Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 10 октябри соли равон, таҳти ҳамин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, олимону муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷуён, сархатибони масҷидҳои пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) иштирок намуданд.

   Конфронси илмӣ-амалиро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ ҳусни оғоз бахшида, паёми раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба саъми иштирокчиёни ҳамоиш расонд.

   Ҳадаф аз баргузории конфронс фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳимояи хубтари манфиати шаҳрандон, баланд бардоштани маданияти маъракаорӣ, ҷашну маросим дар таъмини фард, оила ва ҷомеа манъидод гардид. Иҷрои ҳар як қонуни амалкунанда, аз ҷумла риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби шаҳрвандон нишонаи садоқату поквиҷдонӣ ва эҳтироми ӯ ба миллату давлаташ мебошад.

   Тибқи маълумоти оморӣ аз соли аввали қабули қонун, яъне  аз моҳи июни соли 2007 то нуҳмоҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳри душанбе аз тарафи камиссияҳои  доимӣ  14575 маъракаи хатнасур, 67722 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 16435 маъракаи чил ва 15714 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст.

   Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши танзими анъана ва ҷашну  маросим  боис гардид, ки хароҷоти зиёд дар давраи амалкарди Қонуни миллӣ пешгирӣ ва манфиатҳои  иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шавад.

   Дар ҳамоиш олимону мутахассисони соҳа перомуни мавзӯҳои «Накши занон дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Омилҳои некуаҳволии фард, оила ва ҷомеа», «Танзими анъана ва ҷашну маросим роҳнамои раванди ҳаёти фард, оила ва ҷомеа», «Нақши танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҳалли мушкилоти оилаи имрӯза» ва ғайра табодули назар намуда, ба пурсишҳои иштирокдорони конфронс посухҳои қаноатбахш доданд.  

 

                                                                                Эраҷ  ИСМОИЛОВ,
муовини декани факултаи  

китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ