[su_accordion][su_accordion] [su_spoiler title=»Сармуҳаррир» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
УСМОНЗОДА ХАЙРИДИН УСМОН
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор
Усмонзода Хайридин Усмон 15 сентябри соли 1967 таваллуд шудааст. Доктори илмҳои фалсафа (соли 2005), профессор (соли 2011), узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017) мебошад.
Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Латвияро хатм кардааст. Дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 1993 — 1994), аспиранти Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1994 — 1997), омӯзгори калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 1996 — 2000), дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 2000 — 2005), мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (солҳои 2005 — 2015), ҷонишини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2015 — 2017) ифои вазифа намудааст. Аз 15 марти соли 2017 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор мекунад.
Усмонзода Хайридин Усмон таҳқиқоти илмии худро дар самти тағйирёбиҳои иҷтимоӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими фалсафаи иҷтимоӣ мебошад, вусъат мебахшад. Монография ва дастурҳои методии ӯ, аз ҷумла «Транформирующиеся таджикское общество» (Душанбе, «Ирфон», 2004), «Традиция и новация в контексте изменения общественной жизни Таджикистана» (Душанбе, «Ирфон», 2007), «Фалсафа» (Душанбе, «Ирфон», 2011), «Таърихи фалсафа» (Душанбе, «Собириён», 2011), «Фалсафаи илм» (Душанбе, «Деваштич», 2011), «Фалсафаи иҷтимоӣ» (Душанбе, «Дониш», 2013), «Тоҷикистон дар масири тағйироти иҷтимоӣ» (Душанбе, «Дониш», 2016), «Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Абубакр Закариёи Розӣ» (Душанбе, «Дониш», 2016) сазовори баҳои баланди пажӯҳишгарон ва мутахассисони соҳа гардидаанд. Дар маҷмӯъ, ба қалами ин олими шинохтаи тоҷик 6 монография, 6 китоби дарсӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ тааллуқ доранд.
Дар тӯли фаъолияти 25 — солаи хеш на танҳо дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи ҷомеашиносӣ, балки дар пешрафти илми иҷтимоишиносии тоҷик саҳми чашмрас гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ 11 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.
Усмонзода Хайридин Усмон дар конфронс, симпозиумҳои ватанӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, маърӯзаҳои илмӣ намудааст. Сармуҳаррири маҷаллаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода «Фарҳанг ва санъат», аъзои шӯроҳои дифои рисолаҳои илмии соҳаи ҷомеашиносӣ, раиси Шӯрои ҳимояи назди ДДФСТ мебошад.
[/su_spoiler] [su_spoiler title=»Ҳайати таҳририя» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
Фарҳанг ва санъат
Сармуҳаррир:
Усмонзода Хайридин Усмон – доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор
Муовини сармуҳаррир:
Раҷабмад Амиров – номзади илмҳои педагогӣ, профессор, ноиби ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ
Мирахмедов Ф– номзади илмҳои педагогӣ, ноиби ректор оид ба таълим
ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ:
Латифзода Д.Н. – доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Сафаралиев Б. – доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Раҳимов С.Х. – доктори илмҳои фалсафа
Додхудоева Л.Н. – доктори илмҳои таърих
Муҳиддинов С. – доктори илмҳои таърих, профессор
Нуралиев А. – доктори илмҳои филологӣ, профессор
Муъминҷонов З. – номзади илмҳои филологӣ,дотсент
Холов Б. – номзади илмҳои педагогӣ,профессор
Ҳалимов М. – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Улмасов Ф. – номзади илмҳои санъатшиносӣ
Абдурашидов А. – номзади илмҳои санъатшиносӣ
Таваров М.С. – номзади илмҳои таърих
Одинаев Б. – номзади илмҳои таърих
Нарзуллоев Б. – номзади илмҳои педагогӣ
Шосаидзода С. – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Қлычева Н. – сармутахассиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва санъат
Масъулони чоп:
Рӯзиев Додоҷон
Раҳмонов Абдусаттор
Саъдиева Гулистон
Таҳриру такмили матнҳо:
Галимова М.
Ғоибӣ А.
[/su_spoiler] [su_spoiler title=»МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН
Талабот нисбат ба мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷаллаи илмии "Фарҳанг ва санъат"
пешниҳод мегарданд
Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд: а) мақолаи илмӣ бояд бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи маҷалла омода гардида бошад; б) мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бошад; в) мавзӯи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд.
Ҳамаи маводи илмие, ки ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бо ёрии системаи Antiplagiat барои муайян намудани дараҷаи аслияти матн санҷида мешаванд. Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи дигар муаллифон бе иқтибосоварӣ истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ин гунна мақолаҳо ба чоп роҳ дода намешаванд.
Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ:
Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода гардида, бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1,5 мм бошад.
Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 10 то 12 саҳифаро бояд дар бар гирад.
Сохтори мақола бояд бо тартиби зерин таҳия гардад:
– индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст);
– номи мақола;
– насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Шарипов Д.М.);
–номи муассисае, ки дар он муаллифи мақола кору фаъолият менамояд;
–матни асосии мақола;
– рӯйхати адабиёти истифодашуда (на камтар аз 10 номгӯ ва на бештар аз 25 номгӯйи адабиёти илмӣ). Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд дар асоси талаботи ГОСТ 7.1-2003 ва ГОСТ 7.0.5-2008 таҳия гардад.
– номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳия гарданд. Аннотатсия дар ҳаҷми на камтар аз 25 сатр ва калидвожаҳо аз 7 то 10 номгӯ бояд таҳия карда шавад;
– дар охири мақола бо ду забон (русӣ ва англисӣ) маълумот дар бораи муаллиф ва ё муаллифон бо тартиби зерин нишон дода шавад: насаб, ном ва номи падар (пурра), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошанд), номи муассисае, ки дар он муаллиф кору фаъолият менамояд, вазифаи ишѓолнамуда, телефон, e-mail, нишонии ҷойи кори муаллиф.
Ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [ ] нишон дода шавад. Намуна: [4, с.25]. Яъне, адабиёти №4 ва саҳифаи 25.
Нақшаҳо, схемаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд. Инчунин онҳо бояд номи шарҳдиҳанда дошта бошанд.
[/su_spoiler] [su_spoiler title=»Тартиби тақриздиҳӣ» open=»no» style=»default» icon=»plus» anchor=»» class=»»]
ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ
Мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, аз ташхиси пешакӣ гузаронида мешаванд (ташхис аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя – мутахассисони соҳаи дахлдор анҷом дода мешавад) ва сипас дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.
Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасогиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, то оғози ташхис аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.
Сипас мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис мегарданд.
Дар тақриз бояд хусусиятҳои муҳими мақола асоснок карда шаванд. Аз ҷумла, навоварии илмӣ, муҳимияти омӯзиши масъала, арзиши таърихӣ ва фактологии мақола, дурустии иқтибосҳои нишондодашуда, услуби матн, истифодаи адабиёти солҳои охир ва камбудию норасогиҳои мақола. Дар охири тақриз нисбат ба мақола баҳои умумӣ дода мешавад ва ба ҳайати таҳририя дар мазмунҳои зерин хулосаи муқарриз пешниҳод мегарданд: ба чоп тавсия карда шавад; баъди ислоҳи камбудиҳо ба чоп тавсия карда шавад; барои тақриз иловатан ба мутахассиси дигари масъалаи дахлдор фиристода шавад; барои чоп тавсия карда намешавад. Ҳаҷми тақриз бояд аз як саҳифа кам набошад.
Мақолаи илмии барои чоп қабулгардида, аммо ба тағйирот ниёздошта, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллифон фиристода мешаванд. Муаллифон бояд камбудию норасогиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намояд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида мешавад ва сипас аз ҷониби ҳайати таҳририя барои чопи он иҷозат дода мешавад.
Мақолае, ки ба он тақризи мусбӣ дода шудааст ва чопи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҷонибдорӣ гардидааст, барои нашр қабулгардида ба ҳисоб меравад.
Раванди тақриздиҳӣ ба мақолаҳои дастнавис ошкоро намебошад. Паҳн намудани хабар дар бораи раванди тақриздиҳии мақолаи дастнавис боиси поймол гардидани ҳуқуқи муаллиф мегардад. Муқарризон барои нусхабардорӣ намудани матни мақола ва истифода намудани он барои эҳтиёҷоти худ ҳуқуқ надоранд.
Муқарризон, инчунин аъзоёни ҳайати таҳририя то нашри мақола иттилооти дар матни мақолаи дастнавис ҷойдоштаро ба манфиати худ истифода бурда наметавонанд.
Тақризҳо дар нашрияи маҷалла ба муддати 5 сол нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳангоми дархост нашрияи маҷалла нусхаи тақризҳоро ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ирсол менамояд.
[/su_spoiler][/su_accordion]