Декани факултет: Шарофидинзод Муслињиддин Шарофидин
Барои тамос: ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а Бинои 2, ошёнаи 2.
Тел: 900-24-26-28, 231-19-87
E-mail: solehov-shukrona@mail.ru
Факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ моҳи феврали соли 1983 дар заминаи шуъбаи суруд ва мусиқии факултаи корҳои маданӣ-равшаннамоӣ таъсис ёфтааст. Факулта то имрӯз зиёда аз ҳазор нафар кадрҳои баландихтисосро тайёр намудааст, ки дар соҳаҳои фарҳангу маорифи ҷумҳурӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Факултаи мазкур барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллективҳои касбии ҳунарӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангу санъат кадрҳои баландихтисос тайёр мекунад.
Аввалин декани факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ профессор Ғуломов О.Ғ. (1983-1986) буданд. Баъдан роҳбарии факултаро дотсент Халилов С.М. (1986-1993), и.в. профессор Ҳабибов Ш.Д. (1993-2001), омӯзгорони калон Саидов М. Н. (2001-2002), Раззоқов Т.С. (2002-2004), Гулназаров С.Б. (2004-2006), (2013-2018), Зубайдов А.Ҷ. (2006-2009), Нарзуллоев Б.Х. (2009-2013) Ёров С,Б, (2018) бар дӯш доштанд ва аз моҳи сентябри соли 2018 то ҳоло роҳбарии факултаи мусиқӣ- омӯзгориро дастпарвари факултаи мазкур Шарофидинзод М.Ш ба ӯҳда дорад.
Тайи солҳои гузашта дар факулта ҳунармандони халқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, профессорон Карим Ҳалимов, О. Ғуломов, устодон Кенҷаев С., Хромченко И.Л., Ҷумъаев Ҳ., Юсупов Я., Бозоров М., Соҳибов Т., Аббосов Т., Холмуродов С., Ҳофизов А., Ермизин А., Тушенок К., Қаюмов Қ. ва дигарон кор ва фаъолият намуда, дар таълим ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи мазкур саҳми босазо гузоштаанд. Дар байни дастпарварони факулта ҳунармандони маъруф, Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунармандони шоистаи ҷумҳурӣ шодравон Кароматулло Қурбонов, Усмоналӣ Раҳматов, Афзалшо Шодиев, Авазмурод Шоҳимардонов, Кимиё Ҷӯраева, ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик Сӯҳроби Маҳмуд, Сироҷиддин Фозилов, Баҳодури Ғаффурзод, Малика Саидова, Абдумаҷид Бердиев, ҳофизони боистеъдод Баҳрулло Абдуллоев, Алишер Қаноатзода, омӯзгорони шинохта Гулмаҳмад Файзуллоев, Қобилҷон Почоев, Юсуф Каримов, Иброҳим Саидов, Акбар Мухторов ва дигаронро номбар намудан мумкин аст, ки дар рушди маориф ва фарҳанги миллӣ нақши босазои худро гузоштаанд. Ҳоло дар факулта устодони варзида, профессорон Фируз Улмасов, дотсентон Давлат Ёров, Сафар Гулназаров, Султонмурод Ёров, Баҳрулло Нарзуллоев, Тағоймурод Раззоқов, Шамсиддин Гурезов, Саодат Маҳмудова, Нигина Раҳмонова, Мақсуда Ғафурова, Қурбоналӣ Ёқубов, омӯзгорони калон Аброр Болтаев, Зарина Атоева, Хосият Шарифова, Мустафо Саидов, Муслиҳиддин Шарофиддинзод, Пайрав Холов, Маҳмадулло Тошов, Саидмаҳмуд Саидҳомидов, Қобил Шарипов, Сураё Ҷураева, Дилбар Шарипова, консертмейстерони дараҷаи олидошта Осуда Насруддинова, Фирӯза Комилова, Азиза Турсунова, ва дигарон ба шогирдон илму ҳунар меомӯзонанд. Устодон ба донишҷӯён аз нозукиҳои илми назарияи мусиқӣ, сарояндагию навозандагӣ, дирижёрӣ, созҳои гуногуни мусиқӣ ва ғайра дарс мегӯянд.
Устодони факулта ғайр аз таълиму тадрис, инчунин ба корҳои илмию эҷодӣ низ машғуланд. Онҳо то имрӯз шумораи зиёди номгӯй маҷмӯаю барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, нишондоду дастуруламал ва теъдоди зиёди мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, илмӣ-мубоҳисавӣ, проблемавӣ ва тадқиқотӣ таҳия намуда, ба чоп расонидаанд. Аз ҷумла, китобҳои дарсии «Суруд ва мусиқӣ» барои хонандагони синфҳои 1-4 (муаллиф Ҷ. Обидпур) ва синфи 3 (Сафари Гулназар) -и макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, маҷмӯаҳои таълимии «Хоршиносӣ ва методикаи таълими хор», «Схемаҳои дирижёрӣ» (Ҳабибов Ш), «Навои дутор», (Ёров Д. дар ҳаммуаллифӣ бо Қ. Қурбониён), «Бонувони дуторӣ» (Ёров Д), «Ғиҷҷакчии наврас» (Ҳофизов А), «Ҳусни замин» (Ҳабибов Ш., Исоқова Т.), «Савту навои об» (Ҳабибов Ш., Атоева З.), «Хрестоматия- сурудҳои хорӣ аз эҷодиёти композиторони тоҷик» (Қучқоров Д.), «Сурудҳои бачагона» (С. Гулназар, Х. Шарифова), «Гулбоғи кӯдакон» (Х. Шарифова), барномаҳои таълимии «Таҳияи хорӣ» ва «Синфи хорсароӣ» (тартибдиҳанда Д. Қучқоров), «Хоршиносӣ ва методикаи таълими хор» (Ш. Ҳабибов), «Назарияи таълими дарси мусиқӣ дар мактаб», «Педагогика ва психологияи мусиқӣ» (С. Гулназаров), «Дарси ғиҷҷак» (А. Ҳафизов), «Дарси рубоб» (А. Зубайдов), «Фортепианнои умумӣ» (З. Атоева ва Ш. Ҳабибов) ва ғайраҳоро номбар кардан мумкин аст, ки имрӯзҳо мавриди истифодаи васеи донишҷӯёну устодони донишкада ва дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қарор доранд.
Омӯзгорони факулта ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳ ва сифати машғулиятҳо ва корҳои эҷодӣ дар факулта вобаста ба барномаҳои таълимӣ ва талаботи имрӯза ҷараён гирифта, дараҷаи маҳорат ва малакаи иҷрокунандагии шогирдон раванди ташаккулёбиро дар бар гирад. Тасдиқи ин гуфтаҳоро дар мисоли ансамблҳои «Бонувон» (роҳбари ансамбл Шарипова Дилбар) , «Шашмақом» (роҳбари ансамбл омӯзгори калон Бобоев Бахтиёр) «Фалак» (роҳбари ансамбл Дамдоров Ифтихор), «Ансамбли донишҷӯён» (роҳбари ансамбл Тошов Маҳмадулло) гуфтан ҷоиз аст, ки дар таҳия ва тарҳрезии барномаҳои он саҳми кафедраҳои тахассусӣ назаррас буда, ансамблҳои мазкур бо барномаҳои ҷолиб дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии донишкада ва берун аз он доимо баромад мекунанд. Кори хуби эҷодӣ ва иҷрокунандагии хори таълимӣ (роҳбари хор омӯзгори калон Пайрав Холов) ва оркестри созҳои миллии факулта (роҳбари оркестр омӯзгори калон Маҳмадулло Тошов)-ро низ номбар кардан ба мақсад мувофиқ аст, ки ҳамеша бо суруду оҳангҳои дар васфи Ватан, сулҳ ва миллат эҷоднамудаи оҳангсозони шинохта дар консертҳои ҳисоботӣ, чорабиниҳои фарҳангии сатҳи донишкада ва ҷумҳуриявӣ баромад намуда, дар тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ахлоқию созандагии ҷавонон нақши муҳим мебозанд.
Ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, ки яке аз ҷанбаҳои ҷудонашавандаи таълиму тарбияи мутахассисони оянда дар факулта ба ҳисоб меравад, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола тибқи фармони ректори донишкада ва талаботи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси санъати мусиқӣ аз 1.09. то 17.05. ва донишҷӯёни курси 3-юм аз 01.02. то 16.05. дар асоси шартномаи тарафайн оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ-ҳунарӣ ва таълимӣ ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе барои таҷрибаомӯзӣ ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ аз 1.09. то 17.05. ва донишҷӯёни курси 3-юм аз 01.02. то 16.05. дар асоси шартномаи тарафайн оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ-ҳунарӣ ва таълимӣ ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе барои таҷрибаомӯзӣ баширхоргоҳ-кудакистонҳои шаҳри Душанбе ҷалб гардида, бо ин восита барои бо ҳам омезиш ёфтани донишҳои назариявӣ ва кори амалӣ, ҳамзамон дар оянда ба камол расидани мутахассисони варзидаи ин соҳа заминаи мустаҳкам гузошта мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки агар якчанд сол пеш факулта аз нарасидани утоқҳои таълимӣ ва машқӣ, созҳои хушсифати мусиқӣ, нарасидани мизу курсиҳои замонавӣ танқисӣ мекашид, ҳоло бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти донишкада ин мушкилот пурра бартараф гардида, шогирдони факулта дар синфхонаҳои озода, тозаю барҳаво ва таъмин аз созҳои мусиқӣ дарс мегузаранд. Барои устодон ва донишҷӯён шароити таълимӣ муҳайё карда шудааст.
Ҳоло дар факулта чор кафедра амал мекунад, ки инҳо кафедраҳои созӣ-иҷрокунандагӣ, тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ, санъатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ, ва фортепианно ва гузориши овоз мебошанд.
Факултет дорои 5-шӯъба (шӯъбаи санъати мусиқӣ, таҳсилоти томактабӣ, санъатшиносӣ, магистратура, ва доктор Phd) мебошад. Ҳайати омӯзгорону профессорони кафедраҳои мазкур ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳ ва сифати машғулиятҳо ва корҳои эҷодӣ дар факултет вобаста ба барномаҳои таълимӣ ва талаботи имрӯза ҷараён гирифта, дараҷаи маҳорат ва малакаи касбӣ-иҷрокунандагии шогирдон раванди ташаккулёбиро дар бар гирад. Натиҷа он аст, ки ҳамасола аз тарафи роҳбарияти донишкада барои дастовардҳои хуби касбӣ-эҷодӣ ва маҳорати баланди иҷрокунандагии донишҷӯён бо стипендияҳои номӣ қардони карда мешаванд.
Ҳайати профессорон ва устодони факултет кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷиҳати таълиму тарбияи шогирдон дастаҷамъона амал намуда, роҳу усул, методҳои таълими дарсҳо, бахусус сатҳ ва дараҷаи дарсҳои тахассусӣ эҷодиро баланд бардошта, мундариҷа, сохт ва нақшаву рафти дарсҳо ва таълими мавзӯъҳои дарсиро тибқи талаботҳои стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ, ба роҳ монанд.