Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндагони Кумитаи марказии ҲХДТ ва Академияи миллии Тоқикистон, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада бахшида  ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, зикр намуд, ки ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

Аз рўзњои нахустини роњбарї Пешвои миллат тамоми кўшишу зањмати хешро барои поин бахшидани љанги таҳмилии шањрвандї, тањкими сулњ ва вањдати халќи тољик равона сохтанд ва дар ин љода бо аз худ гузаштанњову љонбозињо муваффаќ шуданд. Мардуми шарафманди тоҷик ҷонфидоиҳо ва корномаҳои бемисли Роҳбари ғамхори худро дида, борҳо ба унвонии ниҳодҳои сатҳи баланди давлатдорӣ аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нома навишта, хоҳиш намуданд, ки ба хотири арҷ гузоштан ба низоми идории президентӣ, ки ҷодаи моро ба сӯи ормонҳоямон ҳамвор намуд, рӯзи 16 ноябрро дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, онро ҳамасола ҷашн гиранд. Ва ниҳоят 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад

Зикр гардид, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар саросари мамлакат 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани ин санаи таърихӣ нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.

Ректори донишкада иброз дошт, ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.

Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.

Сипас, меҳмонони ташрифоварда нуктаи назари худро баён намуда, дар умум тазаккур доданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаю фарњангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ халќи тољикро дар љањон дубора њамчун миллати фарњангдўст ва тамаддунофар шинохтанду эътироф карданд.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегиранд.

Баъд аз анҷоми суханрониҳо барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино