Баробари эълон гардидани соли 2019-2021 “ Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” пайваста баҳри санҷидани сатҳи донишу маҳорати хуби суханварӣ миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву касбӣ ва олии шаҳри Душанбе озмунҳои гуногун гузаронида шуданд. Дар баробари ин Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе озмунеро бо номи “ Суханвари беҳтарин ” миёни хонандагону донишҷӯён баргузор намуд, ки дар озмун донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи актёрӣ Гулмираи Аҳрорзод бо иштироки фаъолона ва қобилияти баланди сухандонию шеърхонӣ соҳиби ҷойи дуввум гашт. Ин гулдухтари соҳаи санъат барои сайқал додани дониши худ пайваста кўшишҳои зиёде мекунад. Маҳз заҳмату талошҳои бевосита барои мутолиаи китобҳои бадеӣ ин ҷавондухтарро сухандону суханшинос кардааст. Барои боз ҳам ба қуллаҳои баланд расидани орзуҳои дар қалб ниҳони Гулмира ва амалӣ намудани нақшаҳои деринтизори ӯ , тамоми комёбиҳои беназирро таманно дорем.
Декани факултети театр,
кино ва Телевизион
дотсент, РУСТАМҶОН Воҳидов ва
донишҷӯи курси 4-уми шӯъбаи
журналисти телевизион
ФАРАҲНОЗ Абдураҳимова