Дар доираи Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» рӯзи 26 октябр барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода аз тарафи устодони таҷрибадори Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин ҳунармандони мардумии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дарсҳои маҳорат (мастер классҳо) гузаронда шуданд.
Аз ҷумла, Куткина Олеса Петровна, номзади илми педагогика, дотсент, ноиби ректор оид ба кори таълими Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой дар мавзӯи «Иттилоот. Технологияи санъат» бо омӯзгорону донишҷӯёни факултаи фарҳангшиносӣ дарси маҳорат гузаронд. Мавсуф аз марҳилаҳои инкишофи технологияи навин, ки панҷ давраро аз сар гузаронидааст, инчунин шаш инқилоби иттилоотӣ – пайдоиши нутқ, хат, чопи китоб, хизматрасониҳои электронии муосир дар фазои санъат ва фарҳанг маълумоти муфассал дод.
Дар дарси маҳорати Халикулова Гузал Эркиновна, номзади илми санъатшиносӣ, ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон устодон ва донишҷӯёни кафедраҳои рӯзноманигории телевизион, режиссураи телевизион, санъати актёрӣ ва кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна ширкат варзиданд. Дар он мавзӯи «Масъалаҳои эҷоди хислат дар санъати актёрӣ» матраҳ гардид. Мавзӯи мазкур бештар паҳлуҳои дуруст талаффуз кардани калимаҳо, нафас гирифтан, машқҳои овоз ва санъати нутқи акёрӣ фаро гирифта буд. Сипас, вобаста ба ин, дар асоси мавзӯи доиргардида, панҷ намуди машқи амалӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2 ва 3-и шуъбаи санъати актёрӣ гузаронида шуд, ки ин дар баробари таҳким бахшидани донишҳои назариявии донишҷӯён даор афзун гардидани донишҳои амалии онҳо низ такони ҷиддӣ мебахшад. Хамчунин, аз тарафи донишҷӯён, бо истифода аз машқҳои омӯзондашуда, иқрои накшҳо нишон дода шуд. Ёдрас шудан бамаврид аст, ки робитаҳои байналмилалии донишкада бо донишкадаю донишгоҳҳои фарҳанг ва санъати кишварҳои хориҷӣ дар тавсеаи робитахои фарҳангиву ҳунарии ҷонибҳо мусоидат намуда, ба баланд гаштани дониши амалӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг ва ҳунар такони ҷиддӣ мебахшанд.
Бобоҷон РАҲИМОВ, омӯзгор