Дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҷавонон, бавижа фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, нуктаҳои муҳим ироа мешаванд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон низ ба масъалаи ҷавонон рӯ оварда, зикр карданд, ки “Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст”.

     Воқеан, Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад.

    Мо-ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони истиқлол аз муҳаббату самимияти беандозаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон-Тоҷикистони маҳбуб то абад боқӣ мемонем. Аз ғамхориву дастгириҳои навбатии Президенти мамлакат миннатдорем ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назарраси худро гузорем.

    Мусаллам аст, ки пас аз касби Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат ба соҳаи маориф диққати махсус дода, дар ин замина дар саросари кишвар биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ, толорҳои замонавии варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд, ки гувоҳи ин ѓамхориҳо мебошад.

    Албатта, нақши мо-ҷавонони хуштолеи Ватан дар бунёди як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона бояд хеле назаррас бошад. Пас ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дониши худро мукаммал намуда, барои ободии ин Ватан пайваста саъю талош намояд.Чуноне ки қайд намудем, имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои инкишофи озодонаи ҷавонон ҳамаи шароитҳоро муҳайё сохтааст. Вақеан, имрӯз ҷавонони мо имкониятҳои васеъ доранд, ки чи дар хориҷ ва чи дар дохили кишвар таҳсили илм намуда, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро аз бар намоянд ва фаъолияти самараноки илмиву эҷодии худро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии  мамлакат пеш баранд.

   Бояд гуфт, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои зиёде андешида шуда, тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст. Дар ин самт дар донишкада, тибқи барномаи вижаи тарбиявӣ, тадбирҳои зиёде амалӣ гардидаанд.

   Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ  Муҳриддин Зайниддин тақрибан ҳар моҳ як ва ё ду маротиба дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Дар ҳар чорабиние, ки дар донишкада баргузор мегардад, аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам     Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон ёдовар мешаванд. Ба гуфтаи Сарвари давлат: «Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки дар шуури наврасону ҷавонон эҳсоси қавӣ ва устуворӣ,  худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд кори падарони худро идома диҳанд ва Ватану миллати хешро ҳифз кунанд».

   Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки  онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи  сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши созгор  доранд. Давлат барои ворид шудани  насли  ҷавон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ,  иқтисодиву иҷтимоӣ шароитҳои мусоид муҳайё намудааст, ки ин нуктаҳоро Сарвари давлат зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат ҳанӯз 21 майи соли 2005 ёдовар шуда буданд:  «Насли наврас ва  ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор  бошанд,  ки дар давлати соҳибистиқлол  зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд,  фарзанди  миллати сарбаланду соҳибтамаддун  ва ватани ободу  мустақил  мебошанд. Ин давлати соҳибистиқлол  барои  имрӯзу ояндаи онҳо ба андозаи  имкон шароит муҳайё месозад ва барои рушду нумӯи кишвар тадбирҳо  меандешад». Вобаста ба ин, вохӯриҳои  зиёди Сарвари давлат бо ҷавонон ва ҳалли  масъалаҳои  дар ҳаёти онҳо ҷойдошта,  бозгӯи  дасгирии  ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин қишри ҷомеа мебошад.

   Воқеан, таърихи башар ва  инкишофи  он нишон медиҳад,  ки ҳар як  насл  таҷрибаю  дониши андӯхтаашро ба насли оянда  ба мерос  мегузорад. Насли оянда бошад, дар навбати  худ бояд ҳамин таҷрибаю  дониши ба мерос гирифтаашро  сайқал дода, пешрафти соҳаҳои мухталифи  ҷомеаро таъмин намояд.  Новобаста аз он, ки дар солҳои аввали Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон  мушкилиҳои зиёде дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ вуҷуд доштанд, роҳбари ғамхору бунёдкор  ва оянданигар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат ҳанӯз солҳои 1993 нахустин  вохӯриро анҷом дода, зимнан таъкид намуданд: «Ҳадафи сиёсии мо ваҳдати  миллӣ,  муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва  пешрафти ватани азизамон мебошад».

   Ҷавононро лозим аст, ки дар интихоби  касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати некбинонаю дурбинона ба сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  ниҳоят  дарёфти мавқеи устувори  шаҳрвандӣ  кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ин масъалаҳои муҳим ба мафкураи ҷомеа, махсусан, мафкураи насли ҷавон таъсири мусбат мегузорад.  Албатта,  пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Зеро ҷавонон нерӯи тавоно ва созандаи давлату миллат маҳсуб меёбанд.

    Барои он ки дар замири насли наврас чунин сифатҳои олӣ ташаккул ёбанд, оилаву мактаб ва дигар ниҳодҳои масъули тарбия бояд пайваста низоми таълиму тарбияро такмил диҳанд, онро ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонанд, аз тамоми имконияту воситаҳо самаранок истифода баранд ва муҳимтар аз ҳама, таҷрибаи пешқадами пешиниёнро дар самти таълиму тарбия сарфи назар накунанд.

    Дар раванди таълиму тарбия силсилаи пайванди наслҳо набояд гусаста бошад. Маҳз ҳамин хусусияти гусастанопазирӣ пайванди як наслро ба насли дигар қавитар гардонида, арзишу муқаддасотро аз ниёгон ба ворисон интиқол медиҳад ва дар ҷараёни ташаккули симои маънавӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳии намояндагони ҳар миллат нақши калидӣ мебозад.

    Дар ҳамин замина, барои  тарбияи хуб гирифтани ҷавонон  бояд ба ин масъала дар чанд марҳила аҳамият дод. Яъне, тарбия марҳилаҳои хоси худро дорост. Ин нукта дар Консепсияи миллии тарбия низ дарҷ гардидааст. Ба таъкиди мутахассисон, панҷ марҳилаи тарбия вуҷуд дорад.

-марҳилаи аввали тарбия аз оила оѓоз меёбад. Дар ин марҳила фарзандон аз падару модари  худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомӯзанд, аз мафҳумҳои нахустини деҳа, шаҳр, ноҳия, Ватан, миллат ва ѓайра бохабар мешаванд;

-марҳилаи дувуми тарбия муассисаҳои томактабӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллӣ бо истифода аз дастовардҳои педагогикаи миллӣ ҷиду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд;

-марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад;

-марҳилаи чаҳоруми тарбия ба таёрии касбии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад.

   Нақши оила дар таълиму тарбияи фарзандон дар ҳамаи ин марҳилаҳо бениҳоят бузург аст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни мулоқоти хеш бо аҳли маорифи кишвар иброз дошта буданд: “Падару модарон ба сифати нерӯи асосӣ ва фаъоли ҷомеа бояд ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар аҳамият диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло рафтани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд, завқи онҳоро ба китобхонӣ, донишомӯзӣ, забономӯзӣ ва варзиш зиёд гардонанд ва барояшон ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оваранд”.

   Боиси хушнудӣ аст,  ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамеша шахсиятҳое ба майдони сиёсат қадам ниҳодаанд, ки ба шарофати ақлу заковати онҳо ҳар як насли нав тавонистааст ганҷинаи ниёгонро бо дурдонаҳои тоза ғанӣ гардонад, барои ояндагон мероси арзишмандеро боқӣ гузорад.

   Дар ин радиф метавон аз Паём — сухани самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар ба мақоми олии қонунгузори кишвар, ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба ояндагон ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон ёдовар шуд.

   Иқдоми хеле наҷиби Сарвари давлат ин баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” мебошанд, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) такони ҷиддӣ мебахшанд.

   Бо назардошти ин мавзуи муҳим, Сарвари давлат дар ҳар як суханрониҳояшон ҷавононро ба илмомӯзӣ даъват намуда, таъкид менамоянд: «Хонед, илм омӯзед, касбу ҳунарҳоро аз худ намоед ва забондон бошед, зеро ояндаи ин миллату давлат дар дасти шумо ҷавонон аст…». 

   Имрӯзҳо мо мебинем, ки шахси ҳунарманд ва ё донишманд, ҳар ҷое ки бошад хор намешавад ва дар байни ҳамагон эҳтироми хосае дорад. Ин аст, ки ҳунарманд ҳар куҷо бошад, садрнишин аст. Баръакс, имрӯзҳо шахсоне ҳастанд, хусусан ҷавононе, ки  тамоми шароит баҳри аз худ намудани дониш барояшон муҳайё гардида бошад ҳам, ба мисли  таълимгоҳҳои замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳо, китобхонаҳои муосир, китобҳои тозанашр ва ғайра, ба омӯзиши илму дониш чандон таваҷҷуҳ надоранд. Сабаб шояд дар вазифадор накардани омӯзгор ва беназоратии волидайн бошад ва ё ба миён омадани интернет – технология (телефонҳои мобилӣ, саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ, бозиҳои гуногуни компютерӣ) ва ғайра. Аммо қайд кардан бамаврид аст, ки омили самаранокии омӯзиш мустақилона омӯхтан ва амал намудан мебошад, вале аксар вақт назорат низ дар раванди аз худ намудани донишҳо нақши муҳим мебозад.

   Чуноне ки аз таърих медонем, гузаштагони мо ба шароитҳои  душвори ҳаёту рӯзгори худ нигоҳ накарда, илм меомӯхтаанду касберо аз бар мекарданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мисли мо чунин имконияти васеи илмомӯзӣ надоштанд. Дар чунин шароите, ки давлату Ҳукумат барои мо — ҷавонон муҳайё намудааст, илм наомӯзему пешаеро аз худ накунем, куфри неъматҳо мегардад, чуноне ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармоянд:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

   Замонае фаро расидааст, ки доир ба ҳар як соҳаи илм китобхонаҳо бунёд гардидаанд ва роҷеъ ба ҳар як масъала ва саволҳо китобҳо ба нашр мерасанду метавонем талаботи худро қонеъ гардонем. Бинобар ин, махсусан мо — ҷавононро зарур аст, ки бештар омӯзему амал намоем ва роҳи китобхона ва интихоби адабиётро дониста бошем. Чунки роҳе, ки моро сӯи андешаи неку олами  рӯҳӣ  ва  ғоявию  ахлоқӣ ҳидоят месозад, ин мутолиаи китоб аст.

    Аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти сотсиологӣ дар байни хонандагон дар мавзуи «Мутолиа дар хона хуб аст ё дар китобхона?», теъдоди зиёди хонадагон иброз доштанд, ки макони самарбахшии мутолиа ин китобхона мебошад.

   Ҷавонони азиз, илм босуръат пеш меравад ва вақт аз он ҳам зудтар мегузарад, пас мо бояд бештар мутолиа намоем то соҳибкамолу соҳибэҳтиром гардем.

    Хулоса, ин ҳама дастоварду пешравиҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзии беназири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва дар оянда баҳри пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ аз нерӯи созанда ва бунёдкоронаи мо-ҷавонони ташаббускори кишвар вобаста мебошад.

    Ман ба қудрату тавоноии дӯстони ҷавонам итминони комил дошта, онҳоро даъват мекунам, ки пеш аз ҳама, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо кунанд ва дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, рушди устувор ва ободии ватани азизамон — Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

 

Зафари ШАРИФ,

декани факултаи китобдорӣ

 ва иттилоотшиносии МДТ

 “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”