(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти модари олиқадри Пешвои миллат- Майрам Шарифова)

“Нақши зан-модари тоҷик дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибкасб рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд мебошад”.

                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳар давру замон бузургтарин неъмати зиндагӣ — модар аст. Ӯ бо меҳру муҳаббат, сабру ҳиради худ на танҳо фарзанд, балки ояндаи миллатро парвариш медиҳад. Аз домони поки чунин модарони фарзона мардоне ба камол мерасанд, ки роҳи миллатро равшан мекунанд, Ватанро аз озмоишҳои сахт мегузаронанд ва онро ба сӯи шукуфоӣ мебаранд.

Модари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз чунин занони қаҳрамон ва бофарҳанги тоҷик буд. Ӯ зани оддӣ, вале бо дили бузург буд, ки фарзандонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ростқавливу самимият ва муҳаббат ба инсон тарбия дод. Дар давраи пурошӯб ва сахти таърих, ки мардум бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ буданд, ин модари некбин бо сабру таҳаммул фарзандони  худро ба роҳи некиву накукорӣ раҳнамоӣ кард.

Майрам Шарифова, зани меҳнатдӯсту отифа, аз  ноҳияи Данғара, аз зумраи занони хоксор, поквиҷдон ва саропо муҳаббат, ки зиндагияш пур аз шебу фарозҳо ва  фидокориҳо буд. Сабру таҳаммули мушкилоти рӯзгор Ӯро  рамзи сабру матонат ва ифтихори тамоми занони тоҷик гардонид.

Соли 1952, вақте ки Майрам Шарифова 42-сола буд, Худованд ба ӯ фарзанди хирадманду боирода ато кард, ки номашро Эмомалӣ гузоштанд ва ин модари барнодил зери домони поки худ Пешво ва наҷотбахши миллатро бо муҳаббат парвариш намуд.  Модари ин тифли зебо  бо дилу имон эҳсос мекард, ки фарзандаш як инсони комил бо ояндаи рушан ва дар хидмати Ватан ба воя мерасад. Ба ин хотир аз рӯзҳои аввал  ин тифли зеборо дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ, ростгӯӣ ва муҳаббат ба инсон тарбия мекард. Майрам Шарифова ҳамеша таъкид менамуд: “Фарзанд бояд меҳнати мардумро қадр кунад ва ба халқи худ содиқ бошад”.

Бо ҳамин рӯҳияи пок ва тарбияи одилона, вай фарзандашро ба шахсе табдил дод, ки минбаъд сарнавишти миллатро тағйир дод мардуми дар тули таърих ҷабрдидаи моро аз зулумот ба нур баровард.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон низ Истиқлолияти худро ба даст овард, вале таҳкими он мушкилоти ҷиддӣ ба бор овард. Разилоне пайдо гаштанд, ки мехостанд зимоми қудратро ба даст бигиранд. Аз ин рӯ дар маркази ҷумҳурӣ  бесарусомонӣ, гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, ғоратгарӣ, куштор, гаравгонгирӣ ва латтукӯбҳои одамони бегуноҳ ба вуҷуд омаданд. Ин ҳолат ҷомеаро ба тарсу ваҳм, яъсу ноумедӣ ва нобоварӣ ба давлат овард ва хатари парокандашавии Тоҷикистонро ба миён гузошт.

Дар кишвар шахсияте, ки метавонист мардумро муттаҳид созад, пайдо намешуд. Роҳбарони давлат ва дигар сохторҳои калидӣ зуд-зуд иваз мешуданд ва вазъ рӯз ба рӯз бадтар мегардид. Оқибати гирдиҳамоиҳову ғоратгариҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт. Ҷанги таҳмилие, ки то имрӯз аз гулӯи модари тоҷик талхии он нарафтааст. Ба қавли бузургон “ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд” ва он боиси ба қатл расидани ҳазорҳо нафар гардиду садҳо ҳазори дигарро гуреза сохт.

Ягона ниҳоди фаъол дар он давра Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, вале дар Душанбе баргузор кардани иҷлосия имконнопазир буд. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Шаҳри Душанбе моҳияти сиёсиро ҳамчун пойтахт ва хонаи умеди тамоми мардуми Тоҷикистон аз даст дода буд. Аз ин рӯ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, шаҳри Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ором буд, баргузор гардид ва аз ҳамин ҷо иқдомҳои аввалин барои барқарории сулҳ ва ҳокимияти конститутсионӣ шурӯъ ёфтанд”.(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2012. 16 ноябр).

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қадами таърихӣ ва тақдирсоз дар саҳифаҳои давлатдории кишвар сабт гардид. Яке аз масъалаҳои муҳим интихоби Сарвари нави давлат буд — вазифае, ки барқарорсозии сохторҳои нотавоншудаи давлат, таъмини волоияти қонун ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандиро талаб мекард. Вакилони мардумӣ бо овоздиҳии пӯшида, 186 дарсади овозҳоро ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон доданд ва Ӯ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба таъкиди Мартин Лиз, раиси Донишгоҳи сулҳи СММ: “Иҷлосияи XVI қарори ҳирадмандона ва тақдирсоз қабул кард — Эмомалӣ Раҳмон Раиси парламент ва Сардори давлат интихоб шуд. Пас аз ин қарор раванди сулҳ оғоз ёфт”.

Дар давоми иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки пояи эҳё ва ташкили сохторҳои давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва қабули Конститутсияи навро ҳамчун шоҳсутуни давлат гузоштанд. Конститутсия истиқлолият ва ҳуқуқбунёдии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфт ва неруҳои сарҳадбонӣ ташкил шуданд. Баргардонидани зиёда аз як миллион гуреза ва барқарор кардани манзилҳои харобгардидаро низ оғоз карданд. Рамзҳои давлатӣ — Парчам ва Нишони давлатӣ — орзуву ормонҳои мардум ва ҳувияти миллиро баён карданд.

Иҷлосияи XVI нақши таърихӣ ва тақдирсоз дошт ва заминаи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, сулҳ ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон, вақте Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ҳамагӣ 40 сол дошт. Дар аввалин суханронии худ таъкид намуд, ки он: “Ман ба шумо сулҳ меорам”! ин каломи ширину гуворои ҷавонмарди ватандӯст ба дили мардуми ранҷдидаи мо умеду орзуро кошт. Ҳарчанд, дар он шабу рӯзҳо  роҳбарону мақомдорон ба ояндаи неки кишвар бовар надоштанд ва бо ҳар роҳу восита худро аз саҳнаи сиёсат канор мегирифтанд. Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи комил  ва садоқат ба Ватан  раванди сулҳро дар Тоҷикистон оғоз кард.

Пешвои миллат дар чандин баромадҳои худ таъкид варзиданд, ки “дар он шабу рӯзҳои нооромӣ ман шабро дар ҳуҷраи кориам рӯз мекардам”. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбари азизи миллат шабонарӯзӣ дар фикри тинҷиву оромӣ ва гирифтани пеши роҳи қатлу куштор буданд. Ваъдаи “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Пешвои миллат, амалӣ гардид. Пеши роҳи ҷангу хунрезӣ гирифта шуд ва сад шукр, ки бо роҳбарии ин марди Оқилу Фарзона имрӯз Ватани азизи мо ба таври бесобиқа рушд мекунад. Тоҷикистон ба зеботарин ва амнтарин кишвари олам мубаддал гашт.

Ҳар як муваффақияти Пешвои миллат реша дар тарбияи модарона дорад. Зеро танҳо модар метавонад дар дил ҳисси инсонгароӣ, вафодорӣ ба Ватан ва муҳаббат ба халқи худро ҷой диҳад. Маҳз ҳамин эҳсосоти пок ӯро ба як Пешвои ҳақиқии миллат табдил дод — Пешвое, ки дар ҳар суханаш меҳри модар ва садои дилсӯзи халқро эҳсос кардан мумкин аст.

Имрӯз, вақте ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдат ва шукуфоӣ зиндагӣ мекунад, ҳар як шаҳрванди кишвар бо ифтихор мегӯяд: «Ин ҳама аз дуои модар оғоз ёфт», зеро  Модар танҳо фарзандро таваллуд намекунад — балки дар дили ӯ миллатро бедор месозад.

Модари Пешвои миллат, мисли ҳамаи модарони тоҷик, рамзи меҳр, муҳаббат ва садоқат аст. Ӯ бо тарбияи фарзанди худ исбот намуд, ки қувваи ҳақиқии миллат дар домони поки модар ба камол мерасад. Имрӯз миллат бо ифтихор ба чунин фарзанди фарзона — Эмомалӣ Раҳмон, ки  Пешвои миллат ва Қаҳрамони Тоҷикистон аст, менигарад ва шукр мекунад, чунин Роҳбари Оқилу Ватандӯст дорад.

Ӯ идомадиҳандаи роҳи модарест, ки ӯро бо орзӯҳои нек, бо дуоҳои самимӣ ва бо рӯҳи пок тарбият намуд. Дар ҳар лаҳзаи зиндагии мо, дар ҳар гӯшаи Ватан, ном ва кори Пешвои миллат ҳамчун рамзи шуҷоат, сулҳ ва ваҳдат садо медиҳад. Бале, ҳақ ба ҷониби бузурге, ки фармуда: «Модар — на танҳо инсон, балки сарнавишти миллатро меофарад!»

Майрам Шарифова соли 13-ноябри соли 2004, дар синни 94-солагӣ, ба Ҳақ пайвастанд ва номи неку кори некашонро дар қалби пиру барнои миллат абадан сабт сохтанд. Дар биҳишт ором гирад он модари меҳрубоне, ки дунёро бо муҳаббат зебо кард…

“Аз хурдӣ тарбия карданд, аз хурдӣ ҳама корҳояшонда кумак мекардам, ҳамеша дар паҳлӯяшон будам, хоҳарчаам хурдсол буданд, кори рӯзгордорӣ, зиндагӣ, чорводорӣ доштем, хонаба камтар замин буд, зироатам мекардем, сабзавоту картошка мекардем… Панҷаҳоша ман дар ноҳияи Санговор гуфтам, панҷаҳош дасти як ҷавонмард барин, ҳамин..(чашмонашон пур аз ашк мешаванд) кор када ҷшидагӣ аст.. Модардорӣ, падардорӣ бисёр як давлати бузург аст. Ина ёфта намешавад дигар, харида наметавонӣ, ҳамин кадар хизмат кардам, бо баъзан шабҳо хобам намебарад, ҳамеша саволҳо пеш меояд, чаро ин корро накардам, ки модарам як моҳи дигар бо мо мемонд, барои чӣ ин корро накардам… Лекин модар барои тарбияи ман бисёр хизмати бузург карданд, он суханони меҳрубононае ки модар ба фарзандаш мегӯяд, ягон каси дигар гуфта наметавонад, ягон фарди дигар, на зан на фарзанд, ягон кас, ин кадар суханони меҳрубононае мегуфтанд, ҳеч гоҳ аз ягон нафар нашунидаам. Модар азият кашидаст дар вақти таваллуд, ё бедорхобие кашидааст дар сари гавҳора … Ман инро доим мегӯям, чӣ қадар хизмате накунем, барояшон, аз сарашон тилло ки нарезем, ҳама хизмати мо дар назди модар ба як шаб бедорхобихе, ки сар гавҳора модар менишинад, баробар намешавад…”(Суханрониҳои Пешвои миллат дар Рӯзи модар)

Ин суханони самимии Пешвои миллат, ки модари худро бо муҳаббат васф намудаанд, садои дилҳои ҳамаи фарзандони ватандӯстро бедор месозад. Зеро модар ҳамеша сарчашмаи меҳру нуру садоқат будаасту мемонад.

Бо тамоми самимият ва дилгармӣ ҳамаи Шумо — модарони азиз ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Рӯзи Президент табрик мегӯям. Модароне, ки бо меҳру муҳаббат фарзандонашонро ба роҳи нек раҳнамоӣ мекунанд ва на танҳо оила, балки тамоми миллатро бедор месозанд. Дуои нек ва меҳру муҳаббати модари оликадри тоҷиконро ба ҳар яки Шумо таманно мекунам. “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Омин, бачам. Камоли умр, зиёи давлататон, тани сиҳататон, талаби муродотон. Илоҳо, ба камоли пирӣ бирасед, арчаи сабзатон кунад, Хӯҷаи Хизр роҳбаратон шавад, дар сафи ҷавонон, дар паноҳи Худо доим сарбаланд бигардед…”.

 

Омӯзгори кафедраи журналистикаи

телевизион ва радиошунавонии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”

Умарова Муқаддас