Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ташкилот ва созмони минтақавию байналхалқии калонтарин дар минтақаи пасошуравӣ ба ҳисоб меравад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии кишварҳои аъзо таъсис дода шуд. Иттиҳод (ИДМ) дар марҳилаи кунунӣ ба сифати фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои узв, роҷеъ ба муҳокимаю баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад.
ИДМ дар асоси Оинномаи аз ҷониби Шурои сарони давлатҳо 22 январи соли 1993 қабул гардида, амал менамояд. Давлатҳои аъзои Иттиҳод субъектҳои мустақил ва баробарҳуқуқи байналмилмилалӣ мебошанд. Иттиҳод пеш аз ҳама ба равнақу ривоҷ ва пойдории муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ, ризоияти байни миллатҳо, боварӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамкории муфиди байни давлатҳо хизмат мекунад ва ваколати фавқулмиллӣ надорад.
Моҳи сентябри соли 1993 сарони кишварҳои ИДМ дар бораи таъсис додани Иттиҳоди иқтисодӣ Шартнома имзо карданд, ки он ба консепсияи тағйири шакли ҳамкории хоҷагӣ дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо дарназардошти дигаргуниҳои воқеӣ ҷой дода шудааст. Асоси Шартнома аз тарафи иштироккунандагонаш дарк кардани зарурати ташаккули фазои умумии иқтисодиест, ки ба интиқоли озоди мол, хизматрасонӣ, қувваи корӣ, сармоя, таҳия кардани сиёсати мувофиқашудаи пулию қарзӣ, наздик кардани усулҳои танзими фаъолияти хоҷагидорӣ, муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои инкишофи равобити мустақими истеҳсолӣ бунёд меёбад.
Дар солҳои охир як қатор давлатҳои аъзои ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо алоқаҳои байниҳамдигариро бо ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мустаҳкам намуданд. Дар ин ҷода созишномаҳо дар бораи шарикӣ ва ҳамкории дутарафа байни Россия, Украина ва дигар давлатҳои ИДМ бо Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин фаъолияти сохторҳои байнипарлумонӣ ва байниҳукуматӣ манфиатнок буданд. Қарори Иттиҳоди Аврупо аз 27 апрели соли 1998 дар бораи эътирофи мақоми бозории корхонаҳои Россия, ки ба бозорҳои Аврупо маҳсулот содир мекунанд, дар ин самт хеле муҳим буд.
Дар тӯли зиёда аз 34 соли фаъолияти якҷояи иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои иштирокчии Иттиҳод пойгоҳи мустаҳками ташкилию ҳуқуқиро бунёд карданд, ки имконият дод дар муддати кӯтоҳ бӯҳрони системавӣ паси сар гардад, суръати пешрафти иқтисодӣ баланд шуда, ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ афзояд. Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020, ки кишварҳои иштирокчии Иттиҳод маъқул донистаанд, соли ҷавонони ИДМ эълон кардани соли 2009 ва ҳамчунин муайян кардани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун соҳаи асосии ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ барои равандҳои ҳамгироӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардуми давлатҳо омили муҳими иловагӣ мегарданд ва минбаъд ба иттиҳоди тавонои минтақавӣ ва объекти муқтадири системаи хоҷагидории ҷаҳонӣ табдил ёфтани Иттиҳод мусоидат хоҳад кард.
Ҳанӯз аз даврони аввали фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи он буда, усул ва санадҳои появии онро эътироф менамояд ва мушорики фаъоли равандҳои ҳамгироӣ мебошад. Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Аз замони таъсиси Иттиҳод, давлатҳои узв пояи устувори ҳуқуқи ташкил додаанд, ки имкони дар фосилаи кўтоҳ аз бўҳрони системавӣ баромадан ва сабаби рушди иқтисод ва тавсеаи савдои мутақобиларо фароҳам намуд. Дар доираи ИДМ Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст, ки шумораи умумии он то имрӯз қариб 3 ҳазорро ташкил медиҳад. Аз он санадҳо қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо — 400, Шурои сарони ҳукуматҳо — зиёда аз 1000 ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ — 200 ададро ташкил медиҳад.Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии (20 июни с.2000) Шурои намояндагони доимии давлатҳои узви ИДМ, дар кори он иштироки фаъол менамояд.
Ширкати ҳамаҷониба дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои иштирокдори он аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ИДМ-ро дар ҳифз ва рушди робитаҳои анъанавии давлатҳои иштирокдори он дар заминаи усулан нав ва бар пояи консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ баланд арзёбӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси сохторҳои гуногуни ҳамгироии иқтисодиву амниятӣ дар заминаи ИДМ, аз қабили фазои ягонаи иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тақозои айнии равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошуравӣ медонад ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва бо ҳадафи истифодаи имконоту иқтидорҳои созандаи онҳо ба нафъи кишвар ба рушду такомули ин равандҳо мусоидат мекунад.
Дар ин замина 18 марти соли 2022 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 93-юми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва ҳайатони иқтисодии давлатҳои узви Иттиҳод баргузор гардид, ки дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, молия, мошинсозии кимиёвӣ, амнияти иттилоотӣ ва кишоварзӣ муҳокима гардида, як қатор санаду созишноаҳои иқтисодӣ қабул гардиданд. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таъмини устувории макроиқтисодӣ новобаста ба таъсири манфии хавфҳои берунӣ ва сатҳи баланди ҳамкориҳои кишвар дар фазои ИДМ мусбат арёзӣ карда мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо давлатҳои иштирокчии ИДМ дар мадди аввал меистад. Дар робита ба ин айни ҳол беш аз нисфи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ рост меояд. Ҳамзамон дар ин робита бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ лоиҳаи Созишнома оид ба савдои озоди хизматрасониҳои ИДМ, истифодабарии пулҳои миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии ИДМ «Рӯзномаи «сабз» дар кишварҳои ИДМ: ҳамкорӣ барои рушд» дар доираи фаъолияти Иттиҳод амали гашта истодааст.
Бояд қайд кард, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати мақомотҳои ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Дар доираи раёсати Тоҷикистон баргузории ҷаласаҳои ду ниҳоди олии Иттиҳод, аз ҷумла ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ пешбинӣ шудааст, ки онҳо рӯзҳои 9-10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Интизор меравад, ки дар рӯзномаи ҳар ду ҷаласа масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию башардӯстона баррасӣ шаванд. Ба масъалаи амнияти энергетикӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд.
Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки шаффофият ва баробарӣ дар қабули қарорҳо тақвият дода шавад, то таъсири нуфузи як иштирокчӣ коҳиш ёбад ва кишварҳои эҳтиёткор низ ба тамоми равандҳо ҷалб гарданд.
Хоҷаев Ҷамшед
мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
Асомуддин Каримзода
н.и.и дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ