Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созмоне маҳсуб мегардад, ки пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ 8-уми декабри соли 1991 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии таъсисёбии созмони мазкур ин пеш аз ҳама муттаҳидсози кишварҳои собиқ шӯравиро дабар гирифта, дар баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ба рушди робитиаҳои илмию фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ диққати махсус зоҳир менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикисон дар зарфи 34-соли истиқлолияти худ аз марҳилаи аввали таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил узви комилҳуқуқи он маҳсуб гардида, то имрӯз санадҳою барномаҳои қабулгардидаи онро эътироф менамояд ва иштирокчии фаъоли равандҳои ҳамгироии фарҳангии он низ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ рушди устувори муносибатҳои илмию фарҳангӣ ва гуманитарии худро дар авлавият қарор дода, ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад.
Дар баробари ҳамкориҳои судманд дар соҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба соҳаи гуманитарӣ низ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Чун ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъол дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои узви ИДМ маҳсуб мегардад. Дар ин самт Тоҷикистон аз 88 санади мавҷуда, 53 адади онро ба имзо расонидааст. Моҳи майи соли 2006 дар Душанбе зимни нишасти Сарони ҳукуматҳо фонди байнидавлатии ҳамкорихои гуманитарӣ бунёд карда шуд. Тоҷикистон фаъолияти Шӯро оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ ва Раёсати фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ-ро ҷонибдорӣ менамояд. Шаҳри Душанбе мизбони ду нишасти муштараки Шӯрои гуманитарии ҳамкорӣ ва Раёсати Фонди байнидавлатии гуманитарии ҳамкорӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусгари пешниҳод ҷиҳати эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли хониш ва адабиёт дар ИДМ мебошад. Бо дастгирии Раёсати фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ дар доираи ҷашнвораи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ, асарҳои безаволи ӯ бо се забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои ИДМ тақсим гардид. Ғайр аз ин, китобҳои дарсии забони русӣ барои мактаббачагони давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба табъ расид. Раёсати фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ аз силсилаи “Адабёти классики ИДМ” (Классика литератур СНГ), ду ҷилди онро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кард.
Санаи 21-уми марти соли 2021 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд. Баъд аз қабули Сертификат Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ва меҳмонону иштирокдорони барномаи мазкурро барои ташрифашон ба пойтахти азизу маҳбуби Тоҷикистон- шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, барои интихобу эълон намудани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” ба роҳбарону масъулини барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” сипосгузорӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои мазкур роҳандозӣ карда шудааст. Имрӯз муносибатҳои байналхалқӣ дар фазои пасошӯравӣ хислатҳои гуногунро ба роҳ монда истодааст, ки мамлакатҳои дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомилбуда, бо ҳамдигар муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, ба рушду инкишофи ҳама гуна соҳаҳо дастгири якдигар мебошанд.
Дар марҳилаи кунунӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо фаъолияти воқеии худ, аҳамиятнокӣ ва устувориашро собит менамояд. Пояи ҳуқуқию меъёрии пурмазмун таҳия гардида, механизми ҳамкориҳо ва низоми равобити муштарак дар иқтисод, соҳаи фарҳангу гуманитарӣ ва таҳкими суботу амният роҳандозӣ шудааст. Бо назардошти ин метавон фаъолияти ИДМ ро ҳамчун созмони муваффақ ва нақши онро дар густариши равандҳои ҳамгироӣ, ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ байни кишварҳои аъзо мусбӣ арзёбӣ кард.
Санаи 17-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳолат ва дурнамои ҳамкортҳои фарҳангию гуманитарии давлатҳои аъзои созмони мазкур мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Чи тавре, ки ба ҳамгон маълум аст санаи 8-10-уми октябри соли 2025 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ду ҷаласаи муҳташами Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо иштироки сарони далатҳои аъзои созмон ва вазирони корҳои хориҷии онҳо баргузор мегардад. Бо як умедворӣ қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои ҳайётан муҳим баррасӣ гардида, ҳамзамон ба ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва гуманитарии кишварҳои аъзои созмон диққати махсус зоҳир мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикичтон ҳамчун кишвари аз лиҳои таърихӣ меҳмоннавоз буда, мизбони чорабиниҳои муҳими сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар пойтахти фарҳангии худ шаҳри Душанбе буд ва бо як умеди калон иброз намудан мумкин аст, ки ҳамоиши мазкур дар заминаи мустаҳаками омодасозии сатҳи баланд ва ба ҷо овардани уҳдадориҳои худ ба хубӣ хоҳад баромад.
КОМРОН Фозилов,
Мудири кафедраи педагогика
ва рақамикунонии низоми иттилоотӣ
дар фарҳанги МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”