Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ба муносибати 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорбинии фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада, номзадии илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро самимона табрику муборакбод намуда, тазаккур дод, ки 31 сол муқаддам — 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад.
Ректори донишкада қайд намуд, ки Конститутсияи мо соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишварро таъмин намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлатро ҳамчун меъёрҳои пойдору устувор эътироф намудааст.
Таъкид гардид, ки дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд. Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад, ки аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Сарвари муассиса зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ бори дигар таъкид намуданд, Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи Истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Турсунзода Ҳабибзода Зоҳир Иззат андешазои худро доир ба мақому ҷойгоҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Конститутсия шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад ва Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон доимо таъкид мекунанд, ки танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд. Мо дар партави дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Пешвои миллат Конститутсия ва қонунҳоро эҳтиром ва риоя намуда, дар роҳи ҳифз намудани истиқлолу озодии ватани маҳбубамон рисолати худро содиқона ба ҷо меорем.
Дар доираи чорабинӣ аз тарафи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ба як қатор устодони донишкада шаҳодатномаи ҳизбӣ ва сипоснома дода шуд.
Дар анҷом барномаи идонаи омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши меҳмонон ва ҳозирин гардид, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ СИНО























