Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА–094-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» муаллимаи кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Ашурзода Саида Файзалӣ рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои санъатшиносӣ аз рӯи ихтисос 17.00.09 – назария ва таърихи санъат бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсати донишкада ва ҳайати устодону ҳамкорон ин дастоварди муҳимро самимона табрик гуфта, ба муаллима комёбиҳои нави илмӣ, муваффақият дар кору зиндагӣ ва саҳми арзанда дар пешрафти минбаъдаи донишкада ва Тоҷикистони азиз таманно доранд.