Қувваи олии ҳуқуқии конститутсия дар ҷамъи хусусиятҳои ҳуқуқии он ниҳон аст, ки онҳо дар якҷоягӣ мавқеи конститутсияро дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, дар байни сандаҳои олии ҳуқуқӣ-сиёсӣ муайян менамоянд.
Пайдоиши Конститусия ба омилҳои иҷтимоӣ –иқтисодӣ ва сиёсӣ робита дошта, давраи муайяни инкишофи ҷомеа ва давлатро инъикос менамояд. Дар он оид ба чигунагии сохтори ҷамъиятӣ, шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибат ба моликияти истисноии давлат ва вобаста ба ин омилҳо оид ба таркиби иҷтимоии ҷомеа ҷавоб ёфтан мумкин аст.
Дар зери мафҳуми Конститутсия — Қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон, асосҳои сохтори марзӣ-давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст. Конститутсия ҳуҷҷати давлатие мебошад, ки аз ҳазорсолаҳои таърихӣ вуҷуд дорад, аммо дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ таърихи зиёда аз дусад соларо дорост.
Истилоҳи Конститутсия ҳанӯз дар давлатдории Рими қадим амал мекард ва дар он танҳо баъзе санадҳои муҳимтарини шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори марзӣ-давлатӣ алоқамандро ба танзим меандохтанд, чунин номида мешуданд. Бо ин сабаб, дар як вақт чандин конститутсияҳо амал мекарданд. Бо ҳамин шакл ва мазмун конститутсия дар баъзе мамлакатҳои Аврупо дар асрҳои миёна низ мавҷуд буд.
Дар низоми имруза конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазия пайдо гардид. Конститутсияи замони муосир якумин шуда дар ИМА соли 1787 қабул гардид ва соли 1789 ба амал даромад. Соли 1791 дар Полша ва Фаронса конститутсияҳои аввалин қабул шуданд ва дар асри ХIХ дар аксарияти давлатҳои Аврупо, Амрико ва баъзе давлатҳои қитъаи Осиё ҷараёни гузариш ба низоми конститутсионӣ асосан ба анҷом расид. Ин ҷараён ҳанӯз ҳам дар давлатҳои нав соҳибистиқлол гардида идома дорад.
Бо сабабҳои муайяни таърихӣ фақат якчанд давлатҳо ҳанӯз ҷараёни гузариш ба низоми конститутсияи ягонаи навишташударо ба анҷом нарасонидаанд, Англия, Швесия, Зеландияи Нав, Исроил ва баъзе давлатҳои дигар. Ин давлатҳо конститутсияро бо мазмуни васеъ истифода мебаранд, ки таъсири он ба ҳаёти ҷамъиятии ҳамон давлат калон аст. Онҳо дар шакли маҷмуи қонунҳои конститутсионӣ масъалаҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медароранд.
Конститутсия ҳамчун санади муҳимтарини ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии ҳар як давлат буда, мувофиқи хусусияти сиёсии худ ҳуҷҷати ҷозибаноки муттаҳид ва сафарбаркунандаи тамоми мардум аст. Бо ин сабаб конститутсия на фақат асоси ҳуқуқии давлатдории буржуазӣ, балки ҳар гуна дигар шакли сиёсии давлатдорӣ низ мебошад. Зиёда аз ин ҳатто давлатҳои дар асоси сохти динӣ ташаккул ёфта низ баробари Қуръон, Таврот ва ғайра асоси ҳуқуқии давлатдории худро конститутсия меҳисобанд. Масалан, Қонуни асосии дар амал будаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қисми муқаддима эълон менамояд, ки «Қонуни Асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон мубайини ниҳодҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷомиаи Эрон бар асоси усул ва равобити исломӣ аст, ки инъикоси хости қалбии уммати исломӣ мебошад”[1.c-67].
То ҳол мувофиқи таълимоти марксистӣ-ленинӣ моҳият ва мафҳуми конститутсия фақат аз рӯйи талаботи муборизаи синфӣ маънидод карда мешуд. Масалан, Ф. Энгелс чунин мешуморид, ки конститутсия натиҷаи муборизаи синфӣ буда,. “синфи ғолиб баъди музаффарияти ба даст оварда, онро муқаррар мекунад””[2.c-211],
В.И. Ленин бошад, моҳияти конститутсияро дар он медид, ки он таносуби ҳақиқии қувваҳоро дар муборизаи синфӣ ифода мекунад, ба ақидаи В.И. Ленин ҳар як инқилоби буржуазӣ “охири охирон равияи бунёди сохтори конститутсионӣ мебошад”, “конститутсия созиши байни қувваҳои таърихии ҷамъияти кӯҳна (дворянҳо, крепостнойҳо, феодалҳо, мутлақият) бо буржуазияи либералӣ мебошад. ”[3.c-245].
Тибқи таҳлилҳои таърихию ҳуқуқи муайян мегардад, ки конститутсия ҳуҷҷати оддӣ набуда, ҳуҷҷати муҳими созишиест, ки дар он манфиати тарафҳо ба қадри зарурӣ инъикос ёфтааст. Устувории Конститутсия бо пойдории муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ- иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра, ки дар марҳалаи муайян дар ҷамъият амал мекунанд, вобаста аст. Оид ба моҳияту мазмуни конститутсияҳои ба ном сотсиалистии давраи ҳокимияти шӯравӣ ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки онҳо аз рӯйи нақшаи муайяни мафкуравӣ пайдо гардида, инкишоф меёфтанд. Масалан, агар конститутсияи якумини шӯравӣ соли 1918 баъди ғалабаи инқилоби Октябр пайдо шуда бошад, конститутсияи соли 1924 бо ташкилёбии ИҶШС, конститутсияи соли 1936 бо хулосаи ҳизбӣ дар бораи ғалабаи пурраи сотсиализм дар ИҶШС, конститутсияи соли 1977 бо ғалабаи қатъии сотсиализм дар ИҶШС алоқаманд дониста мешуд.
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули конститутсияи нави он асос гузошт. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардиданд.
Сарчашмаи асосии конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1990 -1991 аст, ки дар он ба таври сиёсӣ-ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии давлатро қабул мекунад.
Қабули конститутсия имконият дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеъа бо маҷрои осоишта равона гардад. Метавон зикр намуд, ки тамоми мақсаду мароми халқи тоҷик, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат дар Конститутсия ворид гардидааст.
Имрўз ҷавонони мамлакатро зарур аст, моҳияти амиқи Конститутсияро ба пуррагӣ дарк намуда, масъулияти шаҳвандии худро омўзанд, то дар ҷаҳони муосир муаррифгари миллату давлати хеш бошанд.
Адабиёти истифодашуда:
- Конституция США: История и современность М., 1988;
 - Государственно- правовые проблемы реализации Советской конституции. Свердловск, 1987;
 - Михалева Н. А.Социалитическая конституция. Проблемы теории. М., 1981;
 - Имомов А. И. Укрепление государственности и создание гражданского общества в Таджикистане. — Душанбе.- 2003.
 
Холибоева Нарзӣ
омўзгори калони
кафедраи бойгонишиносӣ
