ПЕШВОИ МИЛЛАТ-МУБАЛЛИҒИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАТБИҚКУНАНДАИ БАРНОМАҲОИ ҲХД
(Чанд андеша дар ҳошияи Барномаи пешазинтихоботии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши кор бо ҷавонон ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
6-уми ноябр барои мардуми кишвар санаи муқаддас аст. Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори дигар конститутсияҳои кишварҳои мутараққӣ яке аз санадҳои демократитарин эътироф гашта, тамоми ҳуқуқу озодиҳоро ба мардуми шарифи кишвар фароҳам овардааст.
Бо гузашти солҳо, бешубҳа, мутмаин мегардем, ки асоси пешрафтҳои азим ва рушди пайвастаи иқтисоду иҷтимоъ дар мамлакат ба меъёрҳои конститутсионӣ вобаста ҳастанд.
Бо талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои мардум ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳояшон амалӣ шуда истодаанд, ки Конститутсияи ҷумҳурӣ ба он кафолати воқеӣ медиҳад. Ба таъкиди Пешвои миллат, танҳо қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зарурати такмили низоми қонунгузориро шарти муҳимми пешрафти ҷомеа ҳисобида, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини волоияти қонунро ҳамчун талаботи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти самарабахши низоми сиёсии кишвар эътироф менамояд.
Ҳизби пешоҳанги кишвар дар партави сиёсати «Рӯй овардан ба ҷавонон» тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда, барои рушди зеҳнию ҷисмонии мо-ҷавонон имкониятҳои мусоидро муҳайё менамояд.
Боло бурдани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, идома додани сиёсати «дарҳои кушода» ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои ҷаҳон дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Вақте сухан дар бораи нишондодҳои барномавии Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад, қабл аз ҳама, шиори номзад – “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” пеши назар меояд.
Дар Барномаи пешазинтихоботиашон Пешвои миллат дар 7 бахши мукаммалу фарогир рушди тамоми соҳаҳоро дар солҳои минбаъда ба инобат гирифта, дар бахши хоса тақвият додани сиёсати ҷавонон, занон ва варзишро зикр мекунанд. Яъне дар доираи барнома таваҷҷуҳ намудан ба масоили ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун низоми ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ бояд ба маъное фаҳмида шавад, ки Президенти Тоҷикистон ба ин низом ҳамчун самти афзалиятноки Барномаи пешазинтихоботии худ диққат дода, таълиму тарбия, ташаккулу камолоти маънавию ҷисмонии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари нерӯи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷамъият, муносибату корбарӣ бо ҷавонон дар шакл ва сатҳу сифати нав бо назардошти воқеоту таҳаввулоти ҷаҳони муосирро кафолати татбиқи босамари барномаи мазкур медонанд.
Мушаххасан, бо мақсади дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар ҳафт соли оянда ба таври фарогир амалигардонии силсилаи табдирҳо дар назар дошта мешавад.
Бояд равшанӣ андозем, ки сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз дар кишвар мавқею манзалати хоса дошта, дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон дар Тоҷикистон низ он ба падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ табдил ёфта, барои танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти давлату ҷамъият хизмат мекунад.
Албатта, агар мо-ҳар узви ҷомеа ва масъулини соҳа бо дарки уҳдадориҳои ҷамъиятӣ, касбӣ ва мансабӣ ба ин масъала диққат кунем, таҷдиди назар намудан ба моҳият ва мазмуни сиёсати давлатии ҷавононро дарк менамоем, ки беихтиёр ҳалли як зумра масоилеро рӯи кор меорад ва ҳалли онҳо кафили инкишофи минбаъда ва устувори соҳа ва дар маҷмуъ, кишварамон буда метавонад.
Вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон ва минтақа рӯз ба рӯз мураккаб мешавад ва ин раванд аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар фазои орому осуда баргузор намудани ҳамаи маъракаҳо омодагии боз ҳам ҷиддитар бинем. Ва дар ин шароити ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун воситаи таъсиррасон дар бартараф намудани монеаю зиддиятҳои ҷойдошта нақши муҳим бозида метавонад.
Бояд гӯем, ки интизориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷавонон бисёр нек ва баланд буда, барои тақвият, ҳавасмандӣ ва дастгирии ин қишри тавонманду зеҳнӣ ҳамарӯза тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд. Бубинед, таҷрибаи солҳои охир собитгари он аст, ки ҳар соҳаро акнун мутахассисони сатҳи олӣ роҳбарӣ мекунанд ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш намунаи беҳтарини роҳандозии ин сиёсат аст.
Он бандҳое, ки дар Барномаи пешазинтихоботии худ нисбат ба ҷавонон Пешвои муаззами миллат зикр намудаанд, ба маънии идома ёфтани дастгириҳои доимӣ ва минбаъда ба ҷавонон ҳамчун нерӯи боэътимод ва такягоҳи устувор маънидод мешавад. Раиси муаззами ҲХДТ хуб дарк мекунанд, ки ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон иртиботи ногусастанӣ дорад, маҳз ҷавонон дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъоланд ва мо умеду такягоҳи давлат ҳастем.
Дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардидани интихоботи Президенти Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ин маъракаи сиёсӣ гувоҳи он аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба қудрат ва тавоноии ҷавонон дар таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ эътимоди қавӣ дорад.
Ҳарчанд фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа муайян бошад ҳам, ба танзим даровардан ва зери механизми ягона ҳамчун унсури ҷузъии як воҳиди кул фаъолият кардани тамоми ташкилотҳои кор бо ҷавонон аз авлавиятҳое маҳсуб меёбанд, ки ба татбиқкунандаи ин сиёсат имтиёзҳои бештар бояд дода шавад. Боиси таассуф аст, ки дар шароити кунунӣ низоми кор бо ҷавонон дар дигар вазорату идораҳо бо ваколатдори соҳа дар аксар маврид ҳамоҳанг намегардад. Тақвият бахшидани фаъолияти созмонҳои кор бо ҷавонон, аз ҷумла Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», «Созандагони Ватан» дар заминаи тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти волонтёрон ва гирандагони стипендияҳову ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ хеле муҳим аст.
Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон” ва дигар барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуҳлат дар ин замина бояд асоси воқеӣ дошта бошанд. Моҳиятан, барномаи Пешвои миллат дар назар дорад, ки ба хотири боз ҳам равнақ бахшидани кор бо ҷавонон дар ҷомеа, ҳалли саривақтии мушкилоти ҷавонон, роҳандозии доимии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолият ва таъмини иштироки онҳо дар идоракунии сиёсӣ, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як ҷавони кишвар, таъмини шуғлнокии ҷавонон, дарёфт ва дастгирии доимии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон тадбирҳои амалии саривақтӣ бояд роҳандозӣ шаванд.
Манзур ин аст, ки ҷавонони кишвар бояд набзи ҳаёт ва асри навро ба хубӣ эҳсос кунанд, ҳамқадами асри худ бошанд, талаботи замон ва бозори меҳнатро пайваста эҳсос намоянд, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонанд, онҳоро дар амалия пурсамар истифода карда, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гарданд. Дар меҳвари ин ҳадафҳо бе шакк, ҳимояи манфиат, амният ва суботи давлати соҳибистиқлоламон дар раванди бархӯрдҳои ҷаҳонӣ бо иродаи мустаҳкаму ақлу фаросату хирад ва маънавиёти баланд меистад. Яке аз махсусиятҳои таъкиди “зиракии сиёсиро гум накунед”-и Пешвои муаззами миллат ҳамин аст. Манфиати миллат барои ҳар ҷавони тоҷикистонӣ аз ҳамаи манфиатҳои дигар болотар меистад. Инро бояд ҷавонони мо донанд ва хуб дарк кунанд.
ВАО яке аз рукнҳои аслии пешрафт ва тараққиёт дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷанги сард ба поён расида бошад ҳам, ҷанги сарди дигаре ба номи ҷанги расонаҳо ҷараён дорад.
Таъмини амнияти иттилоотӣ ва бехатарии он ба хотири озодии баён проблемаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳифзи фазои ягонаи иттилоотӣ низ бояд мунтазам мавриди таваҷҷуҳи ниҳодҳои масъул қарор дошта бошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои пешбурди манфиатҳои худ ва паст задани манфиати дигарон давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд.
Шаҳрвандони мамлакат бояд ба иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанба ба василаи ВАО дастрасӣ дошта, дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат ва ҳаёти ҷамъиятӣ иштироки фаъолона дошта бошанд. ВАО барои муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳокимият ва халқ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир дорад. Дарки барвақтии ин масъала ба манфиати ҳамаи қишрҳои ҷомеа аст.
Бояд ёдовар шавем, ки ба фаъолияти ВАО бавосита ё бевосита 6 моддаи Конститутсия иртибот дорад –моддаҳои 5, 8, 30, 40, 42 ва 88.
Ба имзо расидани Фармони №622 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» намунаи хуби ҳамкории давлат бо ВАО аст.
Дар ин замина, оид ба ҳайсият ва шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштан осон нест. Зиндагӣ, корнома ва фаъолияти рӯзмарраи ин чеҳраи пешгому пештоз ва қосиди сулҳу ваҳдати миллӣ дар даҳҳо китобҳои хурду бузург инъикос гардиданд. Маҳз натиҷаи ин кӯшишҳо буд, ки Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд. Ва инак, 16-уми ноябр, ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Роҳи тайкардаи Пешвои миллат росту ҳамвор набуд. Хатар ба ҷисму ҷон ба сӯйи қуллаи мурод – таъмини осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ дар сартосари Тоҷикистон мудовим талош мекарданд. Мардум мехостанд дар кӯчаю хонаҳояшон дигар садои тиру туфанг ва гиряи модарону нолаи фарзандони падаргумкарда баланд нагардад. Дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик наҷотбахши худро дарёфтанд, ки ҳастии худро аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои Ватани маҳбуби худ бахшидаанд.
Яке аз нақшаҳои стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бармеояд, эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд аст.
Дар замони Истиқлол зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба мамлакати ободу амн ва пешрафта табдил ёфт.
Мо метавонем дар бораи ҳар як бахши зикршуда соатҳо суҳбат кунем, аммо моҳиятан кафолати амалӣ доштани онҳо дар симои Пешвои миллат баҳои воқеӣ ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботиашон дониста мешавад.
САИДЗОДА Ш. И.,
номзади илмҳои филологӣ,
мудири кафедраи технологияи ВАО,
аъзои Кумитаи иҷроияи «Оламафрӯз»-и
ДДФСТ дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино
