Имрӯз дар кафедраи хореографияи МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дарси кушоди фанҳои тахассусӣ, ки фарогири методикаи таълими ин фанҳо, басаҳнагузории рақс, таърихи костюм ва хореографияи миллӣ буд, гузаронда шуд.
Ҳамзамон, дар доираи дарси кушоди мазкур мудири кафедраи хореография Музаффар Искандаров аз рӯзгор ва фаъолияти пурсамари эҷодию ҳунарии яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати рақси тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор, муаллифи чандин асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ Азиза Азимова, ки бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени Нишони Фахрӣ, ордени Дӯстии халқҳо, медали “Садоқат” — и Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва даҳҳо ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонда шудааст, ёдовар шуда, ӯро поягузори кафедраи хореографияи МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” унвон намуд.
Мудири кафедраи хореография дар бораи жанри рақс маълумоти мухтасар дода, аз ҷумла зикр намуд, ки рақс ҳамчун арзиши фарҳангӣ расму оин, урфу одат, олами маънавӣ ва тафаккури миллиро инъикос намуда, тайи ҳазорсолаҳо дар фарҳангу тамаддуни мардуми мо ҷойгоҳи махсус касб намудааст. Ин арзиши фарҳангӣ дар байни халқ бо истилоҳҳои гуногун, мисли “арғушт”, “арғишт”, “усул”, “бозӣ” ва аксар “рақс” — “раққосӣ” маъмул будааст. Иҷрокунандаи рақсро “арғиштӣ”, “арғуштрав”, «бозингар”, “усулчӣ”, “раққос”, “рақскун” ва рақоссаҳоро дар Бухоро “созанда” меномидаанд. Дар асрҳои гузашта рақсро “пойбозӣ”, “пойкубӣ” ва шахси бозикунандаро «пойбоз”, “пойкӯб, “роқис” низ мегуфтаанд. Бо гузашти айём рақси миллии мо бо талошҳои пайвастаи балетмейстерҳои тоҷик Азиза Азимова, Ғаффор Валаматзода, Александр Протсенко, Майрам Файзибоева, Арусяк Исломова, Xурсанд Ҳакимов, Зебо Аминзода, Фарида Муҳаммадгалиева, Гавҳар Мирҷумаева ва дигарон рушду такомул ёфт.
Мавсуф, инчунин, аз дастовардҳои беназири Азиза Азимова ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин ҳунарманди беҳамтои соҳаи рақс моҳи апрели соли 1941 дар ҳайати ҳунармандони тоҷик дар Рӯзҳои даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва иштирок карда, бо ҳунарнамоии волои худ санъати рақси тоҷикро муаррифӣ намудааст. Дар доираи он рӯзҳо санъаткорони тоҷик дар Театри калони Москва операи Виталий Баласанян “Коваи оҳангар”-ро пешкаши тамошобинон гардонидаанд, ки дар ин опера Азиза Азимова “Рақс бо кабӯтар”-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Санъатшинос Темур Атахонов дар дафтари хотираҳояш навиштааст: “Ҳаракатҳояш аз назокат, нафосат ва лиризми баланд шаҳодат медоданд. Дар ин барнома бисёр лаҳзаҳои рақсҳои анъанавии халқӣ хеле устокорона истифода шуда буданд. Рақси мазкур аз рақсҳои халқӣ фақат бо он ки бо пуанто иҷро карда мешуд, фарқ мекард”. Дар Рӯзҳои даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва, инчунин намоиши аввалин балети тоҷик “Ду гул”, операи В. Баласанян “Шӯриши Восеъ” ва намоиши мусиқии “Лола” манзури тамошобинони сершумори Москва гардонда шуд. Дар ҳамаи ин намоишҳо Азиза Азимова бо рақсҳои дилошӯби худ хотири тамошобинонро болида гардондааст. Дар балети “Ду гул” устоди рақс Азиза Азимова нақши яке аз қаҳрамонҳои асосии асар — Нозгулро иҷро мекунад. Асоси хореографии балетро рақсҳои “Қамчин”, “Панҷгул”, “Гули ғунча”, “Ду гул”, “Ларзон” ва амсоли инҳо ташкил медоданд. Рақсҳои “Гули ғунча” ва “Ду гул”, ки бо маҳорати баланди ҳунарварӣ пешкаш шуда, таваҷҷуҳи аҳли толор, бавижа пажӯҳишгарон ва намояндагони васоити ахбори оммаи даврро ба худ ҷалб намуда, ба рақси тоҷик шуҳрати оламшумул бахшида буданд.
Зикр гардид, ки Азиза Азимова солҳои зиёд дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо таҳқиқи рақсҳои халқии тоҷикӣ, бо таълим ва тарбияи мутахассисони ояндаи хореография бо садоқати бепоён ва дилбастагии зиёд кор мекард, ба шогирдонаш сирру асрори санъати рақсро меомӯзонд, онҳоро ба гузаштаи ибратомӯзи худ на танҳо бо сухан, балки бо наворе, ки рақсаш дар он сабт гардидааст, шинос менамуд. Ӯ дар санъати рақси миллии тоҷик шахсияти нотакрор ва дорои мактаби худ бо номи “Устод-шогирд” будааст. Ин нотакроии мавсуф дар асарҳои таҳқиқотии илмӣ-методӣ, воситаҳои таълимӣ ва шогирдони зиёди бовафо ва дӯстдори касби худ зоҳир мегардад. Онҳо имрӯз устоди меҳрубону ғамхори худро ба некӣ ёд карда, дар зиндагӣ аз рӯйи насиҳат ва дастуру ҳидоятҳои ӯ амал мекунанд. Мақолаву таҳқиқотҳои илмии ӯро, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр расидаанд, дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ истифода мебаранд.
Дар бахши амалии дарси кушод аз ҷониби донишҷӯён рақсҳои басаҳнагузоштаи Азиза Азимова, назири “Рақс бо кабӯтар”, “Ду гул”, “Ларзон” ва амсоли инҳо пешкаши ҳозирин гардиданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буданд.
Авазмурод ШОЙМАРДОНОВ,
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон,
Музаффар ИСКАНДАРОВ,
мудири кафедраи хореографияи донишкада,
Сафарбегим БОРОНБЕКОВА,
муаллими калони кафедраи хореографияи донишкада