16-уми октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” аз рӯйи номинаи созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.     Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, густариш додани фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони Бозиҳои Делфӣ гардида, дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 нафар, Федератсияи Россия 117 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 28 нафар, Ӯзбекистон 27 нафар, Озарбойҷон 7 нафар, Арманистон 7 нафар ва Беларус 32 нафар иштирок менамоянд.

 

 

 

 

 

    Тавре иттилоъ доданд, ғолибони Бозиҳои Делфӣ бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардида, иштирокчиёни алоҳида бо дипломҳо қадрдонӣ мешаванд.

   Ёдрас мешавем, ки иштирокчиён  ва ҳайатҳои эҷодӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон,  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар  Боғи «Ирам»- и пойтахт ташкил мегардад ва  Қалъаи Ҳисор дидан хоҳанд кард.

Синои АБУАЛӢ

Дилшод УМАРОВ