Тавре огоҳ ҳастем Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба ин кишвар сафари корӣ намуданд. Дар аснои сафар санаи 6 ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот анҷом доданд. Дар ин вохўрӣ як қатор масъалаҳои муҳими умумибашарӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишвари мо ва ИМА баррасӣ гардид. Аз ҷумла сарвари давлат зимни вохўрӣ ба аҳамияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон дар ҳошияи ин ҳамоиш қайд гардид, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ карда шуд. То ҳанӯз имконияти сармоягузориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир мусбат арзёбӣ карда мешавад.
Дар доираи Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) Пешвои миллат аз захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географии Тоҷикистон ёдовар гашта, омодагии ҷониби кишварамонро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи «энергияи сабз» ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя иброз намуданд. Ҳамоиши мазкур сар аз 19 сентябри соли 2023 сиғаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тариқи баргузории Вохӯрии нахустини сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ба сатҳи олӣ бароварда шуд.
Дар рафти нишаст сарони давлатҳо роҷеъ ба масъалаҳои муштараки минтақавӣ, муқовимат ба чолишу хатарҳои муосир, рушди робитаҳои тиҷоратӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар самти энергетика ва ҳифзи иқлим, ҷалби сармояи ИМА ба соҳаҳои афзалиятнок табодули афкор намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд. Соли 2006 бинои нави Сафорати ИМА дар Душанбе бунёд гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд. Равобит бо ИМА яке аз маҳакҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзуоти мавриди назари ҷонибҳо пеш бурда мешаванд. Ҳамчунин, ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин масоили умдаи глобаливу минтақавӣ, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир низ дар доираи ин ҳамкориҳо пайваста ба назар мерасад. Тайи солҳои охир ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳои Тоҷикистон ва ИМА, дар самти сармоягузорӣ ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон ба назар мерасад ва ба ин масъала дар суҳбати сарони давлатҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расидааст, ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2023 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 ба андозаи 132% баробар аст. Дар ин робита як нукта қобили зикр аст, ки таваҷҷуҳи Конгресс ва роҳбарияти олии ИМА ба робитаҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон тайи солҳои охир афзуда, 23 ноябри соли 2024 сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз иёлати Монтана (аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳон), узви Кумитаи Сенати ИМА доир ба энергетика ва захираҳои табиӣ ҷаноби Стив Дейнс бо сафари корӣ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард. Дар рафти ин сафар сенатори Амрикоӣ бо роҳбарияти кишвар ва Парлумон мулоқот намуд, ки натиҷаҳои ин мулоқот судманд арзёбӣ карда мешавад. ИМА дар тӯли 34 соли ҳамкорӣ (1992-2025) ба Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ кумакҳои техникиву молиявӣ пешниҳод кардааст.
Хулоса натиҷаҳои сафари Пешвои миллат ба ИМА пеш аз ҳам ба муносибатҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ заминаи хубе ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон метавонад бо назардошти иқтидори иқтисодии худ тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад. Дар рушди муносибатҳои ду кишвар сафарҳои расмии сатҳи баланд ва вохӯриҳои намояндагони Тоҷикистон ва ИМА, ки зимни онҳо ҳолати пешрафти масъалаҳои рӯзномаи ҳамкории ҷонибҳо ва дурнамои онҳо баррасӣ мешавад, нақши муҳим дорад.
н.и.и. омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
Асомуддини Рамазони Каримзода


