Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳоро гуногунсатҳро бароҳ мондааст, ки оромонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷикро дар амал тадбиқ менамояд. Дар консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкории ҳасанаро бароҳ монда,  равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дар авлавият қарор медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои абарқудрат ба монанди ИМА дар сатҳи баланд қарор дода шуда, дар ҳолати рушдёбӣ мебошад.

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 6-уми ноябр сурат гирифт як қадами нав дар самти тақвият ёфтани ҳамкориҳои стротегии ИМА ва Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Бояд зикр намуд, ки сафари мазкур бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америко Тоналд Трамп ба амал омадааст. Дар вохӯрӣ самтҳои муҳими масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст барои даъват ва пазироии гарм ба Президенти ИМА изҳори миннатдорӣ намуданд. Сарвари давлат дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар пасманзари рақобати афзояндаи қудратҳо ва таҳаввулоти иқтисодии ҷаҳонӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба минтақаи Осиёи Марказӣ бо диди нав менигарад. Қолаби «С5+1» – барномаи дипломатии ИМА бо панҷ кишвари минтақа акнун метавонад аз марҳилаи рамзӣ ба сатҳи амалии ҳамкорӣ гузарад.

Лозим ба зикри хос аст, ки ин ҳамоиш пас аз сафари фиристодаи хосаи президенти ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серхио Гор ва муовини котиби давлатӣ Кристофер Ландау ба минтақа тарҳрезӣ шудааст. Дар ин дидорбинии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ҷонибҳо дидан намуданд, ки ин аз қабили  «ҳамоҳангсозии масъалаҳои сармоягузорӣ, ҳамкориҳои  муҳим дар самти логистикаи минтақавӣ» маҳсуб мегардад. ИМА мекӯшад дар минтақа ҳамзамон бо иқтисод, амният ва “нерӯи нарм”, яъне ҷаззобият, фарҳанг, арзишҳо ва эътибораш таъсиргузор бошад ва мавқеи худро мустаҳкам созад.

Дар  ин сафар муаян карда шудааст, ки Амрико бештар ба се самт таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.  Аввал –захираҳои стротегии минералҳои нодир, ки барои саноати баланди технологӣ аҳаммияти муҳим доранд, дуюм – долонҳои транзитӣ ва логистика, аз ҷумла “Шимол-Ҷануб” ва “Шарқ-Ғарб” ва сеюм – амният ва суботи минтақавӣ, ки бе он сармоягузорӣ ва рушди устувор имконнопазир аст.

Раванди мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятест барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои нави тиҷоратӣ ва транзитӣ мебошад. Инчунин дар бахши амният ҳамкориҳои бо ИМА дар доираи С5+1 таъмин ва муборизаҳои муштарак бар зиддӣ хатарҳои ҷойдошта мебошад.

Дар вохурии мазкур ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад.   Дар ин зимина алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ,  аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд.

Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба назардошти иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.

 

Мудири кафедраи педагогика ва

рақамикунонии низоми иттилоотӣ

дар фарҳанги МДТ

“ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”,

КОМРОН Фозилов