Омӯзгорони арҷманд, устодони азиз, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр!

Шуморо ба муносибати 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

31 сол муқаддам — 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад. Дар он рӯз сокинони кишвар, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуданд.

Миллати шарафманди мо аз азал давлатдору эҷодгари қонун буда, дар сарчашмаи ҷодаи қонунофарии башарӣ қарор дорад, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир гувоҳи ҳақ аст. Конститутсияи мо соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишварро таъмин намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлатро ҳамчун меъёрҳои пойдору устувор эътироф намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронї дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, 6 ноябри соли 2024 таъкид карданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Воқеан, амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат буда, мо аз зумраи миллатҳои озодаву озод ва босаодат ҳастем, ки соҳиби Конститутсияи худ мебошем.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам, комгору саодатманд бошед.