Декани факултет: Гулназаров Сафар Буриевич- дотсент

Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 2, ошёнаи 2.

E-mail:tajartins@yandex.com

 

 


Соли равон, бо ибтикори роҳбарияти донишкада, дар ростои бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар заминаи кафедраҳои сурудхонӣ (халқӣ), мусиқии созӣ ва санъати хореография (рақси халқӣ)-и факултети фарҳангшиносӣ факултети нав — санъати мусиқии мардумӣ таъсис ёфт.

Айни ҳол дар факултет якчанд коллективи эҷодию таълимӣ амал мекунанд, ки онҳо як навъ лабораторияҳои эҷодии ба воя расондани мутахассисони соҳаи санъати мусиқии мардумӣ ба шумор мераванд. Инҳо ансамбли рақсии «Бунафша», оркестри созҳои халқӣ, ансамблҳои созҳои халқӣ, дойранавозон, сарояндагон ва дигар коллективҳои эҷодии базавии донишҷӯён мебошанд.

Имрӯз ба донишҷӯёни факултет ҳайати бонуфузи профессорону омӯзгорон ва устодони варзидаи ҳунари ҷумҳурӣ, аз ҷумла Д. Баҳромов, Ҳ. Муъминова, Ғ. Саидов, М. Искандаров, Х. Рӯзадоров, З. Казакова, М. Сафиева, Э. Раҳмониён, С. Қурбонов, С. Файзалиева, Н. Захарова, Н. Степанянс, Ш. Муҳиддинов, Ф. Саидов ва дигарон нозукиҳои санъати мусиқӣ ва ҳунари волои рақсро меомӯзанд.

Соли хониши сипаришуда дар се шубаи факултет 196 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда буд. Раванди таълим дар факултет тибқи низоми кредитӣ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ҷараён дошта, донишҷӯён метавонанд ҳам тариқи шакли буҷетӣ ва ҳам тариқи бастани шартнома таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони хуби соҳа ба воя расанд.

Хотирнишон месозем, ки дар баробари таъсисёбии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кафераи сарояндагии халқӣ кору фаъолият дорад. Ин кафедра аз соли 1974 бо номи дирижёри хор дар факултети корҳои маданӣ-маърифатū фаъолиятро оғоз намуда, 44 сол мешавад, ки мутахасисони баландихтисосро дар соҳаи санъату фарҳанги ҷумҳурӣ тарбия менамояд. Хусусан, нишондиҳандаҳои кафедра дар ҷодаи сарояндагӣ хеле назаррас аст. Бо ташаббуси устодони кафедра қариб ҳар сол ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва нодир озмунҳои телевизионии «Бӯстон», «Андалеб», озмунҳои кӯдаконаи «Ғунчаҳои санъат», «Торҳои заррин» ва «Овози тиллоӣ» дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронда мешаванд, ки нақши онҳо барои пешрафти санъати сарояндагӣ ва овозхонӣ назаррас аст.

Дар тӯли фаъолияти кафедра роҳбарии онро дотсент Тағоймурод Аббосов, баъдан профессор Карим Ҳалимов ба уҳда доштанд. Дар баробари иҷрои корҳои эҷодӣ аз тарафи устодони кафедра корҳои илмӣ, илмӣ-методӣ низ ба сомон расонда мешаванд. Масалан, дастуру китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ, ба монанди «Маҷмӯаи хорҳо аз операҳои тоҷикӣ», «Сурудҳо барои хори бачагона», «Методикаи таълими дарси мусиқӣ» барои синфҳои 1-3, маҷмӯаи хорҳо бо номи «Панди Ҳофиз» (аз репертуари хори камеравӣ), маҷмӯаи сурудҳо бо номи «Дарё», «Наврӯзи ман», китоби «Дарси суруд ва мусиқӣ» барои синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, «Хоршиносӣ ва методикаи хор» таълиф гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз рӯзи таъсисёбӣ кафедраро зиёда аз 260 нафар хатм намуда, имрӯзҳо дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Факултет бо хатмкардагони кафедра, ба монанди Сайфулло Кенҷаев, Исматулло Саидов, Қазоқҷон Ғуломов, Ашраф Мамадқулов, Наим Сурхов, дотсентон Абдулнабӣ Додхудоев, Душанбе Қучқоров, Сулаймон Акрамов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов, ҳунарпешагони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назруддин Неъматуллоев ва Рӯзибой Идиев, ҳунармандони ҷавону боистеъдод Шоҳин Абдуллоев, Диловари Суфӣ, Матлуба Раҳимова, Ибодат Раҷабова, Даврон Асаддулоев ва ғайраҳо ифтихор мекунад. Айни замон роҳбарии кафедраро Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов бар дӯш дорад. Таълиму тадрис дар кафедра дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шуда, довталабон тариқи таҳсилоти буҷетӣ ва шартномавӣ қабул карда мешаванд. Кафедраи мусиқии созӣ кафедраи пешини дирижёри оркестр мебошад, ки соли 1967 дар назди факултети санъати собиқ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко таъсис дода шуда буд. Аввалин мутахассисон — роҳбарони оркестр ва ансамблҳои созҳои халқӣ шуъбаро соли 1971 хатм намуданд. Аз соли таъсисёбӣ то имрӯз шуъбаро 446 нафар мутахассис (рӯзона ва ғоибона) хатм кардааст. Дар байни онҳо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев, солисти оркестри созҳои халқӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мустафоқул Муртазоев, профессор Диловар Латифзода, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, дотсент Алмос Абдуллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгор Акобиршоев, дотсентҳо Неъмат Ҳалимов, Холназар Назаров, Рафтор Иззатуллоев ва ғайраҳоро номбар кадан бамаврид аст, ки дар рушду нумуи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ хизмати чашмрас кардаанд. Аввалин мудири кафедра хатмкардаи Консерваторияи шаҳри Тошканд, дотсент Амрохон Муборакшоев буд. Баъдан дар ин вазифа профессор Ёдгор Акобиршоев ва дотсент Холназар Назаров интихоб шуданд. Аз соли 2009 то ҳол мудирии кафедраи мазкур бар дӯши хатмкардаи ҳамин шӯъба Ғафур Саидов гузошта шудааст. Имрӯзҳо дар кафедра Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвақтшо Рӯзадоров, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Саидов, муаллими калон Манучеҳр Баёнов, муаллимон Хушбахт Ниёзов, Алишер Маҷидов ва ассистентон Афзалшои Диловар, О. Норбутаев ва М. Мирмастова кору фаъолияти эҷодӣ доранд.

Айни ҳол дар кафедра шуъбаҳои қариб ҳамаи гурӯҳҳои оркестри созҳои халқӣ амал мекунанд. Ба монанди гурӯҳи созҳои нафасӣ (найи хурд, най, кларнет ва карнай), симзарба (чанг), мизробиҳо (рубоби қошқарӣ, рубоби бадахшонӣ, рубоб бас), зарбиҳо (дойра, таблак, табл), камониҳо (ғиҷҷак, ғиҷҷак контробас), ки аз тарафи устодон- мутахассисони соҳа ба донишҷӯён омӯзонда мешаванд.

Дар кафедра гурӯҳҳои эҷодии оркестри созҳои халқӣ, ансамблҳои созҳои халқӣ, рубобнавозон ва дойрадастон фаъолияти пурсамар намуда, дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии донишкада ва берун аз он бо барномаҳои рангину пурмазмун ва таъсирбахш ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳоло шуъба дорои синфхонаҳои замонавии бо созҳои мусиқӣ таъмин, толорҳои хурд барои баргузории машқҳои оркестр ва ансамбли созҳои халқӣ, театри таълимӣ ва толори калони Арғунун барои намоиши консертҳои ҳунарӣ мебошад, ки донишҷӯён аз онҳо васеъ истифода мебаранд.

Кафедраи хореография соли 1975 таҳти роҳбарии Артисткаи халқии Тоҷикистон, профессор Азиза Азимова таъсис ёфтааст. Ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Каримов, Имомалӣ Раҳмонов, ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Абдурасулов, С. Ёдгорова, А. Мӯсоев, Н. Ҳасанова аз ҷумлаи дастпарварони ҳамин кафедра мебошанд.

Дар солҳои аввали таъсисёбии кафедра устодони варзида В. Кивачук, Н. Степанянс, А. Кузнесов дар тарбияи кадрҳои миллӣ саҳми назаррас гузоштанд. Алҳол дар кафедра устодони шинохтаи соҳаи хореография Х. Казакова, Н. Захарова, Н. Степанянс, Ҷ. Абдуллоева, ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Файзалиева, Л. Юсупова ба шогирдон дарси ҳунар меомӯзанд.

Тайи солҳои охир ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Сатторова, М. Ҳабибова, устодони рақс М. Сатторов, И. Раҷабов, Қ. Холов, З. Раҳмонова, З. Назирова, О. Давлатова, Б. Юлдошева, А. Сиддиқов, З. Шарипова, И. Файзуллоев ва дигарон шогирдони зиёдеро тарбия карданд, ки онҳо барои тарғибу такмили хореографияи миллии тоҷик хизмати шоиста карда истодаанд.

Дар назди кафедра ансамбли рақсии «Бунафша» амал мекунад, ки ба он мудири кафедра, дотсент Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Искандаров роҳбарӣ менамояд. Аъзои ин ансамл бо барномаҳои рангин ба бисёр кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Олмон, Яман, Сурия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, дар тарғиби санъати рақси миллӣ саҳми босазо гузоштаанд.

Садорати факултет ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷавонони боистеъдод ва соҳибзавқро ба ин боргоҳи ҳунар ҷалб намуда, барои ба пояҳои баланди эҷодӣ расидани онҳо ва дар оянда ҳамчун шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ба камол расиданашон аз тамоми шароитҳои мавҷуда истифода намояд. Барои амалӣ гаштани ин ниятҳо дар факултет ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд.

Дарҳои факултет барои ҷавонони боистеъдоду соҳибзавқ ҳамеша бозанд.