Сифати таҳсилот кафолати пешрафти ҷомеа мебошад. Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, пеш аз ҳама дуруст ташкил намудан ва ба роҳ мондани ҳамаи шаклҳои таълим, умуман низоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим чуноне, ки маълум аст, чунин сурат мегирад:

а) дарсҳои аудиторӣ

— лексия;

— дарси амалӣ (семинарӣ);

— корҳои лабораторӣ.

б) машғулиятҳои берун аз синфӣ

— мусоҳибаҳо (консултатсияҳо)- и фардӣ;

— кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор;

— ташкил ва гузаронидани конференсия ва амсоли инҳо.

в) фаъолияти устод аз болои сатҳи донишандўзии донишҷўён

— санҷиши иҷрои супоришҳои додашуда;

— гузаронидани аттестатсияҳои фосилавӣ;

— гузаронидани санҷишҳои тестӣ (дар шакли хаттӣ ё компютерӣ) аз фанҳои омўхташаванда;

— ҳимояи корҳои курсӣ ва лоиҳаҳо.

г) аттестатсияи ҷорӣ

— санҷиш ва ё имтиҳони ҷамъбастии тестӣ аз фанни таълимӣ.

д) аттестатсияи ҷамъбастӣ

— ҳимояи ҳисобот оид ба натиҷаи таҷрибаомўзӣ;

— ҳимояи рисолаи хатмкунӣ.

Шакли мўҳимтарини ташкили дарс дар раванди таълим хондани лексия аст.

ЛЕКСИЯ— аз калиами лотинии «loctio» гирифта шудааст, ки маънояш баёни шифоҳии пай дар пайи маводи таълимии ин ё он масъалаи мавзўи илмӣ мебошад.

Лексия намуди пешбар ва асосии раванди таълим буда, афзалияти асосии он дар додани маълумот ва маҷмўи донишҳо ба шогирдон, ташаккулёбии ҷаҳонбинии умумибашарӣ оид ба соҳаи мазкури илм, нишон додани роҳҳои тадбиқи донишҳои гирифтаи мутахассисони оянда мебошад.

Вобаста ба ин, лексия дар ташаккулёбии таваҷҷўҳ нисбати илм, такмилёбии тафаккури донишҷўён, васеъ намудани доираи дониши онҳо ҳангоми омўзиши фан нақши махсусеро дорад. Бояд таъкид намуд, ки аллакай аз мавзўи муқаддимавии фан сар карда, талаботҳои омўзиши фан ба эътибор гирифта мешавад. Дарси муқаддимавии фан на фақат характери иттилоотӣ дорад, балки боз омода ва ҳидояткунандаи донишҷўён ба омўзиши фан, кушодани проблемаҳо, алоқаи он бо дигар фанҳои ҳамҷавор ва ихтисоси ояндаи мутахассиси ҷавон аст.

Лексия ҳатман бояд бо соҳаи касбии мутахассиси оянда алоқаманд карда шавад. Масалан, дар муассисаи таҳсилоти олии характери иқтисодӣ дошта, муайян намудани сиёсати иқтисодии давлат, вазъи ҳозира ва дараҷаи тараққиёти иқтисодии мамлакат, содироту воридоти мол, яъне савдои хориҷии кишвар ва дигар масъалаҳои рўзмараи ҳалталаб кўшода шавад. Дар мавзўи муқаддимавӣ ва дигар мавзўҳои фанни иқтисодӣ дар мамлакати мо бе муайян кардани се масъалаи стратегии давлат донишҷўёнро ҳамчун мутахассис тайёр намудан ғайриимкон аст. Ин масъалаҳои пурра қонеъ намудани талаботи мамлакат бо озуқаворӣ, ҳалли масъалаи коммуникатсионӣ, таъмини аҳолӣ ва истеҳсолоти ҷамъиятӣ бо нерўи барқ.

Дар лексия ба донишҷўён мунтазам маҷмўи донишҳои илмӣ дода мешавад. Ҳар як лексия бо мазмуни мавзўҳои қаблӣ ва нав дар алоқамандӣ зич мебошад. Лексия маҳсули эҷодии ба шакли сухани зинда ифодаёфтаи омӯзгор мебошад, ки вобаста ба ҳайати толибилмон дар ҳар гурўҳ ва ихтисос бояд ба тарзи нав пешниҳод гардад.

Инчунин, лексия мактаби махсуси тафаккури илмӣ, ташаккули маҷмўи муайяни донишҳо, тайёр кардани толибилмон ба фаъолияти касбӣ мебошад.

Ба мақсад расонидани мазмуни мавзўи лексия ва азхудкунии маводи лексионӣ аз маҷмўи ҷаҳонбинӣ, маҳорат, донишмандии устод ва муносибати донишҷўён нисбати лексия мебошад. Чунин хусусиятҳо бояд ҳангоми иштирок ва таҳлили лексияи хондашуда ба инобат гирифта шаванд. Бинобар ин, мувофиқи мақсад будани лексияи хондашуда тибқи чунин нақша бояд сурат гирад:

— мавзўи лексия пеш аз ҳама бояд мувофиқи нақшаи таълимӣ бошад, ки вай дар асоси стандарти давлатии маълумоти олии касбӣ тартиб дода шудааст;

— ба эътибор гирифтани алоқамандии мазмуни назариявии лексия бо ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ;

— мавзўи ҳар як лексия бояд ҷавобгўи талабот ба соҳаи касбии мутахассиси оянда бошад;

— мазмун ва мундариҷаи лексия ҳатман бо дарси гузашта алоқаманд карда шавад. Зеро танҳо дар ин алоқамандӣ ва бо ҳам пайвастии мавзўҳо фанни омўхташаванда бо осонӣ дарк мегардад;

— саволҳои мавзўи лексия ҳатман аз ҷиҳати мантиқӣ бо ҳам зич алоқаманд карда шаванд, ки дар маҷмўъ онҳо доираи мавзўи омўхташавандаро муайян карда тавонанд, маънои пурраи мавзўро баён намоянд.

Дар ҳар як лексия доираи фикрронии илмии толибилмон ривоҷ дода мешаванд. Аз ин ҷост, ки мавзўи лексия бояд аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардида, маълумоти нав дода шавад. Бинобар ин, тайёр намудани мазмуни лексия бояд аз маълумотҳои китобҳои нави дарсӣ, монографияҳои илмӣ, факту далелҳои матбуоти даврагиро дар бар гирифта тавонад. Эътимоднок будани ақида, андеша ва далелҳои дар лексия овардашуда шарт аст.

Вобаста аз мазмуни мавзўъ, дараҷаи эмотсионалии баёни лексия бояд баланд бошад. Мавзўи лексияро омӯзгор бояд бо забони бурро, саҳеҳ, ҷозибанок ва пурра баён намуда, ба таъсирбахшии он аҳамият диҳад.

Маълум мешавад, ки дар хондани лексия маданияти нутқи омӯзгор низ мавқеи махсусе пайдо менамояд. Аз ин ҷост, ки дар хондани лексия маданияти нутқи омӯзгор ба мадди аввал мебарояд.

Дар адабиёти педагогӣ, методӣ ва рўҳшиносӣ шаклҳои гуногуни лексия фарқ карда мешавад. Вале, дар раванди таълим лексия барои донишомўзии донишҷӯ дар мадди аввал меистад.

Лексия яке аз шаклҳои асосии ташкили таълими дидактикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Бартарии лексия нисбат ба китоби дарсӣ ва дигар шаклҳои таълим аз он иборат аст, ки маводҳои он ба донишҷўён дар шакли шавқовар ва инкишофдиҳанда дастрас карда мешавад. Мавзўи лексияҳои фанни омўхташаванда комёбиҳои илм ва техникаи замонавии соҳаро дар бар мегирад.  Вай донишҷўёнро на танҳо ба ахбороти навтарин, балки дар шакли дастрас баён намудани дониш шинос менамояд.

Лексия донишҷўёнро ба низом дароварда, диққати онҳоро муттамарказ гардонида, онҳоро ба олами адабиёт оиди фанҳои гуногун шинос менамояд. Инчунин лексия роҳбалад, роҳнамо ва мушкилкўшои донишҷў мебошад.

Омӯзгор дар лексия бояд диққати шогирдонашро ҷалб карда тавонад. Зеро ҷиҳати хоси гўш кардани лексия ин вобаста ба диққати донишҷў мебошад. Диққат ин дарвозаест, ки ба воситаи он ҳама он чизе, ки ба дилу ҷони инсон ҷой мегирад, мефарояд. Вазифаи омӯзгор он аст, ки ҳамон дарвозаро кўшода тавонад. Ин ба маҳорати педагогии худи омӯзгор вобастагӣ дорад.

Дар давоми лексия шарҳи калимаҳо ва мафҳумҳои овардашударо донишҷўён ҳатман дар дафтари алоҳида бояд нависанд. Навиштани луғат ба мавзўи лексия вобаста аст. Набояд фаромўш кард, ки лексияро омӯзгор аз як ё якчанд адабиёт не, балки аз бештари адабиёти илмӣ ва иттилоотӣ тартиб медиҳад. Истифодаи асарҳои гуногун, дараҷаи баҳснокӣ ва шавқоварӣ лексияро баланд мебардорад.

Ҳамин тавр, дар раванди таълим, яъне дар давоми тадрис мавқеи асосиро лексия ва лектор ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки омӯзгор бояд ба хондани лексия ҳаматарафа омодагӣ бинад, зеро лексия аз лектор тайёрии ҳаматарафаро талаб менамояд.

Маълум аст, ки муваффақияти лексия пеш аз ҳама ба дараҷаи тайёрии ҳаматарафаи омӯзгор вобаста мебошад. Бинобар ин, ҳангоми таҳияи тартиби хондани лексия, муайян кардани нақши илмӣ ва дидактики лексия дар раванди таълим ва муносибати худи омӯзгор ҳамчун шакл ва методи таълим муайян карда шавад.

Мазмуну мундариҷа ва услуби хондани лексия бо усулҳои муассисаи таълимӣ асос ёфтааст. Ин ҷо ба мадди аввал чунин масъалаҳо ба миён меояд, ба монанди:

— ташкили раванди таълим ва услуби лексияхонӣ дар рўҳияи ватандўстӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ;

— ҳамоҳангии тарбияи ҳаматарафаи шахсият;

— асоси илмӣ доштани мавзўи лексия;

— дастрас будан ва мустаҳкам намудани азхудкунии донишҳои илмии фаннӣ;

— алоқамандии мазмуни назариявии лексия бо ҳаёти иқтисодиву сиёсии ҷамъият;

— фаъолнокии шогирдон дар иҷрои корҳои мустақилона;

— истифодаи самаранокии айёният дар ҷараёни лексия.

Муваффақияти лексия аз забони баёни он вобаста аст. Агар забони омӯзгор пурра, саҳеҳ ва ҷозибанок бошад, баёния бо тезӣ то ба донишҷў рафта расида дар майнаи он мустаҳкам сабт мегардад. Аз ин лиҳоз, нотиқ бояд ба забони баёни мавзўи лексия аҳамияти калон диҳад. Бинобар ин, талабот ба забони баён бояд пурра риоя гардад. Ибора, истилоҳ ва мафҳумҳо бояд муккамал маънидод карда шаванд. Фаҳмост, ки баҳзе калимаю мафҳумҳои якхела дар фанҳои гуногун маънои ҳархела доранд, ки онро ба эътибор гирифтан лозим аст. Имрўз дар мамлакатамон фарҳанги истилоҳотии бисёре нашр гардидааст, ки аз онҳо самаранок истифода бурдани омӯзгор зарур аст.

Дастрас намудани маълумоти қаблии фанни омўхташаванда аз манбаъҳои асосӣ, асарҳои илмӣ, кашфиётҳои навтарини илму техника мувофиқи мақсад аст. Ҳаматарафа ба лексия тайёрӣ дидани омӯзгор бо дараҷаи тайёр будани шогирдон ба дарсомўзӣ, ихтисоси онҳо ва ба инобат гирифтани талаботи бозори меҳнат ҳатмӣ мебошад. Ҳамчунин, ба бахшҳои алоҳида ҷудо намудан ва бо ҳам зич алоқаманд будани онҳо дар мавзўъ, яъне гузоштани саволҳои мантиқан бо ҳам пайваста, ба ҳисоб гирифтани сатҳи донишомўзии шунавандагон ва талаботҳои тайёр намудани мутахассисони оянда мувофиқи тақозои муассисаи таълимӣ мебошад.

Нақши лексияро дар ташкили дарсҳои амалӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷўён оид ба ҳамин мавзуъро низ фаромўш кардан лозим нест.

Хондани лексия характери тематикӣ ва проблемавӣ дошта метавонад. Таҷрибаҳои педагогӣ нишон медиҳанд, ки хондани лексия чӣ қадаре ки характери проблемавӣ дошта бошад, ҳамон қадар вай диққатҷалбкунанда ва шавқовар мешавад. Проблемаи гузошташуда дар худ мавқеи махсусро дар бар гирифта, мазмуни масъалаи назариявӣ ва амалиро ифода карда метавонад. Проблемаи суханронӣ дар лексия чунин хусусиятҳоро дорад: баҳснокӣ, ҳақиқатгароӣ, самарабахшӣ ва манфиатнокии ҷамъиятӣ.

Мавзўи проблемавӣ дониши ҳаматарафа ва мутолиаи адабиёти бисёреро талаб менамояд. Дар баҳсу мунозирае, ки дар лексияи проблемавӣ ба вуҷуд меояд, тарафҳои мусбат ва манфии ҳар як ақида равшан баён мегардад. ки шунаванда ба кадом тараф рў оварданро худаш ҳал менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаҳои мўҳимтарини илму фан ҳамеша баҳсталабанд. Бинобар он, дар лексия баробари ақидаю мулоҳизаҳои баён кардашуда, устод тавонад, ки нуқтаи назари худро равшан таъкид намояд.

Дар дарс муайян кардани мақсади лексия ва фаҳмидани мазмуни он мавқеи махсусе дорад. Мақсади дарсро вобаста ба хусусияти фан баён кардан хуб аст. Яъне ба эътибор гирифтани фанни гуманитарӣ ё ки дақиқ, ҷомеашиносӣ ё минтақавӣ, забоншиносӣ ё инжинерию лоиҳакашӣ лозим аст. Ҳар яки он, мақсад ва мавқеи ба худ хосе дорад ва нотиқ ҳатман инро бояд ба инобат гирад.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки симои асосӣ дар лексия худи лектор мебошад. Хусусиятҳои шахсии омӯзгор, махсусан донишмандии ў, тайёрии методологӣ, илмию навоварӣ, психологию педагогӣ ва методии омӯзгор нақши асосиро мебозад.

Технологияи суханронӣ, ки диққати шунавандаро бо тезӣ ба худ ҷалб карда метавонад, ҳанўз дар замонҳои қадим маълум шуда буд. Лексия пеш аз ҳама омили инсониро фаъол мегардонад, шахсияти инсонро такмил медиҳад, шунавандаро бо донистани масъалаҳои ҳаётиву ҷамъиятии аз моҳияти фанни омўхташаванда, ки бармеояд тарбия менамояд. Мўҳити донишомўзӣ ва қабул намудани иттилоотро ба вуҷуд меоварад. Умуман илми суханварӣ ё ки риторика бояд аз чунин қисаматҳо иборат бошад:

— тасвир ва ё равшан намудани мавзўъ;

— далелнок будани суханронӣ;

— мантиқан ҷо ба ҷо гузоштани саволҳои мавзўъ;

— далелнок будану тарзу услуби суханронӣ дар лексия.

Мувофиқи суханварии класикӣ нотиқ се воситаи таъсиррасонӣ ба аудиторияро дорад, ки онро метавонад мувофиқи мақсад истифода барад. Вай метавонад таваҷҷуҳи шунавандагонро бо одоб ва рафтори хеш ба худ ҷалб намояд. Бо факту далелҳои овардааш шунавандаро бовар кунонида тавонад. Ба эҳсосоти шунаванда таъсир расонад. Дар он маврид аудитория лекторро бо ҳавасмандӣ қабул карда метавонад. Дар ҳар як муассисаи таълимӣ омӯзгоронеро дидан мумкин аст, ки танҳо шунидани номи онҳо шунавандаро барои шунидани лексияи ў ҳавасманд мегардонад.

Далели дурусти баёни лексия дорои се ҷанбаи мўхимтарин мебошад:

— ҳақиқӣ будани далелҳо ҳамчун ҳодисоти воқеӣ;

— бо ҳам якҷоя будани исботи ақидаҳои гуногун;

— намуна будан бо шароитҳои мавҷуда.

Вале лексия омили ягонаи таълимомўзӣ намебошад. Зеро доираи дарсдиҳӣ васеъ ва дигар шаклҳои гуногунро низ дар бар мегирад.

Дарс дар ҷараёни таълим мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ба воситаи дарс омӯзгор имконият пайдо мекунад, ки ҳам ба ақл ва ҳам ба мафкураи донишҷў таъсир расонад. Қувваю қобилиятҳои ҷисмонию маънавии ўро инкишоф диҳад. Ба ў маҳорату малакаҳои мустақилона, донишомўзӣ ва мустақилона дониши истифодабариро омўзад ба инкишофи ҳаматарафа таҳкурсии мустаҳкам ва ҳалкунанда гузорад. Яъне, имконияти дарс хеле васеъ ва масъулияти дарсдиҳанда низ калон аст.

Дарс шакли ташкили таълимие мебошад, ки омӯзгор дар он зарфи вақти муайяншуда ва ҷои махсус ҷудокардашуда ба фаъолияти маърифатии коллективонаи гурӯҳи донишҷўён роҳбарӣ мекунад. Дар ин кор ҳусусиятҳои ҳар яки онҳоро ба ҳисоб мегирад. Шакл, восита ва методҳои кори шароити мусоид фароҳам овардаро истифода мебарад, ки ҳама донишҷўён асосҳои бевосита дар дарс омўхташавандаро аз худ кунанд ва қобилиятҳои маърифатии онҳо тарбияю инкишоф ёбад.

Талаботҳои дарси ҳозиразамон чунинанд, ки онҳоро талаботҳои дидактикӣ меноманд ва вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:

— вазифаҳои маълумотдиҳӣ;

— вазифаҳои инкишофдиҳӣ ва тарбиявӣ.

Шакли гузаронидани дарси ҳозиразамон системаи муайяни сохти худро дорад:

— Саршавии муайян (мавзўи аниқ);

— Гузориши мақсад ва вазифаҳои оиди мавзўи аниқ;

— Методикаи баёну фаҳмонидан ва ба қисмҳо ҷудо намудан;

— Хулосабарорӣ (мустаҳкамкунӣ) оиди мавзўи дарс.

Дар замони ҳозира дарс ба принсипҳои таълим такя намуда, ҳатман таъсири тарбиявию ватандўстӣ ва меҳнатгароӣ дошта бошад. Инчунин, азхудкунии мустаҳками маводи таълимӣ ва ташаккули маҳорату малакаҳоро таъмин намояд.

Мазмуни дарси ҳозиразамон:

— дар дарс маводҳои таълимӣ, ки онро омӯзгор омода намудааст, истифода бурда шаванд;

— ҳангоми тайёрӣ ва гузаронидани дарс қоидаҳои психологӣ- педагогӣ ва методӣ ба таълиму тарбия ба ҳисоб гирифта мешавад;

— омӯзгорро зарур аст, ки шароити аниқи муассисаи таълимӣ, таҷҳизот, воситаҳои техникии таълим (новобаста аз фан) ва шароитҳои иҷтимоию табиии хусусияти миллиро ба инобат гирад;

— истифодаи воситаҳои техникӣ, тахтаи электронӣ, слайдҳо, интернет, китобхонаи электронӣ, адабиёти иловагӣ нисбати дарс, мавзўъ ва фанро васеъ истифода бурдани омӯзгор;

— барои ҳалли масъалаҳои дарс бедор кардани шавқу завқи омўзиши мавзўи нав, пайдоиши талабот ба фаъолияти маърифатӣ, на баёни анъанавӣ тахтшудамонда, балки шавқовару рангоранг зарур аст;

— диққати донишҷўёнро бо усулу роҳҳои ҳангоми омўзиши маводи нав истифодагардида ҷалб намояд;

— худи усулу роҳҳои иҷрои корро объект ва предмети омўзиш муайян менамояд;

— мазмуни роҳу усули кориро дар дарс шарҳ медиҳад;

— донишомўзандагон ба низом ва мантиқи кори иҷрошаванда сарфаҳм  рафта тавонанд;

— аз донишҷўён иҷрои вазифаҳои супоридашуда талаб карда шавад;

Дарс ҳамон вақт натиҷа медиҳад, ки омӯзгор ба инкишофи эмотсионалӣ иродавии донишҷўён саҳми муайян гузорад. Роҳу равиши пешравии ҳар як донишҷўро муайян карда тавонад. Дарс ин вобаста ба маҳорату малакаи омӯзгор аст. Ў чӣ гуна дониш, санъати фаҳмондадиҳӣ маҳорати диққати донишҷўёнро ба худ ҷалбкунӣ дорад.

Дар замони муосир истифодаи воситаҳои техникии таълим яке аз омилҳои муҳимтарини муккамал намудани мавзуҳои фаннӣ ва васеъ намудани доираи донишомўзии донишҷўён мебошад. Бинобар ин, дар дарс ва пеш аз ҳама дар лексияи омӯзгор ба вуҷуд овардан, ташкил намудан ва ҳаматарафа истифода бурдани воситаҳои техникии таълим аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Набиев Ҳ.И.

сардори раёсати таълими «Донишкадаи давлатии

фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»