Паёми имсолаи Президенти кишвар ҳуҷҷати барномавӣ ва стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Ҳамасола, чун анъана Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун ҳамешагӣ тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд. Ин ҳуҷҷати сабзи тағдирсоз масъалаҳоеро диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда оид ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст. Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир зарфияти таваҷҷўҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад.

Пешвои муаззами миллат перомуни сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, фарҳангро ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих арзёбӣ намудаанд. Сарвари давлат зимнан тазаккур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо — ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгўй адабиёти бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Ин ғамхори Пешвои миллат бахотири баланд бардоштани маънавиёти наврасону ҷавонон, ки ояндасозони миллати хеш мебошад иқдом гирифта шуд. Инчунин, иқдоми дигаре, ки барои баланд бардоштани арзишҳои маънавии ҷомеа бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон” –и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар бевосита дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф -ЮНЕСКО таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳанги Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сўзанидўзӣ” ва бузургдошти 1050- солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тољикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки танзими ҳамоишҳо зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Дар баробари ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайри моддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмиллалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

Сарвари давлат бо ифтихормандӣ ёдрас шуданд, ки саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ин шахсият тадбирҳои зарури андешида шавад. Ин шахсият дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ дар замони давлатдории Сосониён зиндагони кардааст. Аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст. Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихор мост, ки гузаштагони неки мо- ориёиҳо баҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардўстона, аз ҷумла Наврўз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштанд.

Воқеан, Наврўз, ки имрўз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондўстӣ ва бузургодошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидан, асоси ҳувият ва асолати мо тоҷикон мебошад.

Бояд зикр кард, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат дар пойтахти кишварамон шањри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмиллалӣ Наврўз бунёд ва ташкил карда мешавад. ташкил карда мешавад. Ҳадаф ва мақсад аз ин иқдоми неки Пешвои милат барои амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мебошад.
Ҳамчунин, ба рушди соҳаи фарҳанг, ки таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерушои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқадасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида мебошад, таваҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин давра оину ҷашншои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврўз, Меҳргон, Сада ва монади инҳо эҳё гардидаанд.
Ҳамин тавр, Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Дар ин росто, мо зиёиёнро зарур аст, ки ҳар як нуқтаи дар Паёми Пешвои муаззами миллат баёншударо мавриди омўзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъат беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳанд кард.

Зокирзода Суҳроб Ибод
н.и.фалсафа, дотсент и кафедраи
фанҳои ҷомеъашиносӣ