Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент  ва миллат буда, ҳамасола дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад, самимона табрику муборакбод менамоям.

Маҳз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитеро фароҳам овард, ки мо соҳиби ин ҷашни воқеан умумимиллӣ гардидем. Ба бахти халқу миллат ва саодати Ватан таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба сањнаи сиёсат овард, ки воқеан бо дилу нияти нек, ҷасорати бемисл, садоқат ва муҳаббат ба халқу  Ватан зимоми давлатдориии навини моро ба даст гирифта, моро ба ин рӯзҳои пурсаодат расониданд. Аз рўзҳои нахустини роҳбарӣ Пешвои миллат тамоми кўшишу заҳмати хешро барои поин бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати халқи тоҷик равона сохтанд ва дар ин ҷода бо аз худ гузаштанҳову ҷонбозиҳо муваффақ шуданд.

Мардуми шарафманди тоҷик ҷонфидоиҳо ва корномаҳои бемисли Роҳбари ғамхори худро дида, борҳо ба унвонии ниҳодҳои сатҳи баланди давлатдорӣ аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нома навишта, хоҳиш намуданд, ки  ба хотири арҷ гузоштан ба низоми идории президентӣ, ки ҷодаи моро ба сӯи ормонҳоямон ҳамвор намуд, рӯзи 16 ноябрро дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, онро ҳамасола ҷашн гиранд. Ва ниҳоят 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад

Ин ҷашни ҳумоюн ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.

Имрӯзҳо мо ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат зери роҳбарии ин абармарди кишварсоз парчами фарҳангу санъати мамлакатро парафшон нигоҳ медорем ва аз рисолате, ки бар дӯш дорем, ифтихор мекунем.

Ба ҳамаи Шумо сарбаландиву саодат ва фаъолияти пурсамарро баҳри боз ҳам рушд намудани соҳаи фарҳангу санъати кишвар таманно дорам.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!