ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-таҳти ҳамин унвон аз 26 то 30 октябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали байналмилалӣ сурат мегирад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин фестивали фарҳангии сатҳи баланд бо дастгирии Хазинаи байналмилалии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ гардида, дар он олимон, мусиқинавозон, устодони ҳунарҳои мардумӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъати давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамчунин ҳунармандони маъруф аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия ширкат меварзанд. Шумораи умумии даъватшудагон аз кишварҳои хориҷӣ 26 нафарро ташкил медиҳад.
Дар доираи фестивали мазкур 26 октябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳанг ва санъати Авруосиё ифтитоҳи Маркази Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой оид ба равобити мутақобилаи муассисаҳои таълимӣ дар назар дошта шудааст.
Конфренсияи илмӣ- амалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро ректори донишкада, профессор Хайридин Усмонзода оғоз намуда, баъдан олимони маъруф- доктори илми санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии ба номи П. И. Чайковскийи шаҳри Москваи Федератсияи Россия К.В. Зенкин бо маърӯзаи «Мусиқии пешоҳанги русӣ ва гуфтугӯи фарҳангҳо», доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон «Шарқ- Рахманинов» Т. Б., Ғафурбеков, доктори илмҳои педагогӣ, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи технологияи иҷтимоӣ-фарҳангии Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи шаҳри Санк- Петербург А. П. Марков дар мавзӯи «Мушкилот ва дурнамои гуфтугӯи фарҳангҳои Шарқ ва Ғарб дар вазъияти буҳрони ҷаҳонии тамаддунҳо», доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ: ҷустуҷӯи шаклҳои нави баҳамоӣ» А. Н. Низомов ва дигарон маърӯзаҳои илмӣ манзур менамоянд.
27 октябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштирокдорони фестивали байналмилалӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Баъдан, дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳифз ва рушди анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ» хамоиш доир мегардад.
Тавре гуфта шуд, дар фестивал бори нахуст якҷо бо намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ рангорангии эҷодӣ ва зеҳнӣ, ғановатмандии анъанаҳои бадеии Авруосиё дар мазмуну мундариҷаи равандҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ дар марҳалаи имрӯза нишон дода мешавад.
Дар назар аст, ки дар доираи фестивали байналмилалӣ се консерт (мусиқии анъанавӣ, мусиқии сози арғунун ва мусиқии камеравӣ ва симфонӣ) баргузор гашта, намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштирокдори фестивал гузаронда шавад.
Зимни он ҳамчунин конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад, ки дар он мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд: Шарқ — Ғарб: масъалаҳои хусусиятҳои хос ва таъсири мутақобилаи фарҳангҳо, санъати анъанавии мусиқӣ: мушкилоти нигоҳдошт ва рушду такомул, анъанаҳои миллии мусиқӣ дар эҷодиёти бастакорони Авруосиё ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун ҳориқаи ҳифзи мутассилии эҷодиёти бадеӣ.
Ҳамчунин давоми се рӯз олимони маъруфи соҳаҳои фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, мусиқинавозони шинохта, ҳунармандони асил аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия маърӯзаҳои илмӣ намуда, дарсҳои маҳорат (мастер- классҳо) гузаронда, шоҳасарҳои санъати мусиқиро манзури тамошобинон мегардонанд.
28 октябр дар доираи барномаи фарҳангӣ меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор ва Кохи Наврӯз дидан хоҳанд кард.
Иштирокдорони фестивал бо ҳузури худ дар чорабиниҳои асосии ин ҳамоиш имкон пайдо мекунанд, ки бо анъанаҳои бадеии кишварҳои иштироккунанда ва шакли кунунии онҳо шинос шаванд ва дар бораи гуногуншаклии фазои муштараки фарҳангии Авруосиё, ки ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ мусоидат менамоянд, маълумоти зарурӣ ба даст оранд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»