Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони қисми ҳарбии 5453-и Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии командири қисми ҳарбии мазкур Исмоилзода Исроил Бурҳон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.      Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҳамасола 23 — юми феврал дар саросари кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду обод ва соҳибихтиёрамон рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҷлил мегардад. Имсол бо ташаббуси Ҳукумати кишвар мардуми бошараф ва саодатманди мо ин рӯзи барои ҳар яки мо воқеан муборакро, ки намоди садоқату матонат мебошад бо шукӯҳу шаҳомати хос пешвоз мегиранд, зеро аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ватани маҳбубамон 30  соли пурра сипарӣ гашт.

Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо номи пурифтихори Артиши миллӣ дар байни халқи шарафманди мо машҳур ва соҳиби обрӯву нуфузи зиёд мебошад, инак  30 сол мешавад, ки неъмати бебаҳои мо Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи ватани азизамонро сипари боътимод буда, дар сохтмону таҳкими давлати миллиамон нақши муҳим мебозад. Ин ниҳоди бонуфузи низомӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошад, ки баъд аз якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, яъне ҳаждаҳуми декабри соли 1992 — дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис дода шуда, аввалин гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан 23-юми феврали соли 1993 доир гардид. Дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи сиёсии минтақаву ҷаҳон афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд.

Ректори донишкада иброз намуд, ки фаъолияти пурсамар, дастовардҳо ва пирӯзиву шаҳомати Артиши мамлакатро метавон натиҷаи пурсамари заҳмати фарзандони ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар ваҷаб замину ҳар зарраи хоки диёр донист, ки ҳанӯз аз гаҳвора ва даврони кӯдакиву мактабӣ падарони боиродаву иззатманд ва омӯзгорони бошарофату бонанг ба онҳо дарси ватандориву ватанпарастӣ омӯхта, адои хизмат ба ватанро рисолати мукаддас арзёбӣ кардаанд. Албатта пеш аз ҳама, нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушд ва таҳкими   Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир буда, Артиши миллӣ маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат соҳиби иқтидор ва ҷойгоҳи хос дар қасри бошаҳомати давлатдории навини мо гаштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карда буданд, ки «Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад».

Мавсуф зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ — техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Намояндагони машҳури адабиёту фарҳанги оламшумули мо доир ба артиш, сохтор, маҳорату малакаи ҳарбиён, таълиму тарбияи низомиён асарҳои арзишманде иншо намудаанд, ки намунаи боризи он “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Тафаккури низомии миллати тоҷик дар қаъри ҳазорсолаҳо реша дорад ва табиист, ки андешаҳои беҳтаринро дар бораи таърихи ташаккули Артиши миллӣ дар бар мегирад. Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ, масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърихи пуршарафи миллати мо ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд, ки имрӯз ҳам аҳли зиёи мамлакат, хусусан омӯзгорон сифатҳои мубрами ватандӯстиро ба ҷомеа муаррифӣ менамоянд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой карда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ аз фоида холӣ нест. Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ оид ба ватандӯстӣ ва мукаддас будани ватан суханронӣ карда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори  фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».

Бо назардошти он ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш — қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

Муҳриддин Низомӣ таъкид кард, ки дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза мову шумо — устодону донишҷӯён бояд зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатиро аз даст надиҳем. Нагузорем, ки равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок наврасону ҷавононро ба доми фиреби худ дароварда, субот ва ҳаёти орому осудаи сокинони кишварро халалдор созанд.  Гузашта аз ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки аз ин Ватани озод ва аз ин давлати соҳибихтиёр шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватаниву соҳибдавлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ бо ҳунарнамоии устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки фарогири сурудҳои ватанпарварона буда, муқаддас будани Ватан ва ваҳдату ягонагиро илқо менамуданд.

Синои АБУАЛӢ