Рӯзҳои 17-19-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Форуми байналмилалии «Kazan Digital Week – 2025» баргузор гардид. Дар форуми мазкур муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии донишкада номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ ширкат ва суханронӣ кард.

Аминӣ Алишер дар бахши «Технологияҳои рақамӣ дар фарҳанг»  («Цифровые технологии в культуре») дар мавзуи «Рақамикунонӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  («Цифровизация в системе образования Таджикистана») суханронӣ намуд.

Дар доираи мавзуи меҳварии форум ширкаткунанагон ҳамчунин перомуни таъсири зеҳни сунъӣ дар фарҳангу ҳунар ва фаъолиятҳои эҷодӣ, рушд ва ҳифзи моликияти маънавӣ дар фарҳанг, пайдосозии роҳҳалҳои рақамӣ дар фаъолиятҳои осорхона, таъсири воқеиятҳои маҷозӣ дар санъати тарроҳӣ ва равшиҳои мутаҳаввил кардани сохти филм бо истифода аз зеҳни сунъӣ баҳс оростанд.

Холов Меҳриддин – н.и.ф., сардори раёсати робитаҳои байналмилалии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”