Аз таърихи мусиқии халқи тамаддунофари тоҷик саҳифаҳои дурахшонро номбар кардан мумкин аст, ки дар он санъат ба ҳар василае новобаста аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ рушд намуда тавассути фарзона фарзандонаш то ба замони мо омада расидааст. Ҳамчунин дар ҳама давру замон фарҳанг барои миллати тоҷик арзиши волое дошт ва дар умури давлатдорӣ пойгоҳи боэътимоде ба шумор мерафт. Тавассути фарҳанги пурғановати худ халқи тоҷик дар паҳнои олам ҳамчун миллати соҳибтамаддун муаррифӣ гардидааст.
Иқдомҳои Пешвои муаззами миллат дар даврони истиқлолият ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанг ва санъат, ба вижа санъати сарояндагии мардумӣ беназир мебошад ва баҳри амалӣ намудани ин иқдомҳо роҳи васеъ боз гардид. Дар баробари рушди мусиқии ҳирфавии “Шашмақом” жанри қадимаи сирф миллии “Фалак”мавриди қадрдонию парастории сарвари давлат қарор гирифт ва чеҳраҳои тавонои фалаксарои тоҷик навои фалаки тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Ба саҳнаи касбии тоҷик омадани чеҳраҳои умедбахши фалаксаро аз рушди ин санъати волои ниёгон дар Тоҷикистон далолат медиҳад.
Мусиқии касбӣ – суннатии шифоҳии мардуми тоҷик, ки аз ниёгони фарҳангсолору тамаддунофар мерос мондааст, таърихи бойю рангин дошта, реша дар умқи қарнҳо дорад ва бо таровату нафосаташ аз қадимулаём машҳур буда, дар он шодиву сурур ва андӯҳи халқ инъикос гардидааст. Ин ганҷи ниёгон таҷассумгари софию покизагӣ, ваҳдату дӯстӣ, садоқату инсонпарварӣ ва орзуву омоли мардуми тоҷик буда, тӯли қарнҳо чун ифодагари анъанаю маросимҳо пойдор мондааст.
Фалак, ки як навъи мусиқии суннатии мардуми тоҷик аст, яке аз унсурҳои муҳими фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Он дар маънавиёт ва ҳаёти рӯзмарраи мардум ҷойгоҳи вижа дорад ва бо шеваҳои аҷиби иҷрои худ ба шодии одамон ва барқарор намудани ҳисси якпорчагӣ ва ҳамбастагӣ мусоидат мекунад.
”Фалак“ дар луғат ба маънои афлок, осмон, сипеҳр, коинот омада вожаи маҷозии чархи гардун, тақдир, сарнавишт низ ифодагари ин маъно мебошад ва як раванд ё воситаи таълимоти ахлоқӣ мебошад. Маънӣ ва мазмунҳои ахлоқӣ, ки дар мусиқии фалак қарор дошта, инсонро баҳри пеша намудани арзишҳое, ба монанди ростӣ, эҳтиром ба муҳити атроф ва ҷомеа ба ҳаёти рузмарра ҳидоят менамояд. Мусиқии фалак натанҳо ҳамчун як сабк, балки ҳамчун тарзи шукӯҳ ва осоиштаи маънавӣ низ фаҳмида мешавад. Дар шеъри фалак инчунин рамзҳои муҳими ирфонӣ нақши марказӣ дорад ва ҳангоми иҷро ҳар як нота ё овоз баҳри инсон ҳисси оромиш, кӯшиш барои хомӯш намудани нафс ва рафтан ба самти маърифатро тақозо менамояд.
Тибқи нигоштаҳои муаррихони гузаштаву имрӯза пайдоиши “Фалак” ба асрҳои IX-X рост меояд. Аввалин нишонаҳои суруди “Фалак” аз адабиёти суфия баромада, дар эҷодиёти Абӯсаиди Абулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Боботоҳири Урён ва дигарон мушоҳида мешавад. Донишманди охири асри X ва ибтидои асри XI Фахриддини Марвӣ дар асари хеш “Сабки фаҳлавиёти хуросонӣ” овардааст, ки “Мардумони атрофи акнофи Хуросон бештар вақт аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд. Гоҳе аз шунидани бархе аз гунаи он сурудҳо нанг мекарданд ва рӯ ба савту садои кӯҳистон мекарданд. Ин кор то бад-он ҷое расид, ки суруди фалакии Ятими Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди кӯҳистони Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои “Фироқномаи Юсуф”, “Ҳаҷри Яқуби Канъон”, “Нолаи малакут”, “Нолаи хокиён”,”Фарёди ҷудоиҳо” ва “Розҳои ногуфта” дар забони мардум бимонданд. Бузургтарин ноқили “Фаҳлавиёт” Борбади Марвазӣ дониста шудааст, ки дар инхусус Абӯ Усмон ибни Ҷоҳиз дар асараш “Китоб-ут-тоҷ” навиштааст: “Дар замони Хусрави Парвиз ва шоҳи мутрибони Аҷам Фаҳлабад (Борбад) санъати овозхонӣ ва навозандагӣ ба пояи хело баланд расид ва мақоми ромишгарон дар дараҷаи аввал буда ва ҳама савту суруде дар арса эҷод шуд, аз савту лаҳнҳои Фаҳлабадӣ (Борбад) аст”. Суннатҳои замзама, замзамхонӣ, божхонӣ, божхомӯшӣ, фаҳлавиёт маъмул буданд ва шаклҳои гуногуни созию овозии локуӣ ё худ троник (тарона), чаковак (чакома), суруд), фаҳлавиёт (рубиёти фалакӣ ё фалакиёт, рустактроник (таронаҳои халқӣ), чакомак ва ғайраҳо вуҷуд доштанд, ҳангоми ҷашну тантанаҳои мазҳабӣ, мавсимӣ, оилавӣ иҷро карда мешуданд. Дар хусуси вазни ашъоре, ки Борбад ба онҳо оҳанг мебаст доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ чунин ибрози назар намудааст: “ Ашъоре, ки Борбад ба онҳо оҳанг мебаст, “насри мусаҷҷаъ” буд, инчунин маълум аст, ки навъи рубоӣ (мабнои асосии матни фалакӣ) ҳанӯз дар асрҳои 7-8 дар Мовароуннаҳру Хуросон васеъ маъмул буд. Баъдан, дар асрҳои 10-11 шайх Абӯсаиди Абулхайр аввалин шуда, бештар ҷалб намудани тваҷҷӯҳи оммаи васеи мардум аснои баргузории мавъизаҳои хеш аз навъи рубоӣ бо овозхонӣ истифода намудааст. Яъне маълум мегардад, ки суннати машҳури бадеӣ, рубоиҳоро бо оҳанги махсус сароидан таърихи зиёда аз ҳазор солро дар бар гирифтааст”.Дар Фалак асосан, рубоӣ ва дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дорад ва ин рукн дар маҳхазҳои илмӣ таҳқиқи худро ёфтааст.
Дар замони мо дар Тоҷикистон намудҳои гуногуни фалаксароӣ – фалаки даштӣ, роғӣ, сафарӣ, паррон, равон, қаландарӣ вуҷуд доранд, ки аз ҳамдигар аз лиҳози сифатҳои бадеӣ ва иҷрокунандагӣ фарқ доранд.
“ Фалак”- и даштӣ бе иштироки созҳои мусиқӣ ба тарзи шаҳд, бо майлу хоҳиши иҷрокунанда, озод суруда мешавад.
“Фалак”- и роғӣ аз рӯи шакл якқисма ва силсилавӣ (ду,чор ва панҷқисма) мешавад. Вобаста ба мавзӯъ бо зарбҳои гуногуни фалакӣ иҷро карда мешавад.
“Фалак”- и қаландарӣ як навъе аз силсилаҳои фалак аст, ки асосан дар минтақаи Кӯлоб ривоҷ дорад ва бо оҳангу таронаҳои дорои мазмуни фалсафӣ ва дарднок ишора мекунад, ки ба ангези ғаму андӯҳ бахшида шуда, онҳоро ба ифодаи мусиқӣ меорад.
Ба ақидаи олими мусиқишиноси тоҷик Ф.Азизӣ ташаккули пурраи фалаки роғӣ дар асри XVIII ва аввалҳои асри XIX дар шаҳри Кулоб, ки тобеъи аморати Бухоро буд, сурат гирифтааст.
Тарзи иҷроиши шаҳрии фалаки роғӣ аз ҷиҳати устувории зарб, ҳамвориву форамӣ ва рангомезии оҳанг, ки қариб авҷи баланд надорад, аз иҷроиши дигар манотиқ фарқ мекунад.Дар оғоз суруди фалакиро бо суръати устувору зарби ягона гурӯҳи ҳофизон бо навбат ва дар алоҳидагӣ иҷро мекунанд.Сипас зина ба зина тағири зарб ва тез гардидани суръат мушоҳида мегардад. Дар натиҷа яке аз хусусиятҳои асосии силсилаи “Фалак”, яъне гардиш ба миён меояд. Баъди гардиш зарбу лаҳну оҳанги ҳар як қисми иҷрошаванда бо тарзи нав зуҳур намуда,шакли силсилабандии фалакро ба вуҷуд морад.Фалаки роғӣ низ, чун сисилаҳои асливу фаръии бахши овозии “Шашмақом”,” Наср” ва “Савт” бо “Уфар” ҷамъбаст мешавад. Мусиқии он шӯху муфарраҳ буда, мавзӯи матнҳо низ бештар лирикӣ- ишқӣ мешавад ва истифодаи зинаҳо озод буда, ба ҳайси матн аксар рубоӣ ва дар радифи он ғазалу мухаммас низ, ба кор бурда мешавад.
Ҳарчанд матни асосии Фалакро рубоӣ ташкил медиҳад дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалу мухаммасҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони муосири тоҷик истифода кардаанд.
Ба ақидаи марҳум Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Д.Холов намуди дигари иҷроии “Фалак” дар ҳолати лабҳои пӯшида сароида мешавад, ки “Фалаки бунгак” меноманд. Онро ҳам мардон мехонданду ҳам занон.”Фалаки бунгак” нахустин ифодагари ин жанр, яъне шакли қадими фалаксароӣ буда, дар пайдоиш ва ташаккули дигар намудҳои “Фалак” нақши муассир дорад. Инчунин “Фалак” мардона ва занона мешавад ва тарзи иҷроиши онон аз лиҳози парда фарқ мекунад. “Фалак” сароии Гулчеҳра Содиқова, Аслия Искандарова ва дигар бонувони фалаксаро далели ин гуфтаҳо мебошад.
Ансамбли «Фалак» 20 – уми июли соли 1989 бо қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикисон бо роҳбарии ҳунарпешаи мардумӣ Давлатманд Холов дар назди Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд, соли 2003 ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста гардид.
Зиндаёд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов Носир Сафаров, Абдураззоқ Абдуалимов, Сафомиддин Раҷабов, Олим Исоев, Шоҳин Абдуллоев, Сарбон Олимов, Ҷумъахон Раҷабов, Фарзона Шодиева, Фотима Машрабова, Моҳрухсор Набиева, Ибодат Раҷабова, Матлубахон Раҳимова, Шуҳрат Сайнаков, Баҳриддин Беков, Фаридуни Ҳотам, Санои Ҳошим, Панҷшанбе Ҷорубов ва дигарон кору фаъолият менамоянд.
Бо ташаббуси роҳбари давлат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд, ки кунун дар назди Кумитаи телевизион ва радио кишвар фаъолият дорад. Инчунин бо дастгириву ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007,ҳар сол 10 октябр ҳамчун рӯзи “Фалак” бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.
Ин мусиқи суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.
“Фалак”,ки муаррифгари мусиқии суннатӣ ва адабиёти классикии пурғановати миллати фарҳангпарвари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад, бояд амиқтару дақиқтар таҳқиқ карда шавад ва пайваста ба ҷаҳониён тавассути васоити ахбориву консертӣ муаррифӣ карда шавад.
Фаъолияти ҳунарии устод Одина Ҳошим, ки давомдиҳандаи фалаксароии мактаби ҳунарии устодони дар боло зикршуда мебошад доманадор буда дар фалаксароии тоҷик нақши боризе дорад. Фалаксароии Одина Ҳошим вижагиҳои хоси худро доро мебошад. Устод бори нахуст дар фалаксароӣ ба тариқи силсилабандӣ сароидани фалакро пеша намуда таҳаввулоти ҷиддие ба ин жанр ворид намуданд. Устод 10- 12 силсилабандии Фалакро эҷод намуданд, ки ба матнҳои А.Ҷомӣ, Ҳофиз, Сайдо, Қассоб, А.Лоҳутӣ мансуб буда дар рукни фалак хело бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карда шудаанд, ки дар хазинаи тиллои радиои тоҷик маҳфуз мебошад.
Дар таҳқиқу таҳлили илмии “Фалак” хизматҳои олимони варзидаи тоҷик Ф.Азизӣ,А. Низомӣ, А.Раҷабов, муҳақиқон Қ.Қурбониён, Д.Холов, С.Каримов корҳои мондагоре ба сомон расонидаанд.
Бо мурури замон рушди ҳунари фалакхонӣ ба ташаккули мактабҳои ҳунарии авлодӣ мусоидат намуд. Ин мактабҳои авлодӣ зимни услуби тадрисии устод–шогирд рушди бештар ёфтанд. Дар асри 20 онҳо ба ҳайси ансамблҳои оилавӣ расман пазируфта шуданд. Дар роҳи таърихии фалак вазифаи эҳё, нигаҳдорӣ ва ба насли дигар омӯзонидани ҳунари фалакхониро ҳамин мактабҳои устод – шогирд дар доираи авлод таъмин намудаанд. Фалакхонӣ тавассути ин мактабҳои суннатӣ густариш ёфта, то замони муосир сабки худро ҳифз намудааст.
Фалаксарои машҳури тоҷик, устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Раҳматулло Ҳошим иброз дошт, ки санъату ҳунари тоҷик аз қадим бо услуби устоду шогирд рушд ёфта, ҳамчунин идома дорад.
«Имрӯз таваҷҷуҳ ва шавқи фалаксароён ва омӯзандагони ин мусиқии асил хеле зиёд шудааст. Ба назари ман, ин ҳама таваҷҷуҳи ҷавонон аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат мебошад. Имрӯз мактаби фалаксароӣ ва сурудхонии устод Одина Ҳошим пойбарҷосту фаъолияти назаррас дорад. Аз ин мактаб фалаксароёни ҷавон ба арсаи ҳунар омаданд»,-гуфт Раҳматулло Ҳошим.
Мавсуф иброз намуд, ки «ҳар касе, ки ин жанрро интихоб менамояд, бояд дониши васеъ ва фаҳми воло дошта бошад. Дар фалаксароӣ танҳо доштани садои форам басанда нест. Барои ҳунарманд, хусусан овозхон маънии сухан дар мадди аввал меистад. Овозхон бояд дарк кунад, ки чӣ месарояд ва матни ӯ кадом маъниро ифода мекунад. Падарам ҳамеша талқин мекарданд, ки бояд адабиётро хуб омӯхт ва суханшинос буд».
Ба андешаи Раҳматулло Ҳошим, «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» барои пайдо намудан ва кашфи симоҳои нави фалаксаро имкони хуб аст. Пас, метавон бо боварӣ гуфт, ки дар оянда аз ин насли наврас устодоне, ба мисли Акашариф Ҷӯраев, Ҳошим Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон баромада, жанри халқии фалакро ривоҷу равнақ дода, машҳури олам мегардонанд».
Давлатманд Холов аз худ беш аз 200 оҳанг боқӣ гузошт, ки бештари он бо лафзи мардумӣ эҷод шудааст.Эмомалӣ Раҳмон доир ба эчодиёти Давлатманд Холов сухан ронда таъкид намуданд, ки Холов дар рушди ҳунари овозхонӣ, бахусус таронаҳои мардумӣ ва жанри фалак саҳми арзанда дорад.Давлатманд Холов яке аз сарояндаҳои маъруфи мусиқии суннатии мардумӣ «фалак» маҳсуб мешавад. Соли 1989 бо ташаббуси Давлатманд Холов ансамбли давлатии миллии «Фалак»-и Кӯлоб таъсис ёфт. Давлатманд Холов дар рушд ва дастгирии мусиқии миллии «Фалак» саҳми арзанда гузоштааст. Саҳми ӯ дар эҳёи мусиқии миллии тоҷик бебаҳост. Ӯ дар иҷрои таронаҳо бо сабки фалак устоди эътирофшуда маҳсуб мешавад, даҳҳо таронаҳои иҷрокардаи ӯ ба фонди тиллои мусиқии миллии тоҷикӣ шомил шудаанд. Роҳи ӯро ҳоло писараш Лоиқшо идома медиҳад.Саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқӣ ва тарғиби жанри мусиқии мардумии фалак басо арзишманд мебошад. Ӯ тавонист мусиқиро ба нотаҳо гузорад ва дар ин мавзӯъ мақолаҳои зиёди илмӣ ба табъ расонидааст.
Дар рушди санъати ҷовидонаи фалак композиторони шинохта боиси эҷоди як қатор суруду оҳангҳои дилпазир гардидааст. Ф. Одина асари “Фалак”-ро барои думбра бо ҳамовозии оркестри синфонӣ, Х. Абдуллоев “Чархофалак”- барои яккахон, хор ва фортопиано, Т. Сатторов “Нолаҳо аз ёлаҳо”- соната барои скрипка ва фортопиано ва амсоли инҳоро дар такя ба анвои фалакӣ эҷод намудаанд. Ҳамзамон дигар оҳансозони машҳури тоҷик Т. Шаҳидӣ, Қ. Ҳикматов, А. Мусоев аз суруду навоҳои фалакӣ илҳом гирифта, асарҳои ҷаззоб эҷод намудаанд.
Жанри мусиқии Фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон маъмул аст. Аз рӯи анъана матни асосии Фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд. Албатта, замина, таърихи пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ Фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд. Фалак – жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.
Яке аз тамоилҳои рушди ин жанр ташкилу баргузории фестивалҳои байналмилалии «Фалак» мебошад, ки дар он ғайр аз фалаксароёни тоҷик, ҳунармадони мардумӣ ва фолклоршиносон аз Россия, Эрон, Афғонистон, Чин, Ҳинд, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Миёна низ ширкат мекунанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки бо ташаббуси аҳли фарҳанг дар вилоятҳои Суғд, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва як қатор шаҳру навоҳии кишвар дастаҳои ҳунарии «Фалак» созмон дода шуданд.
Имрӯз анъанаи эҷодӣ ва ҳунари фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мавриди омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқи ба насли ҷавон асрори нозукиҳои онро меомӯзонанд.
Ҳамин аст, ки таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни мавзӯи Фалак барои олимони ҷавон, мавриди таваҷҷуҳ ва таҳқиқ қарор гирифтааст: Саъдулло Каримов ва Манучеҳр Бурҳонов, ки дар ин мавзуъ таҳқиқот бурда истодаанд.
Нақши шахсиятҳои шинохта, олимони варзидаи тоҷик дар рушди мусиқии суннати қобили зикр аст. Аз ҷумла, Фароғат Азизӣ – мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ (2010), доктори Академияи илмии байналмилалии Antique World (2007), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2011).
Фароғат Азизӣ муаллифи китобҳои «Дарсҳои маҳоратии Фалак дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон» (2005), «Нахустфестивали наътхонӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 2009), «Фалак – суннатҳои иҷроии он» (Кӯлоб, 2006), «Фалак: масъалаҳои таърихӣ ва назариявӣ» (Душанбе, 2009) буда, дар тарбияи олимони соҳаи мусиқии суннатӣ саҳми арзанда доранд.
Олимон ва мутахассисони соҳаи мусиқӣ аз қабили Фаттоҳ Одинаев (“Гулчине аз гулзори Фалак” соли 2004), Ҷӯрахон Обидпур (“Луғатномаи тафсирии мусиқӣ” соли 2019), Саъдулло Каримов (“Фалак” соли 2019), Қурбони Қурбониён (“Фалак ва системаи лаҳнии он”соли 2006), Дона Баҳром (“Сибиру Помиру Кашмир Ватанам” соли 2015) ва Ҷонибек Асрориён (“Фалак сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ” соли 2021) доир ба жанри Фалак рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқоти ва амалӣ- таҷрибавӣ бо мақсади чамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдошти мусиқии суннатии Фалак ва Шашмаком ташкил карда мешавад.
Аз ҷумла барои татбиқи Барномаи давлатии рушди санъати Шашамаком, фалак ва мактаби сунатии “Устод-шогирд” барои солҳои 2024-2028”. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2023, №504 барои соли 2025 моҳи июли соли 2025 гуруҳи муҳуқиқон ва омузгорону кормандони соҳаи санъати ҷумҳурӣ ба экспедитсияи навбати барои омузиши мусиқии суннатӣ ба вилояти Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ сафари корӣ анҷом доданд.
Хулоса, имрӯз дар даврони истиқлол таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи мусиқии ҳирфавии тоҷик “Шашмақом” ва “Фалак” бештар мебошад. Раванди ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аз хатарҳои ин раванд фарҳанги миллӣ ҳаматарафа ҳифз карда шавад.
Фалак дар тарбияи худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ нақши бузург дорад. Таронаи Фалак таронаи тоҷикон аст, ки мардумро ба якдилӣ, ғуруру нанги миллӣ, даъват мекунад.
Тағойзода Шаҳноза

