Месароям васфи ту зебо ватан,
Хоки покат бар дилу бар ҷони ман.
Кӯҳҳоят устувор, обат ширин,
Ҳам ҳавоят фораму ҳам анбарин.
Ман дар оғӯши ту омӯзам савод,
Аз тамошоят шавам хурсанду шод.
Базму ҷашни дӯстӣ барпо мудом,
Ҷур гашта хуш навою хуш калом.
Модарам хурсандиамро диду гуфт:
Саргузаште гӯямат бояд шунуфт:
Душмани хурсандиву шеъру суруд,
Доварӣ карду басе даъво намуд.
Зумрае, ки дар хурофотанд гум,
Ҷамъ гардиданд бо бадхоҳу шум,
З-ин ситеза ҷанг шуд, машъал гирифт,
Каллаи данг оқибат каштал гирифт,
Дар парешонӣ бимонда мардумон,
Дар бадар рафтанд сӯйи ину он.
Дар ҳамин ҳоли парешонии мо,
Родмарде бар нигаҳбонии мо,
Омаду аз сулҳу ваҳдат лаб кушуд,
Гумраҳонро огаҳу таъкид намуд.
То кунун шукрона Ҳастибахшро,
Рӯзгори мо шуда бемоҷаро.
Ман чу фаҳмидам зи модар инчунин,
Пешворо хондам сад офарин.
Ҳар чӣ мебинам дар ин зебо ватан,
Ҳар гулу себаргаи ин анҷуман,
Аз талошу шавкати ин Пешво,
Нозанинтар меҳани зебои мо.
Боз мегӯям ҳар он чӣ хуштар аст,
Азвафои Пешвои кишвар аст,
Хоксоре даст дар пеши бар аст,
Сулҳовар некгустар раҳбар аст!
Собир Боев,
омӯзгори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода