Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо ташаббуси кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия — рисолати мост» баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба оқибатҳои зараровари коррупсия, паёмади даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, сухан ронда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст задан ба амалҳои коррупсиониро комилан маҳкум намуда, мубориза бар зидди коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат унвон кардаанд ва мо бояд дар зери ин ҳидояти созанда дар самти пешгирӣ ва мубориза ба амалҳои номатлуб саҳмгузор бошем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид карда буданд, ки мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Сипас, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлоназаров Силмон суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки коррупсия яке аз таҳдидҳои муосир ва хатарнок барои рушди устувори ҷомеа мебошад. Дар ҳар давру замон воситаҳои гуногуни мубориза бар зидди коррупсия мавҷуд буданд, ки роҳандозӣ намудани онҳо масъулияти том ва заҳмати шабонарӯзиро талаб менамуданд. Дар замони мо бошад дар баробари рушди технологияҳои навин роҳҳои нави мубориза бо коррупсия ба миён омаданд. Аз ҷумла истифодаи зеҳни сунъӣ тавассути иқтидорӣ технологияҳои имрӯза роҳҳои пешгирӣ ва раванди мубориза бо коррупсияро осон намудаанд. Аз ин рӯ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир имрӯз метавонанд дар таъмин кардани шаффофият нақши муҳим дошта бошанд.
Дар анҷоми ҳамоиши илмӣ байни ҳозирин ва профессор Мавлоназаров Силмон мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Мудири кафедраи
технологияҳои иҷтимоӣ-
фарҳангӣ ва сайёҳӣ
Раҳмонов А.

