Санаи 18 ноябри соли 2025 дар факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ҷаласаи васеъи ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Сардори Раёсати таълим Набиев Ҳ.И., мудирони кафедраҳои тахассусӣ Маҳмудов Гадобег, Мамадазимова Майрам, инчунин омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Ҷаласаро декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, номзади илмҳои педагогӣ Зафари Шариф бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, аз саҳми устодону кормандон дар раванди таълиму тарбия ёдовар шуданд.
Сипас, Сардори Раёсати таълим Набиев Ҳ.И. суханронӣ намуда, оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия андешаҳои худро баён карданд. Мавсуф таъкид намуданд, ки таълиму тарбия яке аз рукнҳои асосии рушди ҷомеа буда, ҷомеаи пешрафта аз муассисаҳои таълимӣ на танҳо мутахассиси соҳибкасб, балки инсони дорои ахлоқи намунавӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва тафаккури созандаро интизор аст.
Дар фарҷоми ҷаласа мудирони кафедраҳои тахассусӣ вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда пешниҳодҳо ва андешаҳои худро ироа намуданд.





