Дар вуҷуди ҳар фарди боимону боҳувияти тоҷик ду вожа бо нури вижа месуранд: Ваҳдат ва Ватан. Ваҳдат — пайвандгари дили парешон, номусест, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. Ватан — хоки муқаддасе, ки сарнавишти мо дар сафҳаҳои ӯст, обурӯи мо аз ӯст.
Тоҷикистони мо на як бору ду бор, балки борҳо имтиҳонҳои сахти таърихро аз сар гузаронд. Аммо дар асри бисту якум, талхиҳои ҷанги шаҳрвандӣ миллати моро ба канори варта бурд. Танҳо хиради сиёсӣ ва сидқу муҳаббати фарзандони Ватан бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллатро муттаҳид ва кишварро аз гирдоби нобудӣ раҳо кунад.
Ваҳдат — асли ҳастии мост. Ваҳдат ин аст, ки дар зери як парчам, бо як ормон ва як дил тапем. Ин аст, ки тоҷик, узбек, рус, қирғиз, яғнобиву помирӣ, кӯлобию хуҷандӣ, дар кӯчаи ягонагӣ роҳраванду аз чашмаи як муҳаббат об бинӯшанд. Ваҳдат на як калима, балки тарзи зиндагии мо аст.
Ватан бошад — сарзамини муқаддасест, ки ҳар гом бар рӯи хоки ӯ гуноҳи нописанду беэҳтиромӣ аст, агар бо дили ноогоҳ ва бе меҳр гузошта шавад. Ватан мисли модар аст — вақте аз ӯ канор меравӣ, решаи вуҷудат хушк мешавад.
Имрӯз ҷавонон, омӯзгорон, аҳли ҳунар ва ҳар як шахси бедор бояд ба ин ду неъмати бузург — Ваҳдат ва Ватан, хидматгузор бошанд. Фақат бо илм, ахлоқи нек, созандагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонем шукронаи он рӯзҳоро кунем.
Муассисаи давлатии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҳамчун маъвои маърифат ва фарҳанг, бо ифтихор аз дастовардҳои даврони истиқлол ва ваҳдати миллӣ, ҳамеша мекӯшад, ки дар қалби ҷавонон шуълаи муҳаббати Ватан ва эҳтироми ваҳдатро равшан нигоҳ дорад. Пас, ҳамеша ба ёд дорем:
Ваҳдат — номуси миллат аст! Ватан — муқаддасоти ҷовидонаи мост! Мо фарзандони ин хокем ва масъулем, ки онро аз насл ба насл бо ифтихор бигузаронем! Тоҷикистон ба пеш — ин овои муҳаббат, садои ваҳдат ва қадами устувори як миллат ба сӯи фардои равшан аст!
Умарова Муқаддас — омӯзгори
калони кафедраи журналистикаи
телевизион ва радиошунавонӣ