Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша аз нақши ӯ мегӯянду ба бузургияш арҷ мегузоранд…
Эмомалӣ Раҳмон
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ
Воқеан, дар масъалаи хирадгароиву маърифатгустарӣ ва баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа нақши омўзгор бузургу мондагор мебошад. Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Дар ҳама давру замон ҷомеаи ҷаҳониро бе омӯзгор тассавур кардан душвор аст. Зеро маҳз омӯзгор таълим медиҳад ва бо роҳи рости зиндагӣ инсонро раҳнамун менамояд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки муаллим мисли шамъ аст худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад.
Дарвокеъ, касби омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, омӯзгор бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста аст.
Мутфаккири бузург Д. И. Менделеев мегӯяд: «Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад». Воқеан ҳам омӯзгор равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ аст. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол, маҳз самараи меҳнати устодон-омӯзгорон мебошад. Омӯзгор вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзонад, ки чандон кори осон нест. Педагоги бузург Ян Амос Каменский, ки тамоми умри хешро бар омӯзиши тарбияи инсонӣ бахшидааст доир ба касбияти омӯзгор чунин мегуяд: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмати фидокоронаи омӯзгорони олиқадр вобаста аст. Омӯзгор дар рушду нумӯ ва иқтидору устувории кишвар нақши бузург дорад. Маҳз ба ин хотир пешаи омӯзгориро таъмингари шуои илму маърифати ҷомеа ном мебаранд.
Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар масъалаи таълиму тарбия андешаҳои хубе баён карда, дар ҷилди дуюми осори мунтахаб доир ба манзалати омӯзгор чунин мегуяд : «Устод, бояд бидонад, кӣ наметавонад ба ҳар шогирд ҳар санъатеро таъмин кунад, балки дар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омӯхтан ва фаро гирифтани саноати махсусро доранд. Бояд ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт, вагарна таълиму тарбия натиҷаи номатлуб медиҳад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба сари қудрат омадан ба вазъи таълиму тарбия, вазъи маориф, диққати махсус зоҳир намуда, доир ба касбият ва фаолияти омӯзгор чунин зикр мекунанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат, масъул аст.
Хулоса, дуруст зикр намудаанд, ки «Муаллим, то даме, ки зинда аст, мехонад. Ҳамин ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад». На ҳар кас омӯзгор шуда метавонад. Он шахсоне, ки қалби пур аз меҳр, дорои сабру таҳаммул буда, ба касбашон то охир содиқ мемонанд, омӯзгорон мебошанд.
Холибоева Нарзиой
Омузгори калони кафедраи бойгонишиносии
факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ.