Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода» бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори он котиби Шурои олимони донишкада Қудратов Сино, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Хоҷаев Ҷамшед, дотсенти кафедраи мазкур Имомалиева Раъно, омӯзгорони калони кафедра Кенҷаев Ҳошимхуҷа, Холиқов Диловар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро котиби Шурои олимони донишкада Қудратов Сино ҳусни оғоз бахшида, андешаву мулоҳизаҳояшро доир ба ҷойгоҳ ва мақоми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ба ҳамагон маълум аст, ки 31 сол муқаддам — 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллиамон нақши сарнавиштсоз дорад. Дар ин рўз сокинони кишвар, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуданд.

Мавсуф зикр намуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, 6 ноябри соли 2024, таъкид карда буданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Сипас, устодони кафедра Имомалиева Раъно ва Кенҷаев Ҳошимхуҷа доир ба таърихи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши таърихии он дар ташаккули давлати соҳибистиқлол, инчунин аҳаммияти Конститутсия дар таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маърузаҳо намуданд.

Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аввалин Конститутсияи давлати мустақили тоҷикон қабул гардид, ки он санади сарнавиштсоз ва пояи ҳуқуқии давлатдории навини миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни маҳфили мазкур Шарифов Шамил донишҷўи курси 2-юми ихтисоси кори осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, дар мавзуи “Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ” маъруза омоданамудаи худро ироа намуд.

Донишҷӯён дар муҳокима бо шавқу завқи хос ширкат варзида, андешаҳои хешро дар бораи рушди қонунгузорӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ баён намуданд.

Дар анҷом миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, зикр намуданд, ки омӯзиши амиқи Конститутсия ва эҳтиром ба он қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, хусусан барои шогирдон, ки бахше аз рисолати онҳо ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлат мебошад.

 

мудири кафедраи фанҳои ҷомешиносӣ

Хоҷаев Ҷ.Ф.