Душанбе бузургтарин шаҳри Тоҷикистон ва пойтахти бошукӯҳи он мебошад.Ин шаҳр бо меъмории нозук ва муҷассамаҳои таърихӣ гӯё ҳар қадамро ба сафари бостон мебарад. Осорхонаҳо ва биноҳо қиссаҳои пурғановат аз тамаддуни ниёгон ва таърихи ин сарзамин нақл мекунанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Душанбе бо суръати бесобиқа рушд карда, ба шаҳри пурнақшу нигори фарҳангӣ ва макони дилфиреби ҷаҳонгардон табдил ёфтааст. Майдонҳо, кӯчаҳо ва гулгаштҳои пойтахт ҳар нафасро пур аз шукӯҳ ва зиндаги месозанд.
Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Душанбе рӯз ба рӯз ободтар ва зеботар мешавад, гӯё бо ҳар рӯзи нав ба ҷаҳониён дидани рӯҳи пок ва меҳрубонии мардуми Тоҷикистонро даъват менамояд.
Душанбе-шаҳри зебои поённопазир ва рамзи ҷавонии Ватан азизамон аст. Ҳар субҳ, бо тулӯи офтоб ин шаҳр мисли гул мешукуфад ва бо накҳати сабзазорҳои худ ба дилҳо нерӯи тоза мебахшад.
Гулҳои пойтахт танҳо ороиши кӯчаҳо нестанд-онҳо нигини рӯҳи шаҳр ва нишонаи меҳру муҳаббати сокинони он мебошад. Дар ҳар гӯшаи Душанбе рангу накҳати зиндагӣ эҳсос мешавад. Садои оби фаввораҳо, шоди кӯдакон ва атри гулҳои садранг бо ҳам омехта симои шаҳрро ба як мусиқии ором табдил медиҳад.
Душанбе на танҳо шаҳри гулҳо балки шаҳри меҳмоннавозист.Ҳар рӯз аз инҷо меҳмонон –аз шаҳру навоҳоии Тоҷикистон ва кишварҳои дуру наздик мегузаранд. Зебоии онро мешиносанд, аз гармии истиқболи мардум ва ҳусни табиати он баҳра мегиранд. Меҳру самимиятест, ки ҳар меҳмон онро бо худ мебарад ва бозгашти дубора медиҳад.
Имрӯз Душанбе-шаҳри эҷодкорист, шаҳри ҷавонӣ ва фарҳанг, шаҳри зебоиест, ки бо гулҳо нафас мекашад бо умед зиндагӣ мекунад ва бо муҳаббати мардум мешукуфад. Мо аҳли кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ифтихор мегӯем: “Дар ҳамин шаҳри гулҳо –шаҳри илҳом ва зебоӣ нафас мекашем, меомӯзем ва эҷод мекунем.
Омӯзгори калони кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ
Умарова Муқаддас