Конститутсия санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, шиносномаи миллат ва ҳуҷҷати муаррификунандаи моҳияту ҳувияти давлат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти тамоми омилҳои ногувор, дар назди худ мароми бунёди ҷомеаи адолатпеша ва барқарорсозии ҳокимияти конститутсиониро гузошта буд. Албатта, барои равшанфикрон зимни мушоҳида намудани ҷараёни фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, аланга задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва поймолгардии низоми ҳуқуқии кишвар, дурнамои таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳаёти осоишта ва риояи ҳадди ақали ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон тасаввурнопазир гардида буд.

Маҳз поймол гардидани меъёрҳои Конститутсияи ҳамонвақта сабаб гардид, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба ин санади кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамчун бозичаи манфиатҳои ин ё он гурӯҳ муносибат намуда, танҳо дар соли 1992 ба ин санад даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Вазъи беқонуниро дар кишвар метавон ба баҳре монанд намуд, ки Тоҷикистон чун киштие дар миёни он дар ҳоли фурў рафтан буд.

Дар чунин лаҳзаҳои мудҳише, 16-уми ноябри соли 1992 рӯйдоди калидию таърихӣ барои тамоми тоҷикистониён, Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳз Иҷлосияи мазкур сароғози сулҳу субот ва пешгирии тамоми бадбахтиҳои мардум маҳсуб дониста мешавад. Нақши волою беназири таърихии он дар лаҳзаҳои шадид ва вартаи нобудшавии сохторҳои ҳокимият пайдо гардидани шахсияти меҳанпарасту ҷоннисор ва ғамхори ояндаи давлату миллати худ дар симои вакили ҷавон Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида мегардид. Дар ҳоле, ки ҳамагон барои наҷоти худ аз ин киштии ғарқшаванда кўшиш мекарданд, маҳз фидокорию ҷоннисориҳои ин абармарди сиёсат умеди халқро нисбати тақдири ҳастии давлат сарҷамъ ва рушду нумуи миллатро эҳё намуд.

Бо роҳбарӣ ва талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи мазкур ба ҳадафҳои гузошташуда вобаста ба масъалаи гурезаҳо, оташбас ва барқарор гардидани сохтори конститутсионӣ ноил гардид.

Бояд қайд намоям, ки барқарорсозии сохтори конститутсионӣ дар ин ҷараён ҳамчун яке аз ҳадафҳои афзалиятнок тасодуфӣ набуд. Зеро, барқарорсозии фаъолияти  ниҳодҳои давлатӣ, рушди устувор ва босуръати кишвар, танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамуд. Инчунин, таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки бе риояи меъёрҳои Конститутсия таъмини суботи сиёсӣ ва пойдории давлат имконнопазир аст.

Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул намуда, дар баробари давлатҳои дигари харитаи сиёсии ҷаҳон соҳиби шиносномаи худ гардид. Бо назардошти он, ки матни ин санад аз муҳокимаи васеи умумихалқӣ гузашта буд, аз ин лиҳоз, он ҳамчун “конститутсияи мардумӣ” эътироф гардидааст. Аз ҷумла, дар марҳилаи муҳокимаи умумимиллӣ танҳо аз ҷониби ҷомеа 8000 таклифу пешниҳодҳо барои мукаммал намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Дар робита ба таври фарогир ва бо сифати аъло таҳия гардидан, ин санади тақдирсози миллӣ на танҳо аз ҷониби коршиносони сатҳи ватанӣ, балки аз ҷониби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба монанди САҲА ва СММ баҳои баландро соҳиб гардид.

Маҳз чунин вижагиҳои Конститутсияи кишвар дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳар як фарди соҳибхирад таассуроти ояндабахш эҳдо намуда, ҷомеаи моро ба уфуқҳои баланди бунёдкорӣ роҳнамоӣ кардааст. Аз ҷумла, дар таърихи давлатдории тоҷикон ин аввалин Конститутсияе мебошад, ки бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, аввалин бор халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият эътироф гардид ва маҳз дар асоси ин санади тақдирсоз ҳокимияти давлатӣ ба се шоха таҷзия гардид.

Боиси ифтихор ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки заминаҳои таърихии Конститутсияи мо аз аввалин ва қадимтарин санади танзимкунандаи ҳуқуқи инсон, яъне Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маншаъ мегирад. Яъне агар аввалин Конститутсия 200 сол қабл дар ИМА пайдо шуда бошад, тоҷикон дар ин соҳа таҷрибаи 6000 сола доранд.

Имрӯз дар арафаи 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси шарафмандӣ ва ифтихор мебошад, ки он тибқи таҳлили коршиносони муътабари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҳамчун яке аз комилтарин ва мукаммалтарин конститутсияҳои ҷаҳон арзёбӣ гардидааст. Ба шарофати ин санади тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсионии пойдори худро дорад, ки тамоми меъёрҳои муосиртарини сохторӣ ва арзишии низоми демократӣ ва тамоми ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро мегирад.

Ин санад тамоми мазмун ва моҳияти давлатдории миллии моро ифода намуда, меъёрҳои он моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро муайян мекунад ва нақши бунёдӣ ва тағйирнопазир доранд.

Яъне тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ шарти асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, яъне бунёди давлате, ки тамоми фаъолияташ ба принсипи қонуният, меъёрҳои ҳуқуқ, инчунин, принсипҳои бунёдии ҳуқуқӣ, ҷиҳати ҳимояи шаъну шараф, озодӣ ва ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд, маҳсуб дониста мешавад. Аз ин лиҳоз, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти давлатиро ташкил медиҳанд.

Бо назардошти омилҳои дар боло зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ки дар маҷмуъ барои ҳифз, эҳё ва ривоҷи арзишҳои маънавӣ нигаронида шудаанд, рӯй овард: «Самти дигари муҳимми эҳёи фарҳанг ин дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг буд, ки дар ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар соҳаи фарҳанг муайян ва фаъолияти фарҳангию эҷодиро дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таъмин карда тавонад. Дар ин давра, як қатор қонунҳои асосӣ дар соҳаи фарҳанг, ба монанди ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (1977), «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум», «Дар бораи табъу нашр» (1993), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998), «Дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» (2001), «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (2002), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (2004), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (2006) ва ғайра қабул гардиданд. Қонунҳои қабулшуда сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама соҳаҳои фаъолияти фарҳангӣ муайян  сохта, барои рушди фаъолияти эҷодии шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Қабул шудани «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (30 апрели 2005) барои муайян намудани стратегия ва ояндабинии рушди фарҳанги миллӣ замина гузошт».

Хулоса, рушди устувори иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо вобаста аст. Барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ зарур буда, дар баробари ин, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ мақсади асосӣ аст. Амалӣ гардидани мақсадҳои олии давлат бе таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он, бе мавҷудияти тартиботи ҳуқуқӣ ва фазои орому босуботи ҷомеа ғайриимкон аст. Амалан зиёда аз ду даҳсола аст, ки халқи тоҷик давлати нав, давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ месозад, ки дар он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар асоси таҷрибаи шӯравӣ низоми ягонаи қонунгузориро таъсис диҳад ва заминаи барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар Тоҷикистон бигзорад.

Дар давоми солҳои истиқлолият тавассути эътирофу қабул кардан ва дар амал татбиқ сохтани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳаёти маънавии ҷомеа имконияти бунёдгузории сохти усулан нави давлатдорӣ, аз ҷумла, давлати иҷтимоӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, бояд аз қабули Конститутсияи мамлакат, баргузориии интихоботҳои озоду демократӣ, қабули арзишҳои умумибашарию меъёрҳои эътирофгаштаи ҳуқуқҳои инсон, стандартҳои байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар сатҳи қонунӣ эътироф гардидани дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайра аз ҷумлаи комёбиҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. Хусусан, қабули Конститутсия ва муайян намудани самти рушди арзишҳои маънавии ҷомеа барои ба ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ тадриҷан ворид шудани давлатамон заминаҳоро фароҳам оварда, обрӯю эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Боварии комил дорем, кулли ҳамватанони азизи мо, бо эҳсоси баланди масъулияти ватандорӣ, дар самти татбиқ гардидани принсипҳои қонунгузорӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми босазои хешро мегузоранд. Ин рисолат на танҳо масъулияти имрӯз, балки ҳамчун мероси таърихӣ барои наслҳои минбаъда ба шумор рафта, масири минбаъдаи давлатдорӣ ва фазои осоиштаи ватанамон ба шумор меравад.

 

Зокирзода Суҳроб Ибод

номзади илмҳои фалсафа, дотсенти

кафедраи фанҳои ҷомешиносӣ