Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолеаи китоб бавижа китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Ба андешаи мо, барои хуб ба роҳ мондани фарҳанги китобу китобхонӣ, ду корро бояд анҷом дод: нахуст, таҳқиқоти ҷомеу амиқи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонӣ муайян шаванд; дуввум, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он шароити мусоид фароҳам овард.
Вазорату идораҳои дахлдор бояд барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшро анҷом диҳанд. Роҷеъ ба ин масъала дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб ҷудо шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ ошно гарданд.
Бо муаррифии шахсиятҳои барўманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онҳо хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа шабакаҳои телевизионӣ, таблиғ гарданд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Ин иттилооту донишҳо фақат бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифати китобхонавӣ-иттилоотӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа пешниҳодҳои зеринро манзур менамоем:
- ба талаботи рўз мувофиқ гардондани намуди берунӣ ва дохилии ҳамаи китобхонаҳои давлатию оммавӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кору фаъолияти кормандон ва хониши истифодабарандагон;
- тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи бартарияти китоб дар баландбардории маънавиёти мардум, такмили донишу маҳорат, малакаҳо, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ;
- бо мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ таъмин намудани китобхонаҳо;
- дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани намоиши адабиёти нодир;
- ба роҳ мондани чопи васеи дастурҳои гуногуни илмӣ-методӣ ба ёрии тамоми кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз тобеияти идоравӣ;
- ташкили овезаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба вижа дар китобхонаи мактабӣ;
- барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ҳамасола ташкил намудани озмуни «Хонандаи беҳтарин»;
- дар рӯзҳои таътилҳои зимистона ва тобистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона тақсим кардан дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад;
- баҳри таъмини пурраи китобхонаҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ таҳия намудани «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»;
- бо мақсади таъмини дастрасии озодона ва пурраи гурўҳҳои имконияташон маҳдуд ва осебпазири аҳолӣ нисбат ба китоб ва дигар маводи иттилоотӣ эҳё намудани анъанаҳои китобдории даврони шўравӣ-китобхонаҳои сайёр, нуқтаҳои китобдиҳӣ ва китобкашонӣ;
- пайваста ғанӣ гардондани фонди китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо адабиёти гуногуни мазмуни тозанашр.
Зафари ШАРИФ,
доктори фалсафа (PhD),
доктор аз рӯйи ихтисос, декани
факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии
МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода