Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети журналистикаи телевизион ва радио дар доираи конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ” дар сатҳи факултет конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишкада дар муҳити илмӣ ва таҳлилӣ доир шуд.
Конференсияро профессори фахрии донишкада Гавҳар Умарова ифтитоҳ намуда, ин рӯзро рақами сарнавиштсоз дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол номид. Мавсуф аз солҳои пурошӯби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, талошҳои Роҳбари давлат барои расидан ба сулҳу субот ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки сулҳи Тоҷикистон ҳамин тавр худ аз худ ба даст наомадааст. Сулҳу ваҳдати бадастомада самараи ирода, ҷасорат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Зулфиддин Муминҷонов дар баромади худ ба рушди фазои иттилоотӣ дар даврони истиқлол таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат ба таъсиси шабакаҳои телевизионӣ, густариши журналистикаи касбӣ ва баланд бардоштани мавқеи ВАО ҳамчун унсури муҳимми давлатдорӣ ҳиссаи калидӣ гузоштааст.
Декани факултет Ниёзов Л. – бо маърузаи “Нақши Пешвои миллат дар рушди ВАО” баромад намуда, имкониятҳои журналистонро дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳлил намуда, рушд ва пешрафти соҳаро аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат номид.
Ҷараёни конференсия бо маърузаҳои дигар устодон идома ёфт. Аз ҷумла, мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радио, н.и.ф., дотсент, М. Галимова дар мавзуи «16 ноябр — Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карда, ин рӯзро рамзи таҳкими давлатдории миллӣ хонд. Омӯзгори калони кафедра Муқаддас Умарова дар мавзуи «Модаре, ки ба миллат Пешво бахшид» баромад намуда, нуктаҳои тарбиявӣ ва шахсияти Роҳбари давлатро аз дидгоҳи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ таҳлил кард. Омӯзгор Абдуллоева А. дар мавзуи “Кудакони хушбахти замони Истиқлол” баромад намуд.
Дар қисми ҷамъбастӣ донишҷӯёни курсҳои поёнӣ бо маърузаҳои таҳлилӣ баромад намуда, ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, нақши Пешвои миллат дар таъмини осоиштагии комил ва аҳамияти роҳбарии устувор дар рӯзҳои буҳронӣ таъкид карданд. Чорабинӣ дар фазои ватандӯстона ва бо ҳадафи баланд бардоштани ҷаҳонбинии сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон анҷом ёфт.
мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ
Галимова М.Б





