Дар ин мақола нақш ва мақоми тарбия  ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ мавриди муҳокима қарор дода шудааст.

Чӣ тавре ба мо маълум аст, тарбия дар муассисаи таълимӣ яке аз масъалаҳои муҳими махсусгардонӣ ва мутобиқшавии ҷавонон ба ҷомеаи доимо тағийрёбанда  ба ҳисоб меравад. Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондўстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инҳоро ташаккул медиҳад.

Ба мо маълум аст, ки тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсонӣ ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсус ва мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни воқеӣ  ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад. Тарбия қисми таркибии марому мақсад ва яке аз вазифаҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар шаҳрванд равона карда мешавад.

Дар консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Илми педагогика собит менамояд, ки тарбия аз рўи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба дигар соҳаҳо муқаддамтару васеътар аст. Шаҳрванди бетарбия қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд. Нисбати зуҳуроти номатлуби ҷомеъа аз назари танқид ҳазар нигариста, Ватани хешро дўст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд. Ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад. Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои инсонӣ мебошад.

Мувофиқи нақшаи кори тарбиявӣ дар муассисаи таълимӣ оид ба мавзуъҳои тарбияи маданияти сиёсӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи меҳнатӣ, тарбияи ахлоқӣ, тарбияи фикрӣ, тарбияи байналмилалӣ, тарбияи ҳарбӣ, руҳияи ватандўстӣ, тарбияи маънавӣ, тарбияи зебоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ аз ҷониби сарпарастони кафедра бо донишҷўён гузаронида мешавад.

Инчунин, роҷеъ ба ташаккули сиёсӣ ва маданияти сиёсӣ, ташаккул додани шуур ва маданияти ҳуқуқӣ, тарбияи аъзоёни коллектив дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва риояи он, ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои меҳнатдўстӣ ба донишҷўён, ташаккул додани маҳорати мустақилонаи кор ва таҳсил, дўст доштани касби интихобкарда, ташаккул ва инкишоф додани сатҳ ва принсипҳои рафтору кирдорҳои ҷавонон дар ҷомеъа, инкишоф додани қобилияти фикрии донишҷўён, омўзонидани маҳорати суханварӣ ва устувор гардонидани саломатии комил бо донишҷўён аз ҷониби омўзгорони кафедра машвараттҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

Ахлоқ унсурест, ки қисматҳои дигари тарбияро бо ҳам мепайвандад ва асоси фаъолияти шаҳрвандро ташкил медиҳад. Тарбияи маънавии инсон ба тарбияи ахлоқии шаҳрванд наздик аст. Ҳарду аз якдигар ғизои маънавӣ мегиранд ва дар тарбияи шаҳрвандӣ вазифаҳои муштаракро анҷом медиҳанд. Бинобар ин, баҳри баланд бардоштани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва инкишоф додани гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек ба донишҷўён низомномаи муассиса оид ба манъ кардани суханҳои қабеҳ ва ҳақорат дар муассисаи таълимӣ ва берун аз он амал мекунад ва бевосита омўзгорон ва сарпарастони гурўҳҳои таълимӣ дар иҷрои он назорат бурда истодаанд. Хуб мешуд, ки омўзгорони дигар муассисаҳои таълимӣ низ дар ин самт худро бетараф нагирифта, дар иҷрои он ҳамкорӣ намуда, сифати таълиму тарбияро боз ҳам ҷоннок мекарданд.

Омўзгорони донишкада, ки ба ҳайси сарпараст дар гурўҳҳо вобаст гардидаанд, тибқи нақшаи дарсҳои тарбиявӣ баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия  таҳти шиори «Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад» кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Вобаста ба ин, тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи маърифати ҳуқуқӣ ва дигар омилҳои тарбия сарпарастон соатҳои тарбиявии хешро дар мавзуҳои гуногун вобаста ба ин омилҳо мегузаронанд.

Мавриди зикр аст, ки баъзан рафтору одоб ва ахлоқи  як қисми донишҷўёни имрўза моро ба ташвиш оварда, костагии самти тарбия эҳсос мегардад. Дар ин ҳол сарпарастро мебояд пеш аз ҳама масъулияти баланди касбии хешро зоҳир намуда, нисбати тартибот ва таҳсили донишҷўён мунтазам бо волидайни онҳо дар робита ва тамос бошанд. Дар ин ҳолат рафтор ва муносибати донишҷўён рафта — рафта хуб мешавад.

Яке аз сифатҳои дигар, ки мавҷудияти он барои сарпараст ва мураббӣ зарур ҳисобида мешавад, ин мувофиқ будани гуфтор ба кирдор аст. Сарпараст ё омўзгор барои шогирд бояд амалан намунаи ибрат бошад. Аз ин сабаб, ба сарпарастон лозим аст, ки  он чӣ барои шогирдон таълим медиҳанд, аввалан худ пойбанди он бошад. Чунки хилофкории устод ба  шогирд таъсири манфӣ расонида, ҳайратзада мешавад, ки оё ба гуфтаи устод амал кунад ё ба кардааш. Аз ҷиҳати дигар, хилофкории устод шахсияти худашро беэътибор мекунад.

Дар ин боб Имом Ғаззолӣ мегўяд: «Вазифаи ҳаштуми устод он аст, ки кирдори ў бо гуфтораш мухолиф набошад, зеро илм бо чашми сар дида намешавад, аммо амал бо чашми сар дида мешавад. Соҳибдилон каму соҳибони чашм зиёданд. Ҳар шахсе, ки мардумро аз коре манъ кунад, аммо худаш ба он даст занад чунин рафтор заҳри қотилеро мемонад, ки ўро ҳалок мекунад, мардум ўро масхара ва туҳмат карда, рағбаташон ба манъкардаҳои ў зиёд шуда, мегўянд: «Агар он кор хуб намебуд, худи устод аз он даст мекашид».

Муаллим ва мураббӣ бо шогирдон ҳукми чўбу сояро доранд. Агар чўб рост набошад соя чӣ гуна рост мешавад. Ба ғайр аз ин адл ва баробарӣ низ ҳангоми омўзонидан  бояд ҷой дошта бошад.

Устод ва мураббӣ дар раванди таълим ва тарбия бояд шогирдони худро бо як чашм нигаранд. Онҳоро аз ҳам ҷудо накунанд, зеро устод ба чунин ҳолатҳо зиёд рў ба рў мегардад, ки баъзан ўро ба ноадолатии байни шогирдон водор мекунанд. Агар нафаре аз шогирдон бо устод қаробат дошта бошад, бояд устод тарзе рафтор кунад, ки шогирдони дигар эҳсоси нороҳатӣ накунанд. Дар раванди таълиму тарбия ба яке рафтори дағалона ва бо дигаре хушрафторӣ зоҳир намудан ба ахлоқи шогирд зарар мерасонад ва худи устод низ дар назди шогирдон ба золимӣ ва ноодилӣ муттаҳам мегардад.

Агар ҳар як сарпараст ба фикри мо таваҷҷуҳи худро дар ҳалли масъалаҳои зерин боз ҳам бештару хубтар ба роҳ монад, он гоҳ насли моро ояндаи дурахшон интизор аст:

  • баланд бардоштани сифати дарсҳои тарбиявии сарпарастони гурўҳҳо;
  • эътибори ҷиддӣ додан ба ҳуҷҷатгузории сарпарастон;
  • боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти тарбиявии созмони ҷавонон дар байни донишҷўён;
  • ҷалби ҳузури волидон ва гузаронидани маҷлис бо волидайни онҳо;
  • муҳокимаи санҷишҳои фосилавии гурўҳ аз ҷониби сарпарастон ва ба волидайни онҳо мактуби нагаронӣ ё раҳматнома фиристонидан;
  • ҷоннок гардонидани дарсҳои кушоди намунавӣ дар мавзуъҳои муҳим ва мубрами тарбиявӣ;
  • зиёд намудани таваҷҷуҳи донишҷўён ба барномаҳои фарҳангӣ, тарбиявӣ (театр ва филмҳои тарбиявӣ);
  • бедор сохтани шавқи донишҷўён ба мутолеаи адабиёти бадеӣ.

Мо ба хулосае омадем, ки дар самти тарбия тамоми дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор хеш дониста, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, консепсияҳову барномаҳои миллии тарбияро ба худ ҳамчун роҳнамо ё сармашқи кор гирифта, насли ҷавонро дар руҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, дур шудан аз ҳаргуна ҳаракату ҳизбҳои ифротгаро, содиқ будан ба миллату сарвари худ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун мутахассиси воқеан замонавӣ ба воя расонем.

Набиев Ҳ.И.

сардори раёсати таълими

«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати

Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»