҳои миллӣ, саҷда овардан ба хурофот ва фарҳанги бегона ҳамчун натиҷаи раванди босуръати рӯз то рӯз ифротишавии ҷомеа, ҷилвагар шудани номи намояндагони миллат дар ҳар кунҷу канори дунё дар алоқамандӣ бо кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ обрӯ ва манзалати миллатро дар назди оламиён шадидан коста мегардонад». Дар ин суханҳо сӯзи дили як фарҳангии миллати тоҷик ва эҳтирому эътиқоди вай ба ватани бобоӣ ифода меёбад. Ҳамзамон, ба ин вай масъалагузорӣ дар назди мақомоти марбут аст, ки дар татбиқи гуфтаҳои консептуалии Президенти Тоҷикистон аз рӯи виҷдон, тибқи масъулияти вазифавӣ боз ҳам беҳтар амал кунанд.

Тақрибан 30 сол пеш бо номи «Рисолаи давлат» асаре чоп карда будам ва дар он ба вазифаҳои давлат зимни асарҳои хондаам ишора карда, аз ҷумла, ба мақолаи устод Садриддин Айнӣ «Сайф ва қалам» такя намудам. Дар «Рисолаи давлат» тибқи вазифа ва ҳадафи таҳқиқам ба масъалаи «қалам» зиёдтар таваҷҷуҳ намудам. С. Ятимов тибқи мавзуи интихобнамудааш ба проблемаи «сайф» (хонда шавад-қудрат) бештар диққат додааст ва ин табиист. Зеро вай дар соҳаи қудратии давлат кор мекунад ва онро дар амалия медонад ва ӯ, ки донандаи «Қобуснома» аст, ба ин масъала аз назари илмии тоҷик ва бо шинохти илми аврупоӣ бо назарияи чунин равия наздик омадааст. Воқеан, такяи вай ба андешаи Гегел «таҷриба ва таърих меомӯзад, ки халқҳо ва ҳукуматҳо ягон вақт, ягон чизро аз таърих наомӯхтаанд ва тибқи намунаҳое, ки бояд аз он сабақ мегирифтанд, амал накардаанд», ҷуръати азими илмӣ аст ва натиҷагириаш дар ин бора илмӣ ва воқеитар мебошад. «Дар ҳама давру замон масъулияти таъмини системаи амният ва суботи ҷомеа бар дӯши давлат аст». Ман ин маъноро чунин ифода карда будам: «Давлат дар забони мо ду мафҳумро ифода мекунад: қудрат ва дороӣ. Агар бинанд, ки бедодӣ шуд, паст ё баланд фарёд мезананд — давлат ҳаст ё не, вай ба куҷо менигарад?! Агар бинанд шахсеро, ки танҳо некӣ мекунаду роҳатрасонӣ, аз Худо таманно мекунанду мегӯянд: давлаташ кам нашавад». Яъне ман ҳам дар он мавқеъ ҳастам, ки муаллифи китоб аст. Агар мақомҳои қудратии кишвар ба таври бояду шояд дар чорчӯби салоҳияти худ амал накунанд, ҳоли давлат чӣ мешавад? Агар онҳо татбиқи меъёрҳои конститутсиониро набинанд, амалӣ шудани масъалаҳои муҳимми пешниҳодкардаи Роҳбари дав-

латро ба назорат нагиранд, ё дар татбиқи ин ҳама зиёдаравӣ кунанд, пас, аҳволи давлат ва кишвар чӣ мешуда бошад? Аз таъкиди муаллифи китоб ин маъноҳо пеш меоянд.

С. Ятимов дар ин асари худ ба масъалаҳои назариявӣ ва амалии эҳёи миллӣ муроҷиат намуда, суханро аз он оғоз менамояд, ки: «Аврупо бо ин бузургӣ даврони Эҳёи худро ҳафтсад сол (!) қабл, дар нимаи дуюми асри ХIV оғоз кард». Ман дар ин гуфта як чизро афзуданиям: то он замон онҳо мардуми Осиёи исломиро пешрафтатар медонистанд. Охирин намояндаи илми Аврупо, ки аз фарҳанги Самарқанду Бухоро бо ҳавас сухан рондааст, Марко Поло будааст. Ва олим дуруст суханашро идома медиҳад, ки «Эҳёи миллии Аврупоро сабаб он буд, ки аз замони салтанати Масеҳият – дини насронӣ, наздик ба якуним ҳазор сол мегузашт. Талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум хостори таҳаввулот ва пешравӣ буданд… Аврупо ҳолати рукуд, тангу тори хурофотии асримиёнагиро барои инсонҳо як навъ зиндони яхбастаи иртиҷоии бадбахтиҳои мардумӣ, замони тантанаи ҷаҳолат, нодонӣ ва навъи ваҳшоният номида, ин асрҳоро сифр, танаффуси хафақоновар дар тӯли ҳаёти бебозгашти инсонҳо, инкори зиндагӣ ва ситамгарӣ ном бурданд». Олим дуруст мегӯяд, ки раҳоӣ аз побастагии давлат аз дин боиси эҳёи зиндагӣ ва эҳёи қурати инсонӣ гардид. Дар побастагӣ ба хурофоти динӣ — ҳамаи динҳо ба пешрафти илму фарҳанг имкон надорад, сарнавишти олимони табиатшиноси дунё, аз ҷумла, ибни Синоро ба ёд оред, моҳияти он гуфта маълум мешавад. Даҳ ҳазор бор «не» гӯем ҳам, ҳақиқат дар он аст, «Наврӯз»-ро то асри Х1Х ид намекарданд. Ҳа, деҳқон медонист, шоир месуруд, ин гапи дигар буд. Агар гуфтани «Наврӯз» ҷоиз мебуд, шояд Рӯдакӣ шеърашро «Баҳория» наменомид, шояд дар Балху Бухоро ҷилди 2-и «Гули сурх» пайдо намешуд.

Ман ин чизҳоро барои он менависам, гӯям, ки дар Эрони бузурги таърихӣ — аз Ироқ то Ҳинду Чин иди миллии «Наврӯз», ки решаи зардуштӣ доштааст, дар замони нав ба истилоҳ иди давлатӣ набуда, аммо иди халқӣ ба ҳисоб мерафтааст.

Он андешаи илмии донишманд ба ман ҳам маъқул аст, ки: «Чун олимони Даврони Эҳё аз мардуми ҳушманди замони худ буданд ва масъулияти ба дӯши онҳо гузошташударо хуб эҳсос мекарданд, инқилоби хешро аз ҷодаи илм, маориф, адабиёту санъат, аз «тарҳи нав дарандохтан» дар ҷаҳонбинии мардум оғоз карданд». Ин ҳақиқати маҳз аст. Аслан, кӯҳнаву нав ҳам дар ақида ва ҳам дар амал аз иртиботи олимону адибоне ба ҷаҳонбинӣ вобастагии қавӣ дорад.

Таъкиди зерини муаллифи китоб маро ба кушодани розе, ки шояд дар дили бисёре аз зиёиёни имрӯзаи тоҷик бошад, во медорад: «бо гузашти солҳо, олимони машҳури асрҳои XVIII-XIX-и Аврупо хизматҳои ҳаётбахш ва таърихии зиёиён, баёнгарони азамати руҳ ва халлоқияти тавонои Даврони Эҳёро бо ба хотири эҳёгарони аввалу сипоси зиёд ёдовар шуда, гаштаву баргашта таъкид намуданд: «Дар назди Ғарби ба шигифтафтода, ҷаҳони нав кушода шуд – Юнони Қадим. Дар пеши образҳои шуълапоши он арвоҳҳои асримиёнагӣ аз байн рафтанд. Гӯё ки аз нав сайёраи Замин кашф шуда бошад.» Мо чӣ, насли нави халқи қадимаи Осиёи Миёна, барои сипоси хотираи поки эҳёгарони аввал аз Аҳмади Донишу Саидризо Ализода, то эҳёгарони охир, ки аз дигаргунии сиёсии аввали солҳои навадуми асри гузашта шинохта шуда буданд, ҳар кори аз дастамон меомадаро кардем ё олимону адибон, журналистону санъаткорон ва мансабдорон (хонда шавад, зиёиёни имрӯза) ба кадом як талошҳои фардиву гурӯҳӣ бандем? Номҳои шаш нафар шахсияти машҳури асри ХХ-ро шукр Фармони Президенту қарори Маҷлиси Олӣ абадӣ кардааст. Аммо имрӯз чанд бор номи неки Лоҳутиву Икромӣ, Раҳим Ҷалилу Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзодаву Саидалӣ Вализода, Ҳикмат Ризову Акашариф Ҷӯраев, Муҳаммад Осимиву Аловиддин Баҳоваддинов, Муҳаммадҷон Қосимову София Тӯйбоева, Малика Собироваю Барно Исҳоқова, Тоҳир Собирову Марат Орифовро мешунавем? Чанд фоизи насли ҷавон номи онҳоро чун ифтихори миллат мешинохта бошад? Гузаштаи миллатамонро мо нашиносем, касу мамлакати дигаре намешиносад. Агар адабиёт ва илму санъати мо воқеан намояндагони бузург дошта бошанд, он бузургон шинохта мешаванд ва номашон аз забон намеафтад. Тавре ки гуфтаанд: бузургонро бузургон зинда медоранд.

Муаллифи рисолаи «Эҳёи миллат-бақои давлат»  дар бораи замони эҳёи Аврупо — раҳоии давлат аз таъсири дин сухан ронда, чанд мавзуи муҳимро таъкид менамояд: «яке аз масъалаҳои марказии Даврони Эҳё азнавсозӣ ва ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ гардонидани таъйинот, назария ва  амалияи   дин   буд. Ташаббускорони ҳаракат муътақид буданд, ки бидуни мутобиқкунонии таълимот, ташвиқот ва таҷрибаи кори ходимони дин, фаъолияти калисоҳо ба мақсадҳои истиқлоли миллӣ эҳёи миллӣ ва рушду тараққии он ҳамчун  зуҳуроти   ормонӣ ва шиори хушку холӣ боқӣ хоҳад монд». Дар татбиқи ин мақсад, аз ҷумла, ҳарчӣ тезтар ба забонҳои муосир, аз ҷумла, олмонӣ тарҷума кардани онро зарур донистаанд. Хулосабардорӣ карданд, ки муддати садсолаҳо муллоҳои манфиатҷӯ ба Инҷил ва дигар адабиёти тафсирии он нуктаҳоеро худсарона илова кардаанд, ки танҳо ба манфиат ва манзалати шахсии табақаи руҳонӣ хидмат мекунанд. Муҳаққиқ эътимодона зикр мекунад, ки: «Фаъолияти калисоро ба шароити талаботи Даврони Эҳё мувофиқ гардониданд. Аз манфиатҳои миллии худ қотеона ҳимоя намуданд. Нуктае, ки таваҷҷуҳи ходимони динии баномуси асримиёнагиро ба худ ҷалб кард, эҳёи ғурури миллии онҳо дар муқобили бегонагон, урфу одати ба таърихи миллати эшон носозгор ва принсипи иҷбории саҷда овардан ба забон ва расму русуми миллии аҷнабиён буд». Ин натиҷагирии муҳаққиқ аз илму амалияи ҷаҳони дуруст будани муносибати сиёсии давлатамонро дар ин роҳ нишон медиҳад. Аммо сахт гарм шудани бозори ҳаҷҷу зиёрат ва таърифу тавсифи он кадом як номувофиқиро дар ин амаламон бозгӯ менамояд. Ман бисёр мешунавам дар дохили мошинҳои ҷамъиятӣ онро, ки фалонӣ ин дафъа барои аз Худованд талабидани авфи гуноҳи бобою бибиаш рафтааст. Ман Қуръонро хондаам ва фаҳмиши ман он аст, ки дар назди Худо ҳар кас худаш ба гуноҳаш ҷавоб мегӯяд. Дар он ҷо боз мешунавам, ки бо ифтихор мегӯянд «духтари хоҳарам ба фалони зани дуввум шуд» Конститутсия ба ёдам меояд ва ғайра. Ин амалу суханҳо дар назарам нописандӣ ба давлатдории мо барин менамояд.

Муҳаққиқи варзида С. Ятимов муътақид аст, ки даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид ва «Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ, бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд.» Бо зикри як силсила корҳои анҷомгирифтаи солҳои охир муаллиф натиҷагирӣ мекунад: «Пешвои муаззами миллати тоҷик худро ҳамчун эҳёгари анъана, суннат ва азамати ниёкон, эҳёгари маънавиёти Зардушт, Курушу Доро, раҳбари забардаст, масъулиятшинос ва худогоҳ, бунёдгузори таърихи навини миллати тоҷик муаррифӣ намуд ва мардумро ба истифода аз ин ганҷи бепоён, санадҳои худшиносиву меҳанпарастӣ, истиқ-лолхоҳиву меҳанпарастӣ даъват кард». Муаллифи китоб дар ин замина дар муроҷиат ба хонандагонаш менависад: «ҳамватанони мо, ки ҳазор сол азияти бедавлатӣ ва ғуломиро кашидаанд, зарурати ҳаётӣ аст, ҳама сар ба сар эҳсоси масъулияти миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ намоянд. Аз ҷаҳолати рӯ ба афзоиши оммавӣ худдорӣ кунанд.»

Муаллиф ҷасурона аз гуфтани он ҳақиқат худдорӣ намекунад, ки «аммо боиси афсӯс аст, ки дар ҳоли ҳозир, тамоюл ба таассубу хурофот ва дар ин асос зиёдаравӣ, гаравидан ба ҷараёнҳои динии ифротӣ, беэътиноӣ ба раванди ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар даҳсолаҳо қафо мондааст.  Ин ҷараён хилофи ояндаи босуботи давлатдории миллӣ мебошад.» Ӯ ҳамчун арбоби давлатӣ ба натиҷаи дурусти илмӣ меояд, ки «бо изҳори таассуф таъкид бояд кард, ки раванди амалисозӣ гаштани ташаббуси таърихии Даврони Эҳёи миллати тоҷик хосияти зоҳирпарастона ва ҳисоботдиҳӣ касб кард. Дар мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории миллӣ ва шикасти руҳияи саҷдагорӣ ба фарҳанги бегонагон, раванди таассуб, хурофот, ки асоси маънавиёти ифротгароӣ ва терроризм мебошанд, ҳамчун амали муассир ба майдони набарди воқеӣ  ворид  гашта  натавонист.»

Албатта, давлат ва ҳукумат дар ин бобат корҳои зиёдеро анҷом додааст, аммо ҳаёт, зиндагӣ организми зиндаи сиёсӣ аст ва он бознигариҳоро мехоҳад. Гумон мекунам, дар партави ин хулоса шояд дигаргунӣ дар сис-темаи таълиму тарбияи умумӣ ва роҳнамоии идеологӣ ё соҳаҳои дигари маърифат зоҳир гардад. Муаллифи китоб дар ин маврид ба нақши зиёиён низ таваҷҷуҳи хоса дорад. Зеро маҳз онҳо бештар ва муваффақтар метавонанд «мардуми одиро муътақид сохтан, ки ягона роҳи халосӣ аз… ақибмондагӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ – қадимӣ аст, на он чизе, ки бегонагон ба сари онҳо бор кардаанд.»

Ин чанд нуктаро, ки дар рисолаи С. Ятимов омадааст, ҳамчун натиҷагирӣ ва пешниҳоди илмӣ шинохтан мумкин аст:

— миллати тоҷик дар шароити навини таърихӣ, бо таҷрибаи шашҳазорсола, барои муваффақона паси сар кардани Даврони Эҳё, ки оғози он эълом гардид, тамоми шароит – решаҳои тамаддунӣ, бунёди қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ақлонӣ ва генетикиро дорад. Фақат онро роҳандозии ҳарчи зудтар ва роҳнамоии тахассусмандона бояд.

— маҳз тарзи тафаккури хурофотӣ, таассубгароёна пайравии номусолиҳатомез ба ҳар гуна ҷараёнҳои динӣ, мазҳабӣ ва фанатизм мардумро ба ифроту тафрит мебарад. Ба ҳамин хотир, мундариҷа ва муҳтавои ҷаҳонбинии мардумро чун масъалаи калидии Эҳёи ҷомеа интихоб намуданд.

— қувваҳои ҳаракатдиҳандаи Даврони Эҳёи Аврупо бузургтарин олимон, хирадмандон, суханварон, донишмандон, рассомон, меъморон, муборизон, фидоиёни ватан ва миллати худ буданд.

Ман ба гуфтаи охир афзудан мехоҳам, ки ин гурӯҳи равшанфикрони тоҷик аз уҳдаи ин кор мебароянд.

Иброҳим Усмон, 

публитсист

Бознашр аз рӯзномаи «Омӯзгор», 40 (12421), 05.10.2023