Халқи тоҷик аз оғози таърих барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати тамаддунофару фарҳангпарвар эътироф гардида, то имрӯз чунин эътибори баландро ҳифз намудааст. Маҳз бо назардошти чунин ҳолат имрӯз дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба тамаддуни ниёгон, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва рушд додани он мақоми хоса дорад. Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ бо барномарезиҳои махсус талош намуданд, то арзишҳои фарҳангии миллатро ҳимоя ва рушд диҳанд. Аз ҷумла эҳёи фарҳанги моддиву маънавӣ, таҷлилу пос доштани бузургони миллат, эҳё ва азнавсозии маконҳои таърихиву фарҳангӣ, бунёди садҳо боғу театрҳои миллӣ ва номгузории хиёбону шаҳрҳо ва ғайра дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат амалӣ гардиданд.
Воқеан, фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Таъкид намудани як нукта бисёр муҳим аст, ки фарҳангсолор ва тамаддунофар будани миллати тоҷик аз ҷониби даҳҳо созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву марказҳои илмии бузург исботи худро ёфтааст. Дар ин маврид таъкид намудани ҳамин нукта кифоя аст, ки яке аз маконҳои таърихии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимони ҷаҳонӣ қадимтарин макони таърихӣ эътироф шудааст, шаҳри Саразм мебошад. Ин дидгоҳро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштаанд: “Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Масалан, танҳо таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад”. Ҳамзамон, дар шароити соҳибистиқлолӣ арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда шуда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад. Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад. Соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон–Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500– солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022–2023 пазируфта шуд, ки ин ҷашнвораро кишвар дар сатҳи байналмилалӣ баргузор намуд.
Инчунин, соли 2021 ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» — ро ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Чунин ҳолат қадами дигаре дар рушди фарҳанги миллии мо арзёбӣ карда мешавад.
Дар соли 2025 бошад, зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони соҳа ва коршиносони варзидаи тоҷик тавонистанд силсилаёдгориҳои ҳудуди таърихии «Хуттали Қадим» -ро бо фарогирии 11 ёдгории таърихии вилояти Хатлони имрӯза ба Феҳрасти асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил намоянд.
Бояд зикр намуд, ки то имрӯз ба хотири ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар кишвар як қатор ташаббусҳои созанда амалӣ гардиданд, аз ҷумла: оммавӣ гардонидани либоси миллӣ ва арҷ гузоштан ба он, дар майдони шаҳри Душанбе гузоштани муҷассами Исмоли Сомонӣ, таҷлили 3000 солагии шаҳри Ҳисор, 2700 солагии шаҳри Кулоб, тармими мақбараву қалъаву кушкҳои таърихӣ аз қабили Хоҷа Машҳад, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Қалъаи Бешкент, Ҳулбук, Хуҷанд, Қалъаи Вомар, Ҳисор, Дарвоз, Панҷакент ва ғайра, мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ, таҷлили солгарди бузургони ниёгон муҳимтарин ташаббусҳое буданд, ки дар самти муаррифии фарҳанги миллӣ ва рушди он дар ҷумҳурӣ ба анҷом расиданд. Албатта, ҳамаи ин иқдомоти сутуданӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд.
Тавре Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, дар баробари ин ҳама ташаббусҳо ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар самти ҳифзу ҳимоя ва рушди фарҳангу маънавиёти миллати худ фаъолнокии бештар зоҳир намояд. Албатта, дар ин раванд арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.
Ба ҳама маълум аст, ки таҳдиду чолишҳои ҷаҳони муосир ба хотири нобудии фарҳангҳои бузург равона гардидаанд. Дар чунин шароити мураккаб иҷрои вазифаҳои болозикр барои ҳар як фарди огоҳ хеле муҳим аст. Имрӯз ҳамон тавре, ки Ҳукумати кишвар ҳифз ва рушди фарҳанги миллиро дар авлавияти сиёсати худ қарор додааст, бояд ҳар як шаҳрванд низ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва ҳимояи онро аз хатарҳои муосир дар меҳвари фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳад.
Докторант PhD., омӯзгори калони кафедраи фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода
Мирзошариф Абдусаломов
