Хабарҳо аз ҷониби admin
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок намуданд
   ДУШАНБЕ, 22.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иштирок ва суханронӣ карданд. Дар кори ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ…
ВОХӮРИИ СУДМАНД
   Дар Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки судяи суди ноҳияи Сино Исозода Баҳодур, мудири бахши САҲШ-и ҳамин ноҳия Раҳмон Гулчеҳра, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Гулпарӣ Латипова ва мудири шуъбаи кор бо занони…
МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ОЛАМАФРӮЗ»
   Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз»-и ҲХДТ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа беш аз 70 нафар ҳизбиён ва меҳмонон ширкат варзиданд. Рӯзномаи ҷаласа аз ҳисоботи раиси ташкилот оид ба фаъолияти…
ҶАШНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ
   Меҳргон яке аз ҷашнхои қадимаи мардуми эронинажод буда, дар қатори дигар идҳои миллӣ, ба монанди Наврӯзу Сада ҳамасола дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон аслан иди меҳру муҳаббат, рӯшноиву покӣ ва фаровониву баракат мебошад. Бахшида љашни Меҳргон 17 октябри…
Кафедраи Бойгоншиносӣ
   Мудири кафедра: Номзади илмҳои таърих, Ҷобиров Раҷабаллӣ Фатҳуллоевич Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73а, бинои 1 ошёнаи 3 Тел: +992918312990 E-mail: rajab.1987@mail.ru [su_accordion][su_accordion] [su_spoiler title="Таърихи кафедра" open="no" style="default" icon="plus" anchor="" class=""] Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали…
МАҲФИЛИ ҚИРОАТИ ШЕРЪУ ҒАЗАЛ
(гузориши мухтасар аз баргузории маҳфили илмию фарҳангии «Қироати шеъру ғазал, рубоӣ ва дубайтиҳо аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» дар толори хониши Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода)
   Мудирияти Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода дар партави дастуру ҳидоятҳои орифонаи роҳбарияти Донишкада роҷеъ ба ҷалби донишҷӯён ба китобхона ва мутолиаи китоб, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Ҳамин гуна як маҳфили бошукӯҳи илмӣ-фарҳангии қироати шеъру ғазал, имрӯз…
ТАҚДИМИ БЕШ АЗ 2 ҲАЗОР НУСХА КИТОБ
Аз тарафи ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадо
   Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошим Гадо наздик ба 60 сол аст, ки дар рушду нумӯи санъати тоҷик, офаридани асарҳои…
АҲАМИЯТИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ТАЪМИНИ НЕКӮАҲВОЛИИ ФАРД, ОИЛА ВА ҶОМЕА
   Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 10 октябри соли равон, таҳти ҳамин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, олимону…
ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ
   Раёсат, иттифоқи касаба, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон нисбати даргузашти ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба хешу пайвандони марҳум аз даргоҳи Худои мутаол сабри…
Рӯзи фалак
   Фалак рози ниҳони дилбарон аст, Фалак сози дили афлокиён аст… Бо чунин мисраҳо оғоз гардид барномаи консертӣ ба ифтихори «Рӯзи фалак» дар толори «Арғунун»-и ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода. «Фалаки ҷовидонӣ» унвон гирифтани барномаи консертӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки мусиқии…