Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз халқи тоҷик тавонист, ки ба низоъҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшад ва ба марҳилаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ устуворона қадам гузорад.
Бо ёдоварӣ аз Рӯзи ваҳдати миллӣ ба таърих ва сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохтҳои он қайд кардан бамаврид аст, чунки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат мебошанд бояд аз ин рӯзи бузургу тақдирсоз ифтихор намоянд, сабақ гиранд ва аз мероси пурғановати маънавӣ ва фарҳанги волои ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати нодир-иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осудагии мардуми тоҷикро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ваҳдати миллӣ яке аз ғояҳои миллии кишвари мо мебошад ва бо татбиқи ҳарчи бештари ин афкори бузург ва созанда пояҳои давлатдории мо мустаҳкамтар ва камолоти маънавии мардум боло меравад.
Ба шарофати талошҳои пайвастаю пайгиронаи Сарвари ғамхори кишварамон пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ғояҳои ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурри Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохилӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои дурахшони мардуми мо заминаҳои мустаҳкам эҷод намуд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид фароҳам созад.
Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳои гуногун ва омилҳо, унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд.
Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагӣ таҳдид намудааст, вале дар тӯли беш аз ҳазор сол тавонист худро аз нестшавӣ наҷот диҳад, то ба истиклолияти миллию давлатии худ бирасад.
Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта таҳти таъсири кувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона намуданд.
Тавре ки ҳамаамон дар ёд дорем, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашҳои мусаллаҳона кашиданд.
Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалач кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро доштанд ва оқибат онро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.
Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилотҳоро паси сар мекунад. Дар кишварҳои ҳам Ғарб ва Шарқ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухурдҳою низоҳои ба хунрезиҳо оварда расонида кам набуданд.
Ҷанги шаҳрвандие, ки шурӯъ гардид, натиҷаи тараққиёти гуногуни иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддикоммунистӣ аз тарафи дигар буданд.
Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин даъфа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.
Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халки мо хисороти бузургеро расонида, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Президенти кишвар, Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам».
Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ доданд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ дилгарм сохт. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.
Ҳаёт нишон дод, ки ин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи он ва бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид.
Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро ба воя расонем, ки дар оянда онро ҳифз намоянд.
Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳои ҷомеа, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Бояд таъкид намуд, ки дар зери мафҳуми «миллат» набояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида шавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ сабаби ҳастии миллат ба шумор меравад.
Ба таври умум метавон зикр намуд, ки заиф будани ваҳдати миллӣ дар ин мамлакатҳо ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо дахолат намуда ва бад ин васила боиси бетартибию бенизомӣ дар он минтақа гарданд. Бинобар ин, эҷод сохтани чунин шароитро аз тарафи абарқудратҳо дар дигар минтақаи олам набояд истисно намуд. Ба омили хориҷӣ инчунин муносибати на он қадар дӯстонаи баъзе мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе шарикони стратегиро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳар гуна монеаҳои сунъӣ эҷод месозанд, метавон дохил намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофи роҳбарияти Ҳукумати ҷумхурӣ муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати миллӣ хоҳад буд.
Омили дигаре, ки метавон ба ин гурӯх дохил намуд, ин такдири талхи мардуми авғон ва то имрӯз кашол ёфтани кашмакашу низоъ дар ин кишвар мебошад. Шахсе, ки худро соҳибақлу соҳибфазл меҳисобад, аз ин ҳодисахо сабақ бардошта, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ саъю кӯшиш менамояд.
Ба омили дохилӣ бошад, аввалан, худи чанги шаҳрвандии кишварро метавон номбар намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешаванд. Сониян, хурд будани ҷумҳурӣ ва камшумор будани аҳолии он низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки Ваҳдати миллиро махсус муҳим мегардонанд. Яъне хурд будани ҳудуди кишвар ва камшумор будани аҳолии он худ моҳиятан Ваҳдати миллиро тақозо менамоянд. Ба ҷумлаи омилҳои дохилӣ, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур ва фарҳанги сиёсии ахолӣ низ дохил шуда метавонад. Бояд қайд кард, ки омили мазкурро ба ҷумлаи омилҳои ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст. Зеро масъалае, чун дарки зарурати Ваҳдати миллӣ, аз Ваҳдати миллӣ вобаста будани такдир ва ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд.
Баъзан саволе пайдо мешавад, ки чӣ меъёр ё арзиши олие вуҷуд дорад, ки ба хотири он байни қавму миллатҳои гуногуни кишвар Ваҳдат вуҷуд дошта бошад. Дар чунин ҳол на дин ва на миллат чунин вазифаро адо карда наметавонанд. Чунки дар кишвар ғайр аз пайравони дини ислом боз пайравони дигар динҳо низ зиндагӣ мекунанд. Инчунин, боз як идда шахсиятҳое низ ҳастанд, ки дар зиндагии хеш бо дин хеҷ як иртиботе доштан намехоҳанд. Инҷо мафҳуми «миллат» тамоми сокинони мансуби миллатҳои гуногунро, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба сар мебаранд, дарбар мегирад. Аз ин рӯ, арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу осудаи сокинони кишвар аст. Арзиши олӣ барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ инчунин дӯстию рафоқати байни миллатҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ ба ҳисоб меравад.
Дар муддати бисту 28 сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонда ва боровар гардидааст. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иктисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳи соҳаҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Имрӯз Точикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол то сол қавитар мегарданд.
Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд.
Бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Рамхудоева Б.О. мудири кафедраи
фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносии
МДТ ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода