Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 16.12.2025 ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Сарвари давлат мухтасар дар бораи дастовардҳои даҳ соли охир андешаҳои худро изҳор намуда, таъкид намуданд, ки моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Вобаста ба соҳаҳои фарҳангу маориф таъкид карданд, ки ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр намуданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Ин иқдомҳои наҷиб аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳанд ва судманд мебошанд.

Ҳамагон медонанд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии

таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Воқеан ҳам, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба рушди илму маориф ин сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат ба шумор меравад. Тибқи омор танҳо барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад, ки ин аз ғамхории бемисли Пешвои миллат ба соҳаи маориф дарак медиҳад.

Чи тавре, ки дар Паём ироа гардид, тибқи таҳлилҳо 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасад. Вобаста ба ин Пешвои миилат қайд карданд, ки мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем.

Барои амалӣ намудани ин мақсад Пешвои миллат Ҳукумати мамлакатро вазифадор карданд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил намоянд. Инчунин, ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб супориш доданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар Паёми Сарвари давлат, инчунин ба масоили фарогирии донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем. Ҳамчунин, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаем, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Инчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Ҳамчунин, пешниҳод карданд, ки бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Ин иқдомҳо фарҳангӣ саривақтӣ ва судманд буда, мо ҳам чун Певои миллат итминон дорем, ки амалӣ намудани онҳо далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад.

Воқеан, ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Яъне, мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Дар ҳақиқат ҳам, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури раҳнамоест, ки моро ба худшиносию худогоҳӣ, ватандўстию меҳанпарастӣ ҳидоят менамояд. Мо бояд ҳар як нуктаи дар Паёми Пешвои муаззами миллат баёншударо мавриди омўзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳангу маориф пайваста саъю талош намоем.

Наботов Шариф,

декани факултети китобдорӣ

ва иттилоотшиносӣ