Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Фалак бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯён барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Барномаи фарҳангиро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, ҳизиринро ба муносибати Рӯзи Фалак муборакбод карда, тазаккур дод, ки фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намуд. Фалак эҷодиёти этнографӣ ва жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро фаро гирифтааст. Маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад.  Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.

Ректори донишкада аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҷаҳонӣ шудани мусиқиҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ёдовар шуда, саҳми Роҳбари давлатро дар ин самт бориз арзёбӣ намуд.

Сипас, барномаи ҳунарӣ-фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯён ва ансамбли «Фалак»-и муассиса  пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

 

ҚУДРАТОВ СИНО