Осори Мавлоно гувоҳи равшани он аст, ки ӯ оид ба масъалаҳои гуногун ибрози ақида карда, ҳатман сари мавзуи инсон меояд. Беҳуда нест, ки баъзе муҳаққиқон ҳатто илоҳиёти мутафаккирро инсонишиносӣ ҳисобидаанд. Ҳамаи ин аз башархоҳӣ, инсондӯстӣ ва гуманизме дарак медиҳад, ки хоси тамоми қисматҳои таълимоти Мавлоно буда, то кунун қимати беандоза бузург дорад». (Эмомалӣ Раҳмон)
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таърихи илму фарҳанги тоҷик аз суханварони номоварест, ки бо эҷоди асарҳои пурарзиш ва фарогири андешаҳои ахлоқию фалсафӣ ва Ирфониаш ба мактаби бузурги маърифату таҷрибаи инсонӣ табдил ёфтааст. Дар эҷодиёти Мавлоно нақши инсони комил яке аз муҳимтарин андешаҳои ӯ ба ҳисоб рафта, хусусан дар таърихи илму адаби тоҷик муҳимтарин донишномаи инсонӣ ва таъсиргузортарин каломи ахлоқӣ «Маснавии маънавӣ»-и ӯст, ки афкори рангини Мавлоноро ба шарҳи тамоми мавзуҳои муҳим ба рӯзгори башарият фаро мегирад.
Мо Орифони бузург зиёд дорем, лекин Мавлоно адабиёти бузурге халқ кардааст. Адабиёте, ки огоҳиҳову доноиҳои Мавлоно дар он баён мешавад. «Маснавии маънавӣ» таълимотест, ки ба як мактаби хеле бузург қариб дар тамоми мамоликҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Дигар аз ашъори Мавлоно ғазалиёт ва рубоёти ӯст. Дар он нафси маърифатро мебинед, ровии маърифат нест, рафтори маърифатро анҷом медиҳад. Ирфоне, ки дар «Маснавӣ» аз он суҳбат карда буд, дар ин ҷо иҷрояш мекунад, оташи шуълаварест, ки шумо нохудогоҳатонро дар баробари он фаъол мекунед. Шур дар он аст, ҷаззобият доранд суханҳои Мавлоно, бо як шуру шавқе гуфта шудаанд, ки инсони гумгаштаро аз вартаи саргардонӣ мераҳонад. Яъне дар ғазалиёти Мавлоно дунболи маънӣ намегардед, дунболи шур мегардед, дунболи ҳис мегардед, ки яке якбора ранҷурро ба ҳаяҷону хушҳолӣ меоварад. «Дигарбора бишуредам» худаш мегӯяд «…шур маро фаро гирифтааст» ва одамеро тарбият мекунад, ки аз худ бе худ мешавад. Шеъре, ки дар ин ғазалҳост, ҳолу ҳавое, ки дар ин ғазалҳост, беназиранд, яъне мо на маънигароии амиқи ғазалҳои дигар шоиронеро мебинем. Мо бо як ҷони шефта, орифи шуълавар дар ғазалҳои Мавлоно сару кор дорем ва бо он қофияҳову тарзи нигоришаш моро шуълавару беқарор мекунад. Бояд илмамонро, дарёфтамонро, иртиботамонро бо одамиён ва тасаввурамонро аз ҷиҳати шахсияти инсонӣ рушд бидиҳем.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ашъораш се роҳи маърифатро дар миён гузоштааст, яъне ҳис, ақл ва ишқ, ки тавонист чунин як таълимотеро ба вуҷуд орад ва дар ҳама давру замон ҷавҳари асосии он низ метавонад ба тамоми инсоният хизмат кунад. Яъне ин дар масъалаи инсони воқеӣ аст, ки ақлгароӣ дар фаҳмиши маърифати олам аст ва ишқгароӣ, ки дар фаҳмиши моҳиятҳои ҷомеаи инсон аст, ки инсон кӯшиш дорад ба таври ҳафсӣ, ва ба таври завқӣ ба моҳияти онҳо низ бирасад.
Бедодгариҳои мардум, ваҳшиёна ба зиндагии одамӣ ҳамла намудани инсонҳоро, ки ба даррандаву дев монанд кардааст, дар ғазали машҳураш хуб акс ёфтааст. Имрӯз ҳам дар асри XXI ваҳшигарии баъзе аз давлатҳоро мо мебинем, ки ҷаҳонро ба даҳшат оврдааст, кӯдакон ваҳшиёна ҷазои рӯҳиву ҷисмӣ дидаистодаанд, ингуна мардумро ҳаргиз ба инсон ном бурдан ғайри имкон аст. Мавлоно ҳанӯз дар асри худ аз девсифатон ба дод омада буд ва инсони воқеиро меҷӯст:
«Ди шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К- аз деву дад малуламу инсонам орзуст»
Одамӣ вақте фарҳанги ҳастии худро гум мекунад, дар нигоҳи ӯ хирад ҳам нопадид мегардад, дигаронро бозичаи даст мешуморад, аз ин рӯ Мавлоно шикоятомезона инро гуфтааст.
Инсон, ки дар андешаи Мавлоно ҷойгоҳи олӣ дорад, равиши хоси ӯ дар дарк ва муаррифии инсон ба инсонҳо таҷассум ёфта, пеш аз ҳама ишора ба он аст, ки инсон хӯдро биомӯзад ва дар сурати аз худ кардани донишҳо касби маърифат ва дарки тамоми оламро донад.
Таълимоти Мавлоно таълимоти инсонмеҳварӣ аст, зеро ки дар кадом чизе ки сухан нагӯяд, хоҳу нохоҳ ҳатман ба инсон муроҷиат мекунад ва ҳатман сӯйи инсон меояд. Ҳатто дар бораи маърифати мутлақ сухан гуфта, ӯ барои маърифат кардани ҳастии мутлақ ба ояндагон тарғибу ташвиқ мекунад, ки худро биомӯзанд. Яъне дар маркази эҷодиёти Мавлоно инсони воқеӣ қарор дорад, бо тамоми тафаккуру андеша, бо тамоми дардҳояш, таасуроташ ва тамоми ҳастиаш, ки омӯзиши ботини инсон ва фаҳмиши тамоми олам рӯ меорад.
Ҳатто болоравии ҳирсро дар вуҷуди одам аз ақл бегона медонад, гӯё инсон ҳамеша побанди нохушӣ аст, дилаш ҳеҷ ором нест, чашми танги дунёдорри инсон ҳамеша ҷони ӯро дар ҳолати ногувор нигоҳ медорад:
«Банд бигсил, бош озод, эй писар,
Чанд бошӣ банди симу банди зар?
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад? Қисмати якрӯзае.
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Ҳаркиро ҷома зи ишқе чок шуд,
Ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.
Шод бош, эй ишқи хушсавдои мо!
Эй табиби ҷумла иллатҳои мо!»
Инсони ҳарис аз нигоҳи Мавлоно чашмгурусна аст, ҳамеша ташвиши дунёдӯстдориаш дар авҷ аст, ки рӯҳашро ноором мекунад, ҳисси тамаъҷӯйияш було рафта, тангдилу хастагӣ ӯро фаро мегирад. Шахс агар дар зиндагӣ аз будани худу аз имкониятҳои ба ӯ расида қаноатманд набошад, ҳамеша табъи ӯ дар зоҳир низ хира менамояд. Бояд ба қавли Мавлоно озод бошӣ, то хушҳол бошӣ. Ӯ ба маънои маҷозӣ аз садаф маънӣ меҷӯяд, ки қонеъманд аст, аз ҳамин сабаб медурахшад. Андешаҳои инсонпарваронаи Мавлоно дар тамоми ашъораш ба маъноҳои гуногун зиёд дарҷ гаштаанд. Аз ҳамин сабаб нобиғаи давр гашт, ки олимони дигар халқиятҳо Мавлоноро ҳамчун як орифи бузург, инсоншиноси варзида медонанд.
Мавлоно намуди озодии андеша, хаёл ва қудрати халоқият аст. Сурудаҳои ирфонии Мавлоно ин шоистагиро дорад, ки ҷойи холӣ, маънавият ва ахлоқро дар Ғарб пур кунад: «Имрӯза Мавлоно дар ҷаҳон бо унвони бунёдгузори фалсафаи ҳастӣ ва зиндагӣ шинохта мешавад (Каламан Беркс нависандаи Амрикоӣ)»
Ғояҳои баланди маънавӣ ва андешаҳои фарогири Мавлоно таъсири бузурге ба олами кишварҳои гуногун махсусан ба Ғарб гузоштааст. Рушди бесобиқаи илмҳои замони имрӯз ва шуҳрати бештари олимону равшанфикрони ҷаҳониро метавон бо равиши хоси ӯ ва афкори рангинаш марбут донист.
Аслан Мавлоно барои хонандагони имрӯз маҳз бо инсондӯстии худ пазируфта гаштааст, ки ба унвони як донишманди ваҳдатгаро, новобаста аз дину нажод дар миёни башарият фарқе нагузоштааст ва ҳамагиро баробар ва пайванд ба зоти Ҳақ донист. Яъне инсонро дар ягонагиву якдилӣ арзёбӣ намуд, ки чунин гуманизми Мавлоно ӯро вориди фарҳанги ҷаҳонӣ кард. Чунончӣ худ мегӯяд:
«Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,
Кофиру муъмин ҳама халқи Худост.
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост»
Ӯ ҳамеша аз инсони комил тарафдорӣ мекунад ва худшиносиро ягона муҳимтарин масъалаҳое мешуморад, ки аз қадамҳои нахустин ба сӯйи инсон мебошад. Андешаи Аввалиндараҷа ин бояд тафаккурсозии миллӣ бошад, бе тафаккурсозии миллӣ ҳеҷ имкон надорад, ки худшиносии миллӣ ба вуҷу ояд, Ҳамчунонки Мавлавлоно мегӯяд:
«Ҳаркасеро бозсозӣ боядо,
Гар насозӣ худшиносӣ ноядо».
Яъне масъалаи асосие, ки дар илм гузошта мешавад, ин худшиносӣ аст. Яъне инсон чист? Инсон кист? Аз куҷо омадаву куҷо меравад ва дар зиндагӣ бояд кадом роҳро бештар интихоб кунад. Масалан, бинед, ғазалиёти Мавлоно хусусиятҳои ирфонӣ, ки доранд ба инсон роҳи дурустро мефаҳмонад, ки чаро ҳамеша ҷоеро интихоб мекунӣ, ки аслан макони ту нест, роҳеро пайгирӣ мекунӣ, ки аслан роҳи ту нест, кореро анҷом медиҳӣ, ки дархури ба нафъи кори ту нест, эй инсон. Албатта инсон худхоҳро дар назар аст, таккабур аст, имкони ислоҳ шудан дораду ҳамеша кори ғалатро анҷом медиҳад, гумроҳ асту боз ба хости дили худаш рафтор мекунад:
«Эй ёр ғалат кардӣ, бо ёри дигар рафтӣ,
Аз кори худ афтода, дар кори дигар рафтӣ.
Сад бор бубахшудам бар ту ба ту биннудам,
Эй хеш писандида ҳинбори дигар рафтӣ.
Сад бор фусун кардам, хор аз ту бурун кардам,
Гулзор надонистӣ дар хори дигар рафтӣ.
Гуфтам, ки туӣ моҳӣ, бо мор чӣ ҳамроҳӣ,
Эй ҳол ғалат карда, бо мори дигар рафтӣ.
Монанди макуки каҷ к-ан дар кафи ҷулоҳа,
Сад тор буридӣ ту, да тори дигар рафтӣ.
Гуфтам, ки туро ёро дар ғор намебинам,
Он ёр дар он ғор аст, ту ғори дигар рафтӣ.
Чун кам нашавад сангат, чун бад нашавад рангат,
Бозори маро дидӣ, бозори дигар рафтӣ».
Ин ҳам аз он ғазалҳои пуртанину оҳангин ва ҷаззобе аст, ки инсонро тарбияти маънавӣ медиҳад. Маҳз ҳамин андешаҳои инсонпарваронаи ӯ боис гардид то аз маҳбубтарин андешаманд дар саросари дунё пазируфта шавад ва ҳамчун пайвандгари тамаддунҳо маъруфияти беандоза ёбад. Имрӯз дар тамоми манотиқи олам дар кишварҳое, ки ҳазорон донишмандону файласуфон доранд, шахсияти Мавлоно ба унвони як инсони ормонӣ, донишманди намуна ёд мешавад.
Наимова Фарзона