Дар хобгоҳи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовинони ректор, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Махсудзода Ф. суханронӣ намуда, аҳаммияти Артиши миллӣ ва нақши онро дар ҳифзи сулҳу субот, амният ва якпорчагии кишвар таъкид намуд. Зикр кард, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди ватандӯст мебошад.
Сипас, барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид, ки дар он донишҷӯён бо иҷрои суруду мусиқӣ, қироати шеърҳо ва намоишномаҳои театрӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Баромадҳо мазмуну муҳтавои ватандӯстона дошта, рӯҳияи миллӣ ва эҳсоси ифтихор аз Артиши миллиро инъикос менамуданд.






