Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҷаласаи ҳисоботии Шуроҳои диссертатсионии 6D.KOA-081 ва 6D.KOA-094 -и назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аъзоёни шуро, ҳайати раёсати донишкада, декани факултетҳо ва мудирони  кафедраҳо ширкат варзиданд.

Ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода М.М. кори ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта, андешаҳояшро оид ба фаъолияти пурсамари Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳоди тозатаъсиси илмӣ мебошад, баён намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ва таъсиси ин ниҳод ба Пешвои миллат изҳори сипос намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки бо дасгирии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада ду Шурои диссертатсоинӣ таъсис дода шудааст, ки тӯли як сол боз фаъолият доранд.

Сипас, намояндаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Вализода Ҳ. оиди мушкилот ва норасоиҳои карҳои илмӣ дар соҳаи фарҳангу санъат суханронӣ намуда, мулоҳизаҳояшро баён намуд.

Дар давоми ҷаласа раиси Шурои диссертатсионии 6D.KOA-081-и назди донишкада доктори илмҳои педагогӣ, профессор Латифзода Д. оид ба фаъолияти Шуро ҳисобот доданд. Ӯ қайд намуд, ки бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.10.2024, №406/шд Шурои диссертатсионии 6D.KOA-081 ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD аз рӯйи ихтисосҳои 6D090400 — Хизмати иҷтимоӣ — фарҳангӣ (6D090401 — Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ — фарҳангӣ) ва 6D091000 — Кори китобдорӣ (6D091001 — Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои 13.00.05 — Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ — фарҳангӣ (13.00.05.03 — Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ) ва 05.25.00 — Иттилооти ҳуҷҷатӣ (05.25.03 — Китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ) таъсис дода шуд.

Тибқи фармоиши мазкур ба шурои диссертатсионии назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ваколати қабул ва баррасии диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) –доктор аз рўйи ихтисос ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рўйи ихтисосҳои дар боло зикршуда  вогузор карда шудааст. Ҳайати шурои диссертатсионии назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  аз 11 нафар иборат мебошад.

Зикр гардид, ки шуро то имрӯз 9 ҷаласа баргузор намуда, дар онҳо масъалаҳои ба баррасии муқаддамотӣ қабул кардани диссертатсияҳо, таъйини комиссияи экспертӣ, ба ҳимоя иҷозат додан ва таъйини муассисаи пешбару муқарризони расмиро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор додааст.

Раиси Шуро, инчунин, қайд намуд, ки 24-уми майи соли 2025 довталаб Зафари Шариф рисолаи  илмиашро дар мавзуи «Таъмини инноватсионӣ-методии китобхона — омили рушди фаъолияти он (дар мисоли китобхонаҳои давлатию оммавии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси 6D091000 – Кори китобдорӣ (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ) дифо намуда, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори дараҷаи илмӣ гардид.

Инчунин, 25-уми октябри соли 2025 ҳимояи ошкорои диссертатсияи Нодирзода Сайзароб Сайалӣ дар мавзуи «Таҳаввул ва рушди равандҳои библиографияи тоҷик дар замони шуравӣ (солҳои 1960-1990): дастовардҳо ва мушкилот» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси 6D091000 – Кори китобдорӣ (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ) баргузор гардид ҳуҷҷатҳои лозима ба   КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳити дарёфти дараҷаи илмӣ пештиҳод шудааст.

Баъдан, котиби илмии Шурои диссертатсионии 6D.KOA-094  Раҳимзода К. доир ба фаъолияти яксолаи шуро ҳисобот дода, таклифу пешниҳодҳои худро баён намуд.

Дар анҷоми ҷаласа миёни намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирин мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Раҳмонов А.

Котиби шурои диссертатсионии 6D.KOA-081