Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назаривӣ баргузор гардид.

Дар кори он мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Хоҷаев Ҷамшед, дотсенти кафедраи мазкур Имомалиева Раъно, дотсент Зокирзода Суҳроб омӯзгорони калони кафедра Кенҷаев Ҳошимхуҷа, Ашуралиева Зиёда, Холиқов Диловар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро н.и.ф., дотсенти кафедра Имомалиева Р.М. ҳусни оғоз бахшида, андешаву мулоҳизаҳояшро доир ба ҷойгоҳ ва мақоми Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ба ҳамагон маълум аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳо ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ шинохта шуд ва ин рӯзи муборак ҳар сол бо тантана таҷлил мегардад. Парчами миллӣ дар рўзҳои иду ҷашнҳо, дастовардҳо ва пирўзиҳои фарзандони тоҷик дар олимпиадаву мусобиқаҳои ҷаҳонӣ боло бардошта мешавад.

Мавсуф зикр намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад. Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст, зеро парчам як рамзи хоссаи истиқлолият, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст. Имрӯз моро мебояд, ки аз парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Сипас, устодони кафедра Кенҷаев Ҳошимхуҷа ва Ашуралиева Зиёда доир ба таърихи қабул гардидани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши таърихии он дар ташаккули давлати соҳибистиқлол, инчунин аҳаммияти Парчам дар таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо унвони Падидаи парчамдорӣ дар таърихи халќи тоҷикмаърузаҳо намуданд.

Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рузи парчами давлатии мустақили тоҷикон қабул гардид, ки он санади сарнавиштсоз ва пояи ҳуқуқии давлатдории навини миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни маҳфили мазкур Неъматзода Сумая донишҷўи курси 1-уми ихтисоси рузноманигори телевизион, дар мавзуи “Истиќлолият, ваҳдат ва худшиносии миллӣ” ва инчунин Мирзоназарова Ибодат дар мавзуи “Аҳамияти парчами давлати дар таҳкими ватандусти миёни ҷавонон” маъруза омоданамудаи худро ироа намуд.

Донишҷӯён дар муҳокима бо шавқу завқи хос ширкат варзида, андешаҳои хешро дар бораи рушди қонунгузорӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ баён намуданд.

Дар анҷом миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, зикр намуданд, ки рузи Парчами миллӣ ва эҳтиром ба он қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, хусусан барои шогирдон, ки бахше аз рисолати онҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлат мебошад.

Мудири кафедраи фанҳои

Ҷомеашиносии МДТ “ДДФСТ

ба номи М.Турсунзода”,

Хоҷаев Ҷ.Ф