Омӯзгорони арҷманд, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр!

   Шуморо ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

   Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушояд.

    Барои ноил гаштан ба чунин рӯзҳои пурсаодат фарзандони фарзонаи миллат таҳти роҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонфидоӣ карда, асоси рушди тамоми соҳаҳоро поягузорӣ намуда, миллати фарҳангпарвари моро ба сарфарозӣ расониданд.  Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба маориф ва фарҳанг такя мекарданд ва имрӯз низ таваҷҷуҳ ба маориф ва фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад.

   Дар партави ғамхориҳои Пешвои миллат мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро тарбияи дуруст диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем, ба фарзандони худ барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароити беҳтарин муҳайё созем ва ҳамеша дар фикри он бошем, ки фарзандони мо дар зиндагии ояндаи хеш азият накашанд.

   Ба таъбири Роҳбари давлат Тоҷикистон Ватани маҳбуби мо, ҳастии мо ва обрӯю эътибори мост. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мову шумост, ки ба хотири пешрафту ободии диёри баҳиштосои худ, хусусан, дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

   Мо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба ормонҳои чандинасраи худ расидем ва вазифадор ҳастем, ки баҳри устувории Истиқлоли давлатии кишварамон ва пояндагии Ваҳдати миллӣ рисолати ватандории худро содиқона ба ҷо орем.

   Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам, комгору саодатманд бошед.